АХЛОҚИ МУҲСИНӢ

Китоби "Ахлоқи муҳсинӣ"- и Ҳусайн Воизи Кошифӣ аз зумраи беҳтарин китобҳои ахлоқист, то имрӯз маъруфияти худро аз даст надодааст. Китоб баробари ҳовии муҳимтарин матолиби ахлоқӣ-тарбиявӣ будан, фарогири ҳикоёти дилписанд, ашъори латифи шуарои гуногундавр ва зубдаи панду андарзҳои бузургон буда, намунаи насри зебои асри XV мебошад.

Ин асар дар байни осоре, ки дар ин замина ба қалам омадаанд, ба монанди "Насиҳату-л-мулук"-и Абӯҳомиди Ғаззолӣ, "Сияру-л-мулук"-и Низомулмулки Тӯсӣ, "Ахлоқи носирӣ"-и Насируддини Тӯсӣ ва ғ. аз мақоми хосса бархурдор аст.

Китоби мазкур дар мавзӯъҳои "шукр, сабр, олиҳимматӣ, сидқ, садоқат, шуҷоат, вафо ба аҳд, дурандешӣ, риояи ҳуқуқ, амонату диёнат, адолату авф ва ғ." баҳс менамояд.

Умед бар он аст, ки китоби мазкур писанди хотири хонандагон гашта, барои тарбияи насли ҷавони миллат саҳме мегузорад.

Бознашр аз саҳифаи Саидҷон Амонов

Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика