
Санаи 24 - уми августи соли 2022 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарашон ба вилояти Суғд ( санаи 9 -12 августи соли равон), ҷиҳати пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулпазирӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон мулоқоти гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Спитамен баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур Ширинбеков Садриддин - мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Мирзозода Азизулло Файз - мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходимони дин, занону ҷавонон, кормандони соҳаи тиб ва фарҳанг, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолон иштирок намуданд.
Сараввал Ширинбекзода Садриддин ба сухан баромада оид ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи кишвар, ҳизфи марзу буми ватан, таъмини рушди илму маъориф ва саҳми ҲХДТ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ намуд.
Сипас, намояндаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ оид ба масъалаҳои доғи рӯз аз ҷумла, сабабҳои гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва созмонҳои террористию экстримистӣ ибрози андеша намуда, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавононро ба таври мухтасар чунин баён дошт:
1.Ташвиқу тарғиби адабиётҳое, ки мазмуну муҳтавояшон ба равнақи худшиносии миллӣ ва тақвияти эҳсоси ватандӯстонаи наврасону ҷавонон нигаронида шудааст, айни муддаост.
2.Ба роҳ мондани таблиғоти дуруст на танҳо аз ҷониби мақомоти сиёсиву давлатӣ, балки тавассути аҳли зиё, афроди муътабар, олимону донишмандон, бахусус аҳли уламо, дар мубориза бо падидаи мазкур ба манфиати кор хоҳад буд.
3.Бузургдошти шахсиятҳои алоҳида, олимону мутафаккирон ва адибону нухбагони миллат, ки ҳамасола бо ибтикор ва иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, намунаи осорашон нашр карда мешавад, низ аз ҳамин иборат аст.
Дар баробари ин, ба бахши сиёсати иҷтимоии ҷавонон, аз қабили таъмини шуғл ва ҳифзи иҷтимоии онҳо, ҳалли мушкилоти манзил барои оилаҳои ҷавон, танзими раванди муҳоҷират ва ғайра таваҷҷуҳи махсус бояд зоҳир шавад, зеро имрӯз байни ҷавонон теъдоди эҳтиёҷмандону бекорон зиёд гашта истодааст. Бинобар ин, дар доираи имконоти Буҷети давлатӣ фишангҳои амалӣ гардидани барномаҳои қабулгаштаи давлатиро, ба монанди «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон» дар маҳалҳо бояд истифода намуд.
Оид ба сабабҳои воқеии гароиши иддае аз ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ гузаронидани омӯзиш ва тадқиқотҳои сотсиологӣ бо ҷалби коршиносон тақозои замон аст. Натиҷаҳои он барои тарҳрезии барнома ва нақшаҳои ҷиддӣ ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои пайдоиши ифротгароӣ мусоидат хоҳад намуд.
Дар навбати худ Мирзозода Азизулло Файз - мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро оид ба пайомадҳои манфии сиёсисозии дин ва хатарҳои он барои ҷомеаи имруза, инчунин дар бораи нигоҳ доштани сулҳу субот, пос доштани арзишҳои фарҳангию маънавӣ ва зиёд намудани корҳои иттилотию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, инчунин ҳидоят намудани ҷавонону наврасон ба риояи қонунҳои миллӣ ( қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд) ибрози ақида намуд.
Дар охир сархатиби ноҳияи Спитамен Исмоилов Баҳодур, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" Абдуллоева Машҳура фикру мулоҳизаҳои хешро дар бораи мулоқоти имрӯза баён дошта, миннатдории худро ба роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.
Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир