Вохӯрии гурӯҳи корӣ бо фаъолони н. Тоҷикобод

Санаи (23.08.2023) дар асоси Нақшаи кории Марказ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод вохӯрии гурӯҳи кории Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ходимони дин, раисони маҳалла, ҷаворон, собиқадорони меҳнат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фаъолони ҷамъиятӣ, мудирони маориф, танзими анъана ва ҷашну маросим, бахши кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонони МИҲД - и ноҳия баргузор гардид.

Дар мулоқот директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим, муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод , сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ - Абдуллоҳи Қодирӣ ва мушовири директори Марказ Мирзозода Азизулло Файз иштирок намуданд.

Нахуст, муовини раиси ноҳияи Тоҷикбод... ташрифи меҳмононро хайра мақдам гуфта, дар бораи хатару таҳдидҳои эктремизму терроризм ибрози андеша намуд.

Сипас, сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ дар мавзуи: ”ХАТАРИ ИФРОТГАРОӢ БАРОИ ҶОМЕА, ОМИЛҲОИ ТАМОЮЛИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ ВА РОҲУ УСУЛҲОИ НАВИ МУБОРИЗА БО ГУРӮҲҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ТЕРРОРИСТӢ БО ИСТИФОДА АЗ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ "ЮТУБ", "ТЕЛЕГРАМ", "В КОНТАКТЕ", "ВАТСАП", "ИНСТАГРАММ", "ОДНОКЛАССНИКИ" "ФЕЙСБУК", "ТИК ТОК", "ТВИТТЕР" "ИМО", ВА ХУДКУШӢ АЗ ДИДГОҲИ ИСЛОМ” суханронӣ намуд.

У ИБРОЗ ДОШТ, КИ ГУРӮҲҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ТЕРРОРИСТӢ СОЛ БА СОЛ БАРОИ АМАЛӢ НАМУДАНИ АҲДОФИ НОПОКИ ХУД ВА МАҒЗШӮЙИИ ҶАВОНОН РОҲУ УСУЛҲОИ НАВ БА НАВРО БО ИСТИФОДА АЗ ШАБАКАҲО ВА МЕСЕНҶЕРҲОИ ИҶТИМОӢ БА МОНАНДИ "ЮТУБ", "ТЕЛЕГРАМ", "В КОНТАКТЕ", "ВАТСАП", "ИНСТАГРАММ", "ОДНОКЛАССНИКИ" "ФЕЙСБУК", "ТИК ТОК", "ТВИТТЕР" "ИМО" ВА ҒАЙРАҲО МЕҶӮЯНД.

Дар идомаи вохӯрӣ мушовири директори Маркази исломшиносӣ Мирзозода Азизулло дар бораи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» андешаҳои хешро баён намуд.

Мавсуф дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” фикру мулоҳизаҳои хешро чунин иброз дошт: Беҳуда нагуфтаанд, ки “Фарзанд азиз, одабаш аз он азизтар”. Маҳз дар натиҷаи ба воя расонидани фарзандони солимақл ва бедордил маънии зиндагии мо аён мегардад. Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модарон мебояд назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои фарзандон ҷиддӣ ба роҳ монанд. Чунки ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондан кӯдак метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад ва то ҳатто ояндаи худро зери хатар гузорад.

Аз ин сабаб, барои тарбияи дурусти онҳо муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст.

Дар интиҳои вохӯрӣ директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим аз меҳмоннавозии мардуми ноҳияи Тоҷикобод ва дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос ва миннатдорӣ намуданд.

Мавсуф иброз доштанд, ки мардуми ватандӯсту заҳматқарини ноҳияи Тоҷикобод бо шукргузорӣ аз неъмати озодиву соҳибихтиёрӣ ва сулҳу оромӣ дар ҷодаи ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли худ содиқона кору фаъолият карда истодаанд.

Муҳтарам Холиқзода Абдураҳим дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаҳояро чунин иброз дошт: “Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун”. Муҳаммад Ғаззолӣ

Бояд қайд намуд, ки ояндаи миллат вобаста ба таълими фарзанд аст, аз ин хотир волидони имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки баҳри рӯҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси меҳантдӯстиву худшиносии миллӣ асос гузорад. Дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бетараф набуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчубаи он амал намоянд, зеро ин Қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гаштааст.

Эҳсоси масъулияти баланди падарию модарӣ ва тарбияи фарзандони бомаърифат ба ташаккул ва пешрафти ҷомеа мусоидат намуда, барои ба воя расидани наслҳои аз ҳама ҷиҳат соҳиби ақлу иродаи қавӣ ва виҷдони покдошта заминаи устувор мегузорад. Зеро ояндаи ҷомеа дар дасти насли наврас аст, аз ҳамин хотир дар таълим ва тарбияи онҳо дар баробари падару модар, инчунин ҷомеа ва дигар қишрҳои он саҳмгузор бошем.

Мавсуф аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ёддовар шуда, чунин иброз дошт: ”Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст”. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

У ҳамчунин, дар бораи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» андешаи худро чунин баён дошт: “Ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, ҳақ дорад. Инчунин, баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон яксон аст”.

Профессор Холиқзода Абдураҳим дар бораи арзишҳои миллӣ ва давлатдории миллӣ , инчунин сулҳу субот ва тенҷию оромӣ суҳбат намуд.

Дар хотима изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод анъанаҳои неки ободгаронаи миллати куҳанбунёди тоҷикро минбаъд низ идома бахшида, бо иттиҳоду сарҷамъӣ, ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ба хотири рушду тараққиёти кишвари соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд ва дар раванди созандагии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон чун ҳарвақта саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Баъди баромади директори Марказ сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Тоҷикобод ба Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин, ташрифи роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Тоҷикобод бобати дастгириву ғамхориҳои рӯзафзуни роҳбарияти олии мамлакат изҳори сипос ва миннатдории хешро баён намуданд.

Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика