Боздид аз ҷараёни парвариши картошка ва лубиёиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Сангвор

Санаҳои 17 - 18 июли соли ҷорӣ директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдурраҳим Холиқзода ба хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои Заршӯён ва Ваҳдати ноҳияи Сангвор ташриф оварда, аз ҷараёни дарави ғалладона, ҷамъоварии асал, сабзавот ва дигар намуди лубиёиҳо шинос шуд.

Ба директори Маркази исломшиносӣ иттилоъ дода шуд, ки имсол баъд аз дарав кардани зироати омехтаи хӯроки чорво саҳмдорон дар замини холишуда дар кишти такрорӣ сабзавоту полезӣ, аз ҷумла картошка ва лубиё, кишт намуданд.

Айни замон зироати кишоварзӣ нашъунамои хуб дошта, сари вақт бо оби полезӣ ва нуриҳои минералӣ таъмин карда мешавад. Ба гуфтаи хоҷагидорон обу ҳавои мусоиди ноҳия ба парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ басо мувофиқ аст.

Аз ҳосили бадастомада дар баробари таъмини эҳтиёҷоти хонавода, барои ду соли минбаъда низ ба миқдори зарурӣ донагиҳо ва дигар навъи маҳсулоти корсервашуда захира менамоянд.

Директори Маркази исломшиносӣ муҳтарам Холиқзода Абдурраҳим бо деҳқонону хоҷагидорон суҳбат ороста, барои боз ҳам истифодаи босамари замин ва истеҳсоли бештари маҳсулоти кишрварзӣ ба онҳо маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ

Яндекс.Метрика