Бархӯрди ифротгароии салафӣ бо мактабҳои суннатии динию мазҳабӣ дар Тоҷикистон

Тағйиротҳои рӯзафзуни равандҳои сиёсӣ дар кишварҳои мусул­монӣ таҳқиқу омӯзиши исломро ба яке аз шоҳаҳои муҳими илми ҷомеашиносӣ табдил додааст. Ин масъулият тақозо менамояд, ки ба мафҳуми «хатарҳои исломӣ» ҷавоби сазовори илмию динӣ пешниҳод намоем. Аз ин ҷиҳат зарур аст, ки мо ба чанде аз саволҳои консептуалӣ оид ба падидаи ифротгароию тундгароӣ ва сатҳи омӯзиши он дар фарҳанги ислом равшанӣ андозем. Бояд гуфт, ки проблемаи баррасии илман асоснок ва методологии шинохти доктрина, ҳаракат ва ҷараёнҳои исломӣ зарурати таърифи истилоҳии мафҳумҳоро ба вуҷуд овардааст. Маъмулан ҳангоми баҳодиҳӣ ба равандҳои исломӣ ҳамеша истилоҳи фундаментализм – бунёдгароӣ васеъ истифода мешавад. Ин истилоҳро дар муносибат ба омӯзиши адёни дигар низ ба кор мебурданд. Ин таъбир дар истилоҳбандии исломшиносӣ ба мафҳуми салафия мувофиқ меояд. Дар фаҳмиши луғавӣ ва маъноии худ мафҳуми «салафия» ба вожаи тоҷикии «ниёгон» комилан мувофиқ аст ва таъкид бар он мекунад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ислом ниёз ба рӯй овардан ба аслу асос ва решаву бунёди худ дорад. Дар меҳвари чунин тасаввурот андешае меистад, ки гӯё дар тӯли асрҳои сипаришуда ислом сахт таҳриф шуда, ба он унсурҳои нави нолозим ворид гардидааст, ки моҳиятан бо таълимоти нахустини ислом ва суннати «салафи солеҳ» – «ниёгони накӯном» ихтилоф доранд. Мурод аз «салафи солеҳ» дар фаҳмиши онҳо мусулмонони нахустин аз саҳобагон, тобеон ва табаа-т-тобеин будааст. Аммо даъвои эътиқодии салафигароён мабно ба эътирофи ҷанбаҳои нақлии таълимо­ти ислом ва рад кардани равандҳои ақлии дарку фаҳмиши он аст. Ҳамон давраи нахустини ислом барои салафиён манбаи ҳамешагии илҳом ва интиқод аз дигарон қарор гирифтааст. Ин ҷо мақсади мо таҳлили пайдоишу ташаккули салафия ва шаклу равияҳои гуногуни он дар фарҳанги ислом нест. Дар ин мавзӯъ он қадар таҳқиқоте анҷом додаанд, ки моро аз шарҳу тавзеҳ ва такрори онҳо бениёз мегардонад. Вале мо саъй хоҳем кард, ки решаҳои шиддати ифротгароии исломиро мухтасаран бар асоси рушди муносибатҳои Арабу Аҷам, аниқтараш арабҳо ва форсҳо аз бози ошкор шудани ислом то имрӯз дар марҳалаҳои калидии рушди ислом муқаррар намоем.

Тавре ки маълум аст, шиносоӣ, огоҳи аз дини нав ва ҷангу бархӯр­ди нахустин байни сипоҳи Парвези Ҳурмуз ва исломиён бар сари чоҳи Зӣ Қор иттифоқ афтодааст, ки тафсилоти онро дар бобҳои «Ҳарби Арабу Аҷам бар сари чоҳи Зӣ Қор» [с. 626] ва «Номаи пайғамбар, салавоту-л-Лоҳи алайҳи, ки ба наздики кисро навишта буд» [с. 637] муаллифи «Таърихи Табарӣ» овардааст. Баҳонаи ангезиши ин ҷанг тарҷумаи нодурусти матлабе доир ба дарёфти канизакҳо барои кисро аз байни духтарони қабилаҳои араб буд. Ин ҳолат боиси хашми кисро гардид ва дар сари чоҳи Зӣ Қор ҷанги шадиде рух дод, ки лашкари порсиён дар натиҷа ҳазимат шуданд ва ин рӯйдод  тибқи далолати сарчашмаҳо ба соли 624 мелодӣ рух дода буд. Пас аз ин пирӯзӣ пайғамбар (с) номаи машҳури худро ба шоҳи Сосониён фирис­тод, ки дар ҷамъбасти он даъвати «ислом овар, солим бимонӣ» дарҷ шуда буд. Парвиз аз ин иқдом ба хашм омад ва номаро бидарид. Аз ҳамин вақт дар муносибати арабҳо ва порсҳо гиреҳи нобоварӣ ва шеваи носолими муносибатҳо ошён гирифт. Бо гузашти айём аз тариқи футӯҳоту забткориҳои сершумор дини ислом дар матни тамаддуни ҷаҳонӣ ҷойгоҳи устуворе пайдо кард. Қисмат чунин тасарруф кард, ки мардуми порснажоди мусулмон дар баробари арабҳо барои густариши фарҳанги ислом хизматҳои шоистаи таҳсине анҷом доданд. Хилофатҳои муқтадири арабӣ бо номҳои давлати Умавиён ва Аббосиён зуҳур карданд. Вале унсурҳои барозандаи сиёсӣ, давлатдорӣ ва фарҳан­гии порсиён ба хусус замони ҳукмронии халифаҳои аббосӣ таъсири нуфузи баланде касб намуданд. Садаи тиллоии давраи Аббосиён собит намуд, ки маҳз ҳамин ду қавм – арабҳо ва порсиён далерони майдони исломгустарӣ ҳастанд ва дар соҳибӣ кардани фарҳанги мусул­монӣ ҳаққу имтиёзи комилан баробар доранд. Вале мансубият ба ҷараёнҳои асосии тасаннун ва ташайюъ дар иттиҳоди байни онҳо рахна ворид кардан гирифт. Ба ақидаи А. Мюллер розӣ шудан мумкин аст, ки дар тасвири ин воқеият чунин гуфта буд: «Чун рӯз равшан буд, ки ҳар ду миллати бартаридошта ва аз нигоҳи хислатҳои зотӣ фарқкунандаи исломи онвақта, агар дар байнашон ягон таркиши хушунатомези эҳсосотӣ барангехта нашавад, боз метавонис­танд бо истифода аз як мудирияти одилона ва эҳтиёткорона на танҳо паҳлӯ ба паҳлӯи якдигар зиндагии осоишта дошта бошанд, балки ҳатто ба таври доимӣ дастгирии мутақо­би­лаи ҳамдигарро пайдо кунанд» [682]. Вале ҳамкориҳо тамоман бо самти дигар ҷараён гирифт, зеро оҳиста-оҳиста муносибати араб ва ғайриараб бо тамоми ҷиддият дигаргун шуд ва дар байнашон ҳисси душманию нобоварӣ афтод. Агар дар замони Умавиён таъсири фарҳанги юнонию византиягӣ дар сиёсату фарҳанги исломӣ қавӣ гардида бошад, пас дар давлати Аббосиён таъсири омилҳои давлатдорӣ ва фарҳангсоло­рии мардуми порснажод ба маротиб зиёд шуд. Дар ҳар ду ҳолат таъси­ри муҳити Ҳиҷоз ҳамчун гаҳвораи дини ислом суст шудан гирифт, вале забони арабӣ мақому манзалати худро ҳамчун забони расмӣ ва динию эътиқодӣ нигоҳ дошта тавонист. Шаҳрҳои Макка ва Мадина дар сарчашмаҳои фаровони таърихӣ асосан дар иртибот бо адои маносики ҳаҷ зикр мешуданд. Вале дар заминаи шиддат пайдо кардани мубо­риза­ҳои тоифавии аҳли суннат ва шиа, ба вуқӯъ пайвастани фоҷиаи Кар­ба­ло ва қувват гирифтани унсури туркӣ дар ислом арабҳои нимҷазира барои ҳимояи манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии худ аз тариқи ҷалб намудани таваҷҷӯҳи мусулмонон ба раф­то­ру кирдори салафи солеҳ тавонистанд худро аз нав ба масири муборизаҳои нав дар қалам­ра­ви ислом ворид созанд. Аз байн рафтани давлати Аббосиён соли 1258 ва ба давлатҳои хурди алоҳи­да тақсим шудани империяи муқтадир ба раванди табақабандӣ ва тасни­фо­ти сиёсию миллӣ ва динию мазҳабӣ дар олами ислом суръат бахшид. Ба назари мо рукнҳо ва унсурҳои асосии фарҳанги сезабонаи исломӣ аз ҳамин давра хусусияти динию миллӣ касб кардан гирифт, ки дар ниҳояти кор ба таъсиси ҷунбишҳои иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангӣ бо номҳои панарабизм, панэронизм ва пантуркизм дар асоси мансубияти миллӣ оварда расонид. Дар ташкили чунин ҷараёнҳои зиёновар ва байни қавму миллатҳои мусулмон барангех­тани кинаву адоват кишварҳои манфиатҷӯ ва ҳарифи сиёсии империяи Усмонӣ даст доштанд. Панарабизм дар заминаи ташак­кули мазҳаби ҳанбалӣ, равияи ваҳҳобия ва пуштибонӣ аз принсипи муно­­си­ба­ти нақлӣ ба арзишҳои исломӣ ва пайравии салафи солеҳ барои таъсиси давлати сирф арабӣ дар нимҷазираи Арабистон бо платформаи сиёсию динии дигар дохил мешавад. Панэронизм ҳам бар пояи мақоми забони дуюмӣ давлатӣ пайдо кардани забони форсии тоҷикӣ ва ҳам шиагароии пуршиддати эронитаборон ба нерӯи бузурги сиёсӣ табдил ёфт. Аммо пантур­кизм, нахуст ҳамчун усмонизм ба маънои омили муттаҳид­ку­нандаи мардуми турктабор бештар аз зовияи манфиатҳои исломи миллӣ ва барпо кардани давлати теократии хусусияти туркидошта буруз кард. Тур­кон аслан пайравони мазҳаби ҳанафӣ буданд ва дар масъалаи эҳти­ро­ми «салафи солеҳ» бо арабҳо ихтилоф надоштанд. Вале дар марҳалаи нави таърихӣ онҳо тавонистанд зимоми роҳбарӣ ва мудириятро ба дӯши худ гирифта, баъди суқути Константинопол соли 1493 империяи миллии Усмониро таъсис диҳанд. Минбаъ­д гурӯҳҳои манфиатдор ва шарикони ҳамкор ҳангоми ба роҳ мондани роби­та­ҳо дар олами ислом вежагиҳои ҳамин се ҷараёнро ба инобат меги­риф­танд. Зеро таблиғи ҷанбаҳои динию миллӣ ва бедор кардани ҳиссиё­ти миллатгароӣ дар Ховари Миёна барои роҳандозӣ кардани дурнамои манфиатҳои геополитикӣ ва расидан ба ҳадафҳои ғаразноки кишварҳо мусоидат мекард.

Вақте ки сухан дар бораи ифротгароии исломӣ ё салафӣ доир ме­ша­вад, бе ихтиёр он ба Арабистони Саъудӣ ва таъсиси ҷараёни ваҳхобия пайванд мегирад. Воқеан, дар асри XVIII дар вилоятҳои Наҷду Ҳиҷоз ҷараёни ваҳҳобия бо сардории Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (1703-1791) зуҳур кард. Ӯ ва ҳаммаслаконаш талаб мекарданд, ки мусулмонони ҳақиқӣ ба исломи поки замони зиндагии пайғамбар (с) бозгашт кунанд. Зиёрати мазорҳо ва ҳатто қабри пайғамбар аз ҷониби Абдулваҳҳоб ширк эълон гардид. Шахсоне, ки ин амалҳоро анҷом медоданд, кофир ва маҳкум ба қатл мешуданд. Бояд зикр намуд, ки дар ибтидо ваҳҳоббия барои тақвияти арабият, салафият ва ҳувияти давлатии нимҷазираи Арабис­тон такони бузург ворид намуд. Баъди таъсиси давлати Шоҳига­рии Арабистони Саъудӣ дар консепсияи идеологии он ваҳҳобия ҳамчун равияи мазҳабмонанди бартаридоштаи расмӣ болои чаҳор мазҳаби мавҷу­даи аҳли суннату ҷамоат ҷойгузин шуд ва бештар хусусияти фаъолияти дохилӣ дошт. Баъди солҳои 60-уми асри гузашта бо равнақ ёфтани бозори нафту газ ин ҷараён ҳудуди кишварро рахна карда берун омад. Дар айни замон ташкили созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли Лигаи кишварҳои араб ва фондҳои хайриявии гуногун фаъолияти Арабистони Саъудиро дар арсаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ пурзӯр кард; бозиҳои сиёсӣ дар атрофи истеҳсол, коркард, фурӯш ва нархгузории маҳсулоти нафтӣ имкон дод, ки барномаҳои идеологӣ ва лоиҳаҳои исломӣ нағз маблағгузорӣ шаванд; таъқиби пешвоёни «Ихвону-л-муслимин» онҳоро ба ин кишвари бойи арабӣ овард, то аз тариқи фаъолияти илмию омӯзгорӣ ба шаклгирии сиёсии ваҳҳобизм мусоидат карданд; рӯҳонияти сиёсии саъудӣ тавонис­танд ду шакл – ваҳҳобияи дарунии ором ва ваҳҳобияи берунии тундро созмон диҳанд, ки якумӣ, дар якҷоягӣ бо элитаи сиёсии кишвар фаъолият мекард ва дуюмӣ, сиёсати нави муаррифии исломро дар фаҳмишу қолаби саъудигии он тарғиб менамуд. Даромадани нерӯҳои шӯравӣ ба Афғонистон ба хусусияти ҷанговар, ҷиҳодӣ ва такфирӣ гирифтани салафияи ваҳҳоби­маш­раб такон дод. Ҳамон созмони идорашавандаи нимасотирӣ, ки ниҳоят бо номи Усома ибни Ладан машҳур гардид, нахуст барои низомҳои сиёсии арабию мусулмонӣ ва сониян барои кишварҳои ғарбӣ мушкилот эҷод кардан гирифт, ки имрӯз ҳам дар шаклу мазмун ва номҳои гуногун аз мавҷудияти худ дарак дода истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад дар шароити кунунии рушди муста­қи­­ло­на тамоми анъана ва расму ойинҳои таърихи куҳани худро барои бунёди давлати навин ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ сафарбар намуд.  Дар пояи густариши фаъоли мазҳаби ҳанафия, ки дар матни фарҳанги исломӣ бо анаъанаҳои таҳаммулпазирӣ, созандагӣ, илмпарва­рӣ ва ахлоқи ҳамида маъру­фият дорад, мак­таб­ҳои тасаввуфии нақшбандия ва қодирия низ дар ноҳияву манотиқи гуногуни кишвар ҳузури рӯҳонии муассир пайдо карданд. Мардуми вилояти Бадахшон маъмулан пайрави таълимоти динӣ-фалсафие мебошанд, ки ҳанӯз дар давраҳои асримиё­нагӣ бо номи равияи исмоилиёни низорӣ созмон ёфта буданд. Вале таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки таъсис ёфтани ҳизбгароиҳои нави динӣ ва фаъолона ба корҳои сиёсию давлатӣ дахолат кардани онҳо бештар ба давраи пошхӯрии империяҳо, таъсиси иттиҳоди давлатҳои дигар ва ба истиқлолият расидани кишварҳои алоҳида рост меояд. Охири асри ХХ дар таърихи ҷаҳонӣ бо шиддат гирифтани муборизаҳои оштинопазири лагерҳои капиталистӣ ва сотсиалистӣ ва ниҳоят пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар хотирҳо нақш баст. Чунин ба назар мерасид, ки гӯё ҷониб­ҳои мубориза оқибатҳои сахту сангин доштани ин равандҳои сиёсиро барои мардуми оддӣ чашмдошт набуданд. Вале дурнамо ва ҳамоҳангӣ дар кору фаъолияти гурӯҳи давлатҳои калидии ҷаҳон ҳамеша тарҳрезишуда буд. Шиддати мубориза­ҳои идеологӣ дар нимаи дуюми асри ХХ симои душмани нави тартиботи ҷаҳониро дар қолаби истилоҳоти тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм муаррифӣ кард. Бояд гуфт, ки падидаи якравии тундхӯёнаи исломӣ дар муҳити пасошӯравӣ хусусият­ҳои фарқкунандаи худро дошт. Пайдоиши он ҳамчун ниҳоди муташаккили сиёсӣ ба охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта рост меояд ва бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тавъам аст. Ин раванд бо болоравии андешарониҳои динӣ оғоз гардида, тадри­ҷан ба сиёсишавӣ ва таъсис ёфтани ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои исломии ба ном миллӣ, вале дар асл ифротгаро ва тундгаро оварда расонид. Дар ибтидои солҳои 90-ум на танҳо дар байни пайра­вони ислом, балки дар миёни мӯътақидо­ни дину кон­фес­сия­ҳои амалку­нан­даи дигари ҷомеаи шӯравӣ ҳам як ривоҷу равнақи бесобиқаи ҷаҳон­би­нии динӣ боло гирифт. Иллати ин ҳолат, пеш аз ҳама, ба фурӯпо­шии пояҳои идеологии як давлати абар­қуд­рат вобаста буд. Дар шароити ба вуҷуд омадани холигии идеологӣ як гурӯҳи муайяни мардум барои пайдо кардани ҷа­ҳон­бинии нав ба дин ва арзишҳои динӣ муроҷиат карданд. Бо гузашти айём дар фаъолияти бисёре аз созмонҳои исломӣ вежа­гиҳои қудратхоҳӣ тақ­вият гирифта, ислом мавқеъгирии сиёсию динӣ ба даст овард. Ҳанӯз аз оғози асри ХХ ҳаводорону пуштибонони ислом ва ҳамаи касоне, ки ар­зиш­ҳои воло ва муқаддасоти диниро барои расидан ба ғаразҳои сиёсӣ ва шӯҳ­рат­парастии худ истифода бурданӣ мешуданд, бар он бовар бу­данд, ки таъсиси ҳизби онҳо ҳукми шаръӣ ва ҳуқуқи муқаррарнамудаи Худо аст. Аз ин ҷиҳат дар фаҳмиши сиёсии онҳо тасав­ву­ри бисёрҳизбӣ ғун­­ҷоиш пайдо накард, зеро дар таълимоти онҳо танҳо ду ҳизб – ҳизби худо­­ҷӯ­ён ва ҳизби бехудоён вуҷуд дошт. Онҳо худро мансуби ҳизби якумӣ дониста, мӯътақид буданд, ки ҳизби дуюмӣ ҳаққу ҳуқуқи онҳоро дар умури ҳокимият поймол мекунад. Аз ин рӯ, онҳо оммаи мардумро ба бародару нобаро­дар, баробару нобаро­бар, гурӯҳи худоҷӯю иблисӣ ва бедору ним­бе­дор табақабандӣ мекарданд. Мутаассифона, зимни таъсиси ҳизб­ҳои исломӣ ва тасдиқи назарияи мафкуравии худ исломгароён истифодаи калимаи «ҳизб»-ро дар оятҳои қуръонӣ ба шеваи шарҳу баёни нав ҳамчун далели шаръӣ меоварданд. Бояд гуфт, ки калимаи «ҳизб» дар матни Қуръон 20 маротиба дар 13 сура зикр шудааст: 11 маротиба дар шакли ҷамъи «аҳзоб», 8 маротиба дар шакли танҳои «ҳизб» ва танҳо як бор дар шакли исми дугонаи «ҳизбайн». Ҳамчунин сураи 33-уми Қуръон «ал-Аҳзоб» (Гурӯҳҳо) ном дорад. Дар ҳамаи холатҳои иқтибоси қуръонӣ арзиши динӣ ва мазмуни тафсирии ин калима дар он аст, ки тибқи таълимоти ислом ва равандҳои густариши он мардум дар ибтидо ба мӯъминон ва кофирон ҷудо мешуданд. Мӯъминон пайравони гурӯҳи худоҷӯ ва кофирон пайрави гурӯҳи куфрпеша, яъне ҳизбу-л-Лоҳ ва ҳизбу-ш-Шайтон дониста мешу­данд. Ин ибораҳо танҳо мафҳумҳои динӣ ва вожаҳои истилоҳист барои тавсифи имону тақво ва куфру бебокӣ. Матлаби мазкур дар оятҳои охирини сураи Муҷодала, инчунин сураҳои Ғофир ва Ҳуд барҷаста баён шудааст. Яъне дар Қуръон сухан дар бораи мафҳуми динӣ будани кали­маи «ҳизб ва аҳзоб» меравад, ки мардум дар охират бар ивази корҳои баду неки дар дунё кардаашон ба ду гурӯҳ – аҳли биҳишт ва аҳли дӯзах тақсим мешаванд ва ҳақиқати онро ҷуз Худо касе намедонад. Вале ба арсаи сиёсат омадани ҷараёнҳои динию мазҳабӣ дарки ин арзишҳоро бо мақсадҳои муғризонаи сиёсии худ оме­зиш дода, дар ҳаққи ислом амали ношоиста анҷом доданд ва об­рӯю эътибори худро низ коста карданд. Ҳатто кор то ҷое расид, ки «ҳизб ҳизби мост ва касе ҳамраъю ҳамақидаи мо нест, мусулмон нест» ме­гуфтанд, ки худ нишонаи сатҳи пастфитратии онҳост. Ҳамин тар­зи тафаккур ва ҷаҳонбинӣ дар таърихи навини ислом дар зеҳни роҳ­барони ҳизбӣ ҷойгузин шуд, ки дар охири асри ХХ боз аз худ дарак до два то имрӯз дар шаклу шеваи тундхӯёна идома дорад. 

Аз ҷониби дигар, барҳам хӯрдани низоми идоракунии фарогир, сар задани нооромии сиёсӣ, афзоиши бекорию камбизоатии аҳолӣ ва коста шудани сатҳи таълиму тарбия ба он оварда расонид, ки як зумра ҷавонон фирефта ва шефтаи таблиғоти фаъолони созмонҳои динӣ шаванд. Мутаассифона, пешвоёни созмонҳои динию мазҳабӣ тавонистанд дар мағзи ҷавонон ақидаи ботилеро ҷойгузин намоянд, ки маҳз таъсиси давлати исломӣ ба унвони як роҳи беҳтарини ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоӣ дар зиндагии онҳо пазируфта шавад. Ҳамин тариқ, ифротга­роии динии хусусияти салафидошта дар дасти як гурӯ­­ҳи муайян ба як во­си­таи муҳими таъсиррасонӣ ва муборизаи сиёсӣ таб­дил ёфт ва арҷгузо­рии арзишҳо ва муқаддасоти динӣ аз хотирҳо фаромӯш шуд. Фаъолияти ин қабил созмонҳои ифротӣ якбора дар аксари киш­вар­ҳои Осиёи Марка­зӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба таври бесобиқа қавӣ гардид ва ҳавохоҳону пай­ра­во­ни зиёд ҳам пайдо кард. Ҳамон хаёли хоме, ки маҳз тава­с­сути бунё­ди давлати исломӣ дар асоси муқаррароти шариат тамоми мушкило­ти иҷтимоиро ҳал кардан имкон­пазир аст, баъдтар боиси афзо­и­ши хоста­ҳо, иродаҳо ва ҷасоратҳои нав ба нав ва ба таассубу ҷаҳолат ғӯта­вар гардидани ҷавонон шуд. Ҳарчанд эълони ошкорои ин созмонҳо таъ­си­си як давлати исломӣ бо номи шар­тии Хилофати Мовароуннаҳр бо­шад ҳам, вале мақсадҳои ниҳонии пуш­ти­бо­но­ни бурунмарзии онҳо, на­хуст, ҳузур пайдо кардан дар ин минта­қаи аз нигоҳи геополитикӣ муно­сиб, сониян, роҳ ёфтан ба коркард ва исти­фо­даи захираҳои фарово­ни нафту газ, тилло, уран, дигар маъданҳои фоида­нок ва ниҳоят, сармо­яи инсонии кишварҳои Осиёи Марказӣ будааст ва хоҳад буд. Падидаи номат­лу­бе, ки баъди расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар миёни мардуми тоҷик ба вуҷуд омадааст, ин бетафовутӣ зоҳир намудан нисбат ба арзишҳои волои миллию динӣ, фарҳангӣ, давлату давлатдо­рӣ, ба тиҷорат гузоштани дину ақидаи асили худ ва бе қайду шарт рӯ овар­дан ба дину мазҳабҳои бегона ба хотири бозгашт ба ким-кадом гузаштаи асримиёнагии зулмонӣ ва тахайюлӣ мебошад, ки дар натиҷа як муддат ваҳдати миллӣ ва бунёди давлатдории онҳоро зери хатар монд, дурнамои рушди ояндаашонро сахт норавшан кард. 

Пас муаммои болоравии чунин муносибати ифротӣ ва тундгаро дар чист? Маъмулан рукуд ва нокомии фарҳанги исломиро дар Осиёи Миёна бархе аз муҳаққиқон ба Инқилоби Октябр ва бунёди ҳокимияти шӯравӣ мансуб медо­нанд. Чунин хулосабарорӣ роҳи осони ҳалли масъа­ла аст, ки тавас­су­ти ба сари болшевикон бор кардани тамоми бадбахти­ҳо гӯиё аз муш­ки­ло­ти сарпечида раҳоӣ меёбем. Вале бояд сабаби масъа­ла­ро андаке бар­вақт­тар дар муҳити бӯҳронии зиёиёни мусулмони Осиёи Миёна ҷустуҷӯ кард. Ин раванд аз ибтидои асри ХIХ оғоз гардида, дар заминаи таъсири беруна зиёиёни бофарҳанги минтақаро ба гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф ҷудо кард. Дар миёни онҳо мавзӯи муносибати танқидӣ ба фарҳан­ги худӣ ва зарурати таҷдиди назар кардан ба як идда принсипҳо ва арзишҳое, ки тӯли асрҳои зиёд бетағйир монда бу­данд, ташаккул ёфтан гирифт. Далели аслии шикасти фарҳангӣ бархӯрди ошкоро бо дасто­вард­ҳо ва арзишҳои тамаддуни Аврупо дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX буд. Ин тамад­дун ҳам тавассути манфиатҳои сиёсию иқтисодии Россияи подшоҳӣ ҳам­чун тарзи нави ҳаёт вориди фазои фарҳангии минтақа гардид ва ҳам аз тариқи сафарҳои тоҷирону зиёиён ба кишварҳои Аврупо ва Шарқи мусулмонӣ тарғиб мешуд. Далелҳои дигар низ мавҷуданд, ки яке аз онҳо аз нигоҳи назария­вӣ ва техникӣ омода набудани исломи расмии Осиёи Миёна ба таҳоҷуми фарҳангии беруна буд. Шигифтовар нест, ки ин муҳити фарҳангӣ ба чолишҳои тамаддуни Аврупо ба сабаби коста шудани андешаҳои назариявии исло­мӣ посухи саривақтии таҳлилӣ дода натаво­нист. Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷики­с­тон ҳамаи масъалаҳои ҳалношуда бо ҷумлаи тар­­ки­­бо­ти ному­кам­ма­ли ҷаҳонбинии исломии худ вориди бунёди ҷомеаи сотсиа­листӣ гардид. Дар сохтори сиёсии нав ҳарчи шуданӣ буд, шуд ва баъди пошхӯ­рии Иттиҳоди Шӯравӣ иллату камбудиҳои кӯҳна боз дар шаклу муҳ­та­вои нав аз худ дарак доданд. Дар шароити кунунӣ ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлатдории миллӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва фарҳангӣ мо ба ҷуз дарёфти роҳи ҳалли дурусту фарогири масъала илоҷи дигаре надорем. Мо бояд мутмаин бошем, ки тадохул ва таҳоҷуми мафкура ва ҷаҳонбинии беруна, кӯркӯрона ва булҳавасона пайравӣ кардан ба ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ ба ҷуз пушаймонию саргардонӣ манфиати дигаре намеоварад. Бегумон ҳар раванду ҷараёни дурӯғин, риёкорӣ ва чоплусӣ оқибат ошкор хоҳад шуд ва дастандаркоронашон шармандаи дунё ва дармондаи охират хоҳанд буд. Ва он рӯзҳо дур нест, ки чеҳраи воқеии созмону ҳаракатҳои зархариди олами ислом, шабакаҳои иҷтимоии фармоишӣ ва хоҷагону пуштибонони хориҷиашон ошкор хоҳад шуд. Ва тамоми башарият, аз ҷумла мардуми шарифи Тоҷикистон аз тасдиқи мазмуни ояти карима «Ҷоа-л-ҳаққу, заҳақа-л-ботил; инна-л-ботила кона заҳуқо» – «Ҳақ омад ва ботил нобуд шуд; ба дурустӣ ки ботил нобудшаванда аст» (Исро, 17:81) бархурдор хоҳанд шуд.      

Пас дар ин вазъияти пурталотум ва тағйирёбанда, ки гурӯҳҳои ҷиҳо­дӣ, мадхалӣ ва сарварии салафияи ваҳҳобибунёд қасди тағйир дода­ни низоми идорӣ ва мафкуравии кишварҳои ҷаҳон, ба хусус мусулмо­ни­ро бо андешаи ифротгароии худ пеша кардаанд, кадом роҳҳои наҷоту хало­сӣ мавҷуд аст? Ин ҷо мехоҳем чанд хулосаи тавсиявиро ба таври зайл пешниҳод намоем:

1. Новобаста ба имкониятҳои бузурги пулию молӣ ва таблиғотии ифротгароёни салафӣ ва ҳомиёни хориҷиашон миллати тоҷик бо такя ба анъанаҳои давлату давлатдорӣ, арзишҳои миллӣ ва мероси гаронбаҳои фарҳанги исломӣ дар асоси мазҳабҳои суннатии кишвар метавонад дар муқобили ин вабои аср истодагарӣ кунад ва дастовардҳои истиқлолияти ҷумҳуриро ҳифз намояд. Танҳо дар заминаи пойдории истиқлолияти давлатӣ арзишҳои миллӣ ва диниро аз таҳоҷуми афкори бегона эмин нигоҳ доштан муяссар мешавад.

2. Дар замони муосир таҷдиди назар кардан ба раванди бонизоми таълиму тарбияи насли ҷавон, аз он ҷумла таълимоти динӣ аҳамияти бузург касб менамояд. Моро зарур меояд, ки дар баробари омӯхтани илмҳои дунявию табиатшиносӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияи нав ба омӯзишии динии наврасон ба маънои огоҳӣ доштан дар бораи динҳои ҷаҳонӣ, ислом ва мазоҳибу равияву ҷараёнҳои он, алалхусус усулу фурӯъҳои мазҳаби ҳанафии мовароуннаҳрӣ таваҷҷуҳи лозимӣ зоҳир намоем, то ки бегонагон аз ноогоҳии ҷавонон истифода бурда мафкураи ботили худро ба сар онҳо бор накунанд. Ҳамзамон бояд таълимоти динӣ низ пурра аз ҷониби ҳукумат ва ниҳодҳои дахлдор барномарезӣ, танзим ва ба амал татбиқ карда шаванд. 

3. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ва зоирони ҳаҷҷи фарзӣ гурӯҳи бештар осебпазири мубаллиғони ифротга­роии салафӣ мебошанд. Аз ин ҷиҳат зарур мешуморем, ки ҳам муҳоҷи­рон ва ҳам ҳоҷиён тибқи барномаи махсуси таълимӣ-омӯзишӣ барои ворид шудан ба кишвари хориҷӣ аз нигоҳи сиёсӣ, тахассусӣ, эътиқодӣ ва ахлоқӣ омода шаванд. Ба назари мо, шаҳр­ван­дони мусулмони Ҷумҳу­рии Тоҷикистон ҳаққу ҳуқуқи комил доранд, ки ниёзҳои худро ҳам дар доираи арзишҳои давлати мустақили миллӣ ва ҳам дар фазои ин­тег­рат­сияи минтақавию умумисиломӣ ба амал татбиқ намоянд. Вале ин ҳеҷ гоҳ маънои онро надорад, ки мусулмонони тоҷик ба муалли­мон, мубаллиғон ва пешвоёни хориҷие эҳтиёҷ доранд, ки аслан аз воқе­ия­ти ҳаёти динию иҷтимоӣ ва анъанаҳои ақлию зеҳнии кишвари мо хуб огоҳ нестанд. Хубтар мебуд, ки ин шарикони хориҷӣ доир ба омӯзиши мероси фаровони хаттию моддии исломӣ бо сохторҳои ҳукуматӣ ва ниҳодҳои илмии мо ҳам­ко­рии судманд ба роҳ мемонданд.   

4. Созмон додани фазои солими тафаккуру андешаи динӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ба истифодаи васеи воситаҳои ахбори омма, нашри маҳсулоти чопии зарурӣ, мақолаҳои илмию таҳлилӣ, гузоришу ташхис­ҳои тахассусӣ ва татбиқи нақшаи чорабиниҳо дар сатҳҳои гуногун пай­ван­ди ногусастанӣ дорад. Мо боварӣ дорем, ки дар маҷмӯъ тадбирҳои зикршуда барои пешгирию паст бурдан ва ниҳоят решакан кардани шиддати шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои ифротгаро ва давлати исломӣ, дарки дурусти арзиш­ҳои давлатдории дунявӣ ва интихоби ҷаҳонбинии динию эътиқодии мабно ба мазҳаби ҳанафии мовароуннаҳрӣ мусоидат менамояд. Ба назари мо, Маркази исломшино­сӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон вазифа ва уҳдадориҳои ойинно­мавии худро дар доираи им­ко­­ни­­ят­­ҳои мавҷудаи кадрию тахассу­си­аш иҷро карда истодааст. Барои беҳтару хубтар кардани натиҷаи фаъолияти худ Марказ бо тамоми вазо­ра­ту идораҳо, мақомоти дахлдор, ниҳодҳои қудратӣ, макотиби олӣ ва муасисаҳои илмии ҷумҳурӣ ҳамко­рии васеъро ба роҳ мондааст, ки гара­ви муваффақиятҳои оянда мебо­шанд ва дар ниҳояти кор, барои татбиқи амалии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт равона хоҳанд шуд.

Ф.Баротзода    –  директори Маркази исломшиносӣ дар    назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон  

Яндекс.Метрика