Баромади Комиссияи ҷамъиятии Маркази исломшиносӣ дар Радиои “ Фарҳанг ”

Санаи 13-уми декабри соли 2023 ҷиҳати амалӣ намудани Нақшаи кории шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ ва талаботи банди 2 ва 13 - и Нақшаи кори Комиссияи ҷамъиятии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бурдани корҳои таблиғотӣ ташвиқотӣ, баргузор намудани барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ роҷеъ ба раванди амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва тарғиби камхарҷ гузаронидани маъракаву маросимҳо кормандони Маркази Мирзозода А, Садуллоев А ва Фотимаи Ш  бо журналисти варзида Б. Қосим дар Радиои “Фарҳанг”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди ҲҶТ дар барномаи “Маросимҳои мардумӣ” суҳбат оростанд. Мусоҳибон дар атрофи раванди амалишавии қонуни миллӣ - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дастовард ва дурнамои он  суҳбат намуданд.
 
Дар ҷараёни суҳбат оид ба тарзи соддаву камхарҷ баргузор намудани маъракаву маросимҳо ва оростани дастурхони хоксоронаи оддии маънавӣ ва дурӣ ҷустан аз зиёдаравӣ ва исрофкорӣ гуфтугӯ намуданд. 
 
Дар навбати худ мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Мирзозода дар бораи баргузории маъракаҳо дар кишварҳои дуру наздик аз ҷумла, кишварҳои Ҳиндустон, Ҷин, Арабистони Саудӣ, Қатар ва ғайра дар муқоиса бо дастовардҳои Тоҷикистон, инчунин бо овардани мисолҳои дақиқ, бартарияти қонуни миллиамонро зикр намуд. 
 
Дар идомаи барнома Аҳмадҷон Садуллоев – корманди Марказ дар мавзӯи “Мақоми Комиссияҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии қонун”  суҳбат намуд. 
 
Зикр гардид, ки Комиссияи ҷамъиятии Марказ низ фаъол буда, пеш аз оғози ҳамагуна маъракаҳо ба ҳамкорон барои дар доираи қонун баргузор намудани маъракаҳояшон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ медиҳад. 
 
Дар анҷоми барнома Фотимаи Шерафган дар бораи талаботи моддаи 7 Ҷашнҳои расмӣ суханронӣ намуда, зикр намуданд, ки “Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ мардуми шарифи кишвар метавонанд ҷашну маросимҳои миллӣ ва динии хешро озодона таҷлил намоянд, ки пештар дар даврони Шуравӣ чунин имкониятҳо мавҷуд набуд”. 
 
Лозим ба ёддоварист, ки мусоҳибаи мазкур қарор аст, рӯзи 16-уми декабри соли 2023, соати 11-30 дақиқа, дар Радиои “Фарҳанг” пахш гардад.
 
Аҳмадҷон  Садуллоев  
Яндекс.Метрика