Бурҳонуддин Марғелонӣ яке аз мутафаккирон ва ҳуқуқшиносони асримиёнагии шохаи мовароуннаҳрии мактаби ҳуқуқии ҳанафия буда, аз худ осори гаронбаҳое боқӣ мондааст [1, с. 25-28; 2, с. 39]. Ақидаҳои ҳуқуқии Бурҳонуддин Марғелонӣ вобаста ба об [3, с. 454-456] яке аз қисматҳои ақидаҳои давлатӣ ва ҳуқуқии ӯ мебошад.
Мувофиқи ақидаҳои ҳуқуқии Бурҳонуддин Марғелонӣ вобаста ба об ҳар кас ҳуқуқ дорад, ки аз чоҳ, ҷӯйбор ё обанбор об бинӯшад ва инчунин чорворо об бинӯшонад [3, с. 454]. Дар таълимоти ҳуқуқии Бурҳонуддин Марғелонӣ вобаста ба об инчунин омадааст, ки агар касе ба ҷӯйбор, чоҳ ё обанбор ҳуқуқи моликиятӣ дошта бошад, пас ӯ наметавонад одамон ё чорворо аз нӯшидани об манъ кунад [3, с. 454].
Дар ақидаҳои ҳуқуқии Бурҳонуддин Марғелонӣ вобаста ба об омадааст, ки обҳо чор хел мешаванд [3, с. 454]. Мутафаккир дар таълимоти худ вобаста ба об намудҳои об ва ҳуқуқи истифодабарии онҳоро мавриди баррасии қарор додааст [3, с. 454-455], ки он дар мақолаи мазкур минбаъд мавриди омӯзишу тадқиқот қарор мегирад.
Мувофиқи ақидаҳои ҳуқуқии Бурҳонуддин Марғелонӣ вобаста ба об намудҳои об ва ҳуқуқи истифодабарии онҳо чунин аст:
1.Оби баҳрҳо, ки аз он ҳар кас ҳуқуқ дорад бинӯшад ё барои обёрии замин бигирад. Агар касе ният дошта бошад, ки ҷӯйборро канда, обро аз баҳр ба замини худ интиқол диҳад, пас ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки ба он монеъ шавад, зеро обҳои баҳрҳо дар истифодаи умумӣ мебошанд, ба монанди нури офтоб ё моҳ ё ҳаво [3, с. 454].
2.Оби дарёҳои калон, ба монанди Оксу, Фурот ё Даҷла, ки аз онҳо ҳар яке бечунучаро ҳуқуқи нӯшидани об ва ҳуқуқи шартии истифодаи обро барои обёрии замин дорад, яъне агар касе майдони холиро кишт кунад, пас ӯ ҳуқуқ дорад, ки барои гузаронидани об аз дарё ҷӯйе кофта, ба он об диҳад, агар ин ба аҳолӣ зарар нарасонад; аммо агар ба назар чунин расад, ки ин зарар мерасонад (масалан, вақте ки дар натиҷаи кандани соҳилҳо об метавонад минтақаи ҳамсоя ва деҳаҳоро зери об гузорад), пас ӯ ҳуқуқ надорад, ки барои обёрии замини худ ҷӯй кобад, зеро пешгирии офати ҷамъиятӣ муҳимтар аст. Мисоли шабеҳ сохтмони осиёб дар соҳилҳои дарё мебошад, зеро вайроншавии соҳилҳо аз сохтмони осиёб ба обёрии замин баробар аст [3, с. 454-455].
3.Обе, ки ҳуқуқи моликияти умумиро ташкил медиҳад ва ба ҳар кас иҷозат дода мешавад, ки ба таври баробар аз он об бинӯшад, зеро ривоятҳо мегӯянд, ки се чиз ба ҳама умумӣ аст: об, алаф ва оташ. Ғайр аз он, чоҳҳо ва монанди инҳо барои нигоҳ доштани об кофта намешаванд, аз ин рӯ об дар онҳо моликияти касе нест ва истифодаи он барои ҳама озод аст, то он даме ки он ҷудо ва муҳофизат карда шавад, чунон ки нисбат ба оҳу, ки танҳо дар замини касе хоб мекунад [3, с. 455]. Ҳуқуқи истифодаи умумии обро муқаррар кардан лозим аст, зеро барои ҳар кас об гирифта гардонидан бо худ ғайриимкон аст; ва азбаски инсон метавонад барои худ ва аспи худ ба об ниёз дошта бошад, пас агар ба онҳо истифодаи бемаҳдуди об манъ карда шавад, одамон хеле маҳдуд хоҳанд буд [3, с. 455]. Аммо, агар касе ният дошта бошад, ки обро барои обёрии замини кишткардааш аз дарё ё ҷӯйборе, ки ба дигарон тааллуқ дорад, гузаронад, соҳибони он метавонанд ба ин монеъ шаванд, зеро дар акси ҳол ҳуқуқи онҳо ба истифодабарии об комилан вайрон карда мешавад [3, с. 455].
4.Оби ҳифзшуда ё ба ибораи дигар, обе, ки дар зарфҳо нигоҳ дошта мешавад. Ин хел об моликияти хусусиро ташкил медиҳад ва ҳуқуқи шахсони дигар ба он паҳн намегардад, ба монанди шикори касе [3, с. 455]. Бо вуҷуди ин, шубҳанок аст, ки оё чунин об низ бо сабаби ривояти дар боло овардашуда истифодаи умумӣ надорад. Пас, агар касе дар вақти эҳтиёҷот ба об, яъне ташнагӣ миқдори онро дуздида бошад, ки барои эътироф кардани дуздӣ кофӣ аст, пас он ампутасия (ампутасия-буридан, буридани даст барои дуздӣ) карда намешавад [3, с. 455].
Адабиёт:
1.Имом Бурҳонуддин Абӯҳасан Алӣ ибни Абӯбакри Марғелонӣ. Ҳидоя Дар 2 ҷилд. Ҷилди I / Аз хати ниёгон ба кирилӣ баргардони Ҳоҷӣ Акбар Насимзода; муқаддима, такмили матни тоҷикӣ, шарҳу тавзеҳот ва тахриҷи аҳодис аз Маъруф Раҳимов; муҳаррир Сироҷиддин Икромӣ. – Душанбе: Ирфон, 2010. – 624 с.
2.Маргиани, Бурхануддин. Комментарии мусульманского права: в 2 ч. Ч. 1. Т. I-II / пер. с англ.; под ред. Н.И. Гродекова; отв. ред., авт. предисл. вступ. ст. и науч. комм. проф. А.Х. Саидов. – М.: Волтерс Клувер, 2010. – 808 с.
3.Маргиани, Бурхануддин. Комментарии мусульманского права: в 2 ч. Ч. 2. Т. III-IV / пер. с англ.; под ред. Н.И. Гродекова; отв. ред., авт. предисл. вступ. ст. и науч. комм. проф. А.Х. Саидов. – М.: Волтерс Клувер, 2008. – 656 с.
Шоев Фируз Маҳмадаминович – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон