БОЗТОБИ ИДИ МЕҲРГОН ДАР АДАБИЁТИ АРАБИИ ДАВРАИ ИСЛОМӢ

Меҳргон яке аз идҳои қадимаи мардуми ориёинажод буда, дар сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои шоирон зикр ёфтааст. Ин ид дар гузашта бо расму анъаноти хос ҷашн гирифта мешуд. Ҳатто дар ҷашни меҳргон аз шоҳон то аввом либоси махсус мепӯшиданд ва ба якдигар ҳадяҳо мефиристоданд. Шукӯҳу шаҳомати ин ҷашн ва рамзи хос доштани он дар бештари адабиёти шоирони тоҷику форс зикр гардидааст. Меҳрофаринию рӯшноии ин ид буд, ки шоирони араб низ дар таълифоти худ аз меҳру дӯстӣ ва равшанию дилхӯшии дилҳо тавсиф мекарданд. Яке аз он шоирон, ки ба васфи меҳргон пардохтааст, Буҳтурист, ки дар бахше аз мадоиҳаш гиромидошти ин идро ҳаққи ҳамаи эрониён медонад ва мегӯяд:
إنّ للمهرجان حقّاً على كلّ
كبيرٍ من فارس و صغير 
Ҳамоно меҳргон бар хурду калони эронӣ ҳақ дорад.
عيدٌ آبائك المُلوكِ ذوى التيجانِ
أهلُ النّهى و أهلُ الخير
Меҳргон иди ниёгони подшоҳи тоҷдори туст, касоне, ки хирадманд ва некӯкор буданд.
من قباد و يزدجورد و فيروز
و كسرى و قبلّهم أردشير
Касоне чун Қубод, Яздигурд, Фируз, Кисро ва Ардашер, ки пеш аз онон буд.
(Буҳтурӣ, с.270)
Мушахасси боризи меҳргон, ки нақши муҳиме барои тавсифи ҷанбаҳои гуногуни ин ид дошт, анъанаи туҳфа кардани ҳадя буд, ки шоир Ибни Арқами Зубайдӣ ба аҳамияти бештар доштани он мегӯяд: 
هدايا الناس بعضُهم لِبَعضٍ
تُوَلِّدُ فى قلوبهم الوصالا
Ҳадяҳоё бархе аз мардум ба бархе дигар дар дилҳояшон васлу дӯстӣ ба вуҷуд меоварад.
و تَزَرعُ فى الضّمير هوى وودّاً
وَ يكسوهم إذا حضروا جمالا
Ва дар вуҷуди инсон ишқу дӯстӣ мекорад ва онгоҳ, ки ҷамъ ва ҳозир шаванд, либоси зебоеро бар онҳо мепӯшонад. 
(Ибни Абдулбар, ҷ.1, с.282)
Дар ҷашни меҳргон мардум ҳар чизе, ки бештар дӯст медоштанд, ҳадя медоданд. Ин анъанаи хоси иди меҳргонро хатибону шоирон низ тавсиф мекарданд. Масалан, ҳадя кардани шеър, хутба ва ҷумлаҳои зебо тавре ки дар давраи Сосониён сурат мегирифт, дар давраи исломӣ, ба вижа дар асри Аббосӣ ба ҳукми анъана даромада буд. Ба муносибати иди меҳргон ба ҳокимону хулафо шеъру суханҳо арза мешуд. Дар Таърихи Байҳақӣ ҳузури шоирон дар иди меҳргон чунин баён ёфтааст: «Дар рӯзи якшанбе, чаҳоруми зилҳиҷҷа амир Масъуд Ѓазнавӣ ба ҷашни меҳргон нишаст ва аз офоқи мамлакат ҳадяҳо дарсохта буданд. Пешкашро дар он вақт биёварданд ва авлиё ва ҳашам низ бисёр чиз оварданд ва шуаро шеър хонданд ва силат ёфтанд» (Байҳақӣ, 1356 ҳ.  с.697).
Бисёре аз шоирон ба муносибати фарорасии меҳргон ҳокимонро мадҳу ситоиш мекарданд ва аз ҳадяҳои онҳо масрур мегаштанд. Аз ҷумлаи он шоирон Маҳёри Дейламӣ аст. Рӯҳияи ин шоир, ки мамлӯъ аз ватандӯстӣ ва таваҷҷӯҳ ба фарҳанги миллии замонаш буд, ӯро бар он медошт, ки девони ашъорашро аз мадоиҳи меҳргонӣ ва наврӯзӣ пур кунад.
فالبس له حلل المعمر بعده
فى العزّ ما نَجَمَ الهلال الطالعُ
Пас либоси ҷовидонагӣ ва иззатро то замоне, ки моҳ медурахшад бар он «меҳргон» бипушон.
(Дейламӣ, 1344 ҳ. ҷ.2, с. 176)
Шоири асри Аббосӣ Ибни Язиди Маҳлабӣ танҳо ҳадяи мондагорро мадҳи шеъриаш хитоб ба муътамади Аббосӣ медонад ва мегӯяд:
سيبقى فيك ما يهدى لسانى
اذا فنيت هدايا المهرجان
Онгоҳ ки ҳадяҳои иди меҳргон аз байн бираванд, ончиро забонам ба ту ҳадя кардааст, бароят боқӣ хоҳад монд.
قصائد تملأُ الآفاق مما
أسقل الله من سحر البين
Қасидаҳое, ки уфуқҳоро аз он чи ки Худованди мутаъол аз ҷодуи сухан ва баёни ҳалол дониста пур мекунад. 
(Ибни Абдурабеҳ Ал-Андалусӣ, 1407 ҳ. ҷ.7, с.315)
Марвон ибни Аби Ҳафса шоири асри Аббосӣ низ дар мадҳи муътамади Аббосӣ дар тавсифи ҳадяи шеъри хеш мегӯяд:
بدولة جعفر حُمِدَ الزمانُ
لنابِكَ كلّ يومٍ مهرجان
Дар давлати Ҷаъфари замон сутуда шуда, барои мо вуҷуди ту ҳар рӯз меҳргон аст.
جعلت هديتى لك فيه وشياً
و خير الوشى ما سَبَحَ اللسان
Ҳадяам қарор додани ин рӯзи зебост ва беҳтарин зебу зевар ҳамон аст, ки бар забон ҷорӣ мешавад.
Ва ё шоири дигар дар мадҳи Мутаваккал Аббосӣ ба ҳамин муносибат мегӯяд:
عيدٌ جديدٌ و أنت جدّته
يا منْ للزمان تجديدُ
Иди навесту ту тозагию таҷдиди онӣ,
Эй касе, ки барои замон навоварду таҷдиде ҳастӣ.
(Ҷоҳиз, 1406 ҳ. с. 239)
Ба ин муносибат марде ба Мутавакил ҷоме аз ҷинси тилло ҳадя медиҳад ва дар насри зебо менависад:
بأنّ الهدية اذا كانت من الصغير الى الكبير كلّما لطفت و دقت كانت أبهى و أحسن»
و إذا كانت من الكبير الى الصغير فكلّما عظمت و جلّت كانت أوقع و أنفع«  
(Ал-Абшиҳӣ, 1986 м.: ҷ.2, с.120)
Абулатоҳия шоири зуҳдсарои асри Аббосӣ ба яке аз шоҳон ба муносибати иди меҳргон ҳадя дода менависад:
نعلٌ بعثتُ بها لِتلبسَها
رجلاً بها تَسعى الى المجدِ
Наълин (пойпӯш)-ро бароят фиристодам то онро бипушӣ, бо поҳое, ки барои расидан ба маҷду бузургӣ талош мекунад. 
لو كان يصلح أن أشركها
خَدّى جعلتُ شراكها خَدّى
Агар дуруст бувад, ки гунаҳамро ҷои пои гомҳоят қарор диҳам, ин корро мекардам.    
(Ибни Абдурабеҳ Ал-Андалусӣ, 1407 ҳ. ҷ.7, с.313)
Ин гуна тавсифот ва ҳадяҳо дар бораи меҳргон ва наврӯз боис шуд, ки фанни «المكاتبة فى التهانى (навиштани табрикнома)» дар ин давра ривоҷ ёбад. Паёмҳои табрикии иди меҳргон ҳамчун мактубҳои ирсолӣ барои шодбошӣ миёни мардум ба сурати ибораҳои шеърӣ ё ибороте мусаҷҷаъ ва зебо ривоҷ ёфта буд ва аввалин касе ин суннатро дар замони Маъмун ривоҷ дод Аҳмад ибни Юсуф буд (Разӣ, 1383 ҳ. с.70).
Ривоҷу паҳншавии ирсоли ҳадяҳои меҳргонӣ бо шеъру суруд дар давраи Халифа Маъмунро метавон аз ашъори канизаки Маъмун баён кард, ки ӯ менависад: «Эй амир! Ҳангоме, ки рақобати раъият дар амри ирсоли ҳадоё ва алтофи фаровон ва пай дар пай онҳоро нисбат ба шумо дидам ба ҳадяе барои шумо андешидам, ки ҳазинаи он сабук буда ва арзиши он бузург…». Ӯ бо интихоби себ ба унвони ҳадя зимни тавсифи он аз забони шоир мегӯяд:
حمرةُ التّفاح مع خضرتِهِ
أقربُ الاشياءِ مِنْ قوسِ قَزحْ
Сурхии себ ба ҳамроҳи ранги сабзи он монандтарин чизҳо ба рангинкамон аст.
فَعَلى التّفاحِ فاشربْ قهوة
واسْقَنيها بنشاطٍ و فَرَحْ
Пас ба ҳамроҳи себ шаробе низ бинуш ва бо нишоту хушҳолӣ ба ман низ ҷуръае бинушон.
ثُمّ غَنِّ لكي تطربنى
طرفك الفَتانُ قلبى قَد جَرَحْ
Сипас овозе суруда то маро ба тарабу ваҷд оварӣ (ва бад-он ки) чашмони фитнаангезу дилрабоят қалбамро захмӣ сохтааст.
(Ибни Абдурабеҳ Ал-Андалусӣ, 1407 ҳ. ҷ.7, с.316)
Дар ин давра мусиқидонон ба муносибати меҳргон оҳангҳои меҳргонӣ месохтанд ва ба ҳокимону шоҳон тақдим мекарданд. Низоми Ганҷавӣ сӣ лаҳн аз алҳони мусиқиро овардааст, ки лаҳни бистуякуми он лаҳни меҳргонӣ сохтаи Борбад мусиқидони бузурги асри Сосонӣ аст. Низомӣ дар тавсифи ин оҳанг мегӯяд:
Чу нав кардӣ навои меҳргонӣ,
Бибурдӣ ҳуши халқ аз меҳрубонӣ.
(Разӣ, 1383 ҳ. с.72)
Аз гуфтаи Алӣ Акбар Деҳхудо бисёре аз ин суннатҳои меҳргонро метавон дар шеъри шоирони порсигӯй ё тозисарой ҷустуҷӯ кард. Фирдавсӣ ба гӯшаҳое аз ин сухан ишора мекунад ва мегӯяд:
Бикард андар он кӯҳи оташкада,
Бад-ӯ тоза шуд меҳргону сада.
Парастидан меҳргон дидан ӯст,
Тан осоию хурдани ойин ӯст.
Ҳама зуву анбар биёмехтанд,
Зи шодӣ ба сар бар ҳаме рехтанд».
Шоири араб бо баҳрагирӣ аз ин ашъори Фирдавсӣ дар тавсифи сунани меҳргонӣ мегӯяд:
فأمر بايقاد النيران
و احراق العنبر و الزعفران
تقديس مهرجان دينه
والراحة و الأكل آيينه
واليوم ذكرى منه شهر مهر
فاسع و لا تسْتسْلم لغمّ
(Пурдовуд, 1338 ҳ. с.125)
Ибни Румӣ дар қасидае, ки ба муносибати иди меҳргон сурудааст, ба омехтагии рақс ва овозу мусиқии қавмиятҳои мухталиф дар ин ҷашн ишора мекунад ва дар бахше аз он мегӯяд:
و قيانٍ كأنّها أمّهاتٌ
عاطفاتٌ على بنيها حوان
Инҳо канизакони овозхонанд, ки монанди модарони бо отифа ва меҳрубон барои фарзандонашон ҳастанд.
كلّ طفل يدعى بأسماء شتى
بين عود و مزهر و كران...
Дар миёни оҳангҳои уду музҳару карон, ҳар кӯдаке бо номи мутафовит хонда мешуд.
(Шайху, 1419 ҳ. ҷ.3, с.128)
Ҳарчанд дар асри исломӣ дар байни мухолифатҳое, ки дар зиндагии мардуми эронинажод вуҷуд дошт ва умдатан бо муҷодилоти динӣ ва сиёсӣ ҳокимони он давр саъйи камранг сохтану маҳв кардани идҳои миллӣ, ба монанди меҳргону сада ва наврӯзро доштанд, то ин замони боқӣ монданд ва ба унвони идҳои бостонӣ дар фарҳанги мардуми тоҷику форс шинохта мешаванд. 
Бояд гуфт, ки меҳргон ба унвони як иди бостонӣ баъд аз ҳуҷуми арабҳо ба сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр ва интишори дини Ислом бо аносири гуногуни фарҳангӣ рӯ ба рӯ шуд. Вале таѓйири низоми сиёсии мамолики исломӣ дар асри бани Умая ва Аббосӣ андак андак заминаҳои густариши суннатҳои ин иди бостониро аз миёни тӯдаи мардум дар дили дарбор ва ҳокимони мусулмон ҷо кард. Он чи дар нисбати меҳргон ва камранг шудани он дар ин давра ба назар мерасад, ин густариши баҳсҳои ақидатӣ дар асри Аббосӣ аст. Бархе аз фуқаҳо ва мутакалимон бо фатвоҳои гуногун барои ҷойгузин кардани аҳкоми ибодотии исломӣ ба ҷои анҷоми сунани меҳргонӣ, ки онро куфр медонистанд, кӯшишҳое карданд. Ин кашмакашиҳо бештар дар канори талоши шоирон ва ватандӯстоне буд, ки дар бақои меҳргон ба тавсифи сунани он мепардохтанд ва бо мадҳи ҳокимони худ зимни касби ҳадяҳо ба он талош мекарданд. Талошу заҳматҳои он ватандӯстону меросшиносон буд, ки иди меҳргон боқӣ монд ва ҳамчун иди бостонӣ ва миллии мардуми тоҷику форс шинохта мешавад. 
 
 
Одинаева Ш. – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ
 
     
Яндекс.Метрика