Асосҳои муносибати давлати дунявӣ ба дин

Ба ақидаи муҳаққиқи рус Конрад Н.И. дунявият дар асли худ арзиши умумибашарӣ буда, ҳудуди миллӣ ва минтақавӣ - ҷуғрофӣ надорад. Башарият дар тўли таърихи ташаккули худ  дар минтақаҳои гуногун то ба ҳадди халқу миллатҳои соҳибдавлат расида, аз он мувофиқи хусусиятҳои миллӣ-мадании худ истифода кардаанд.
 
Бинобар ҳамин, ба ҳайси як меъёри давлатдорӣ  қабул кардани дунявият ва нафаҳмидаю наомӯхта дар шакли ғарбии он татбиқ намудан дар ҳукми давлатдорӣ куллан нодуруст аст. Аз ин гуна муносибат бояд худдорӣ намуда бо ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои миллию динии ҳар минтақа яке аз шартҳои муҳими ҳифзи дунявият ва рушди ҷомеаи демократӣ мебошад.
 
Таҷрибаҳои давлатдорӣ нишон додаанд, ки  ба эътибор нагирифтани ин ҷанбаи масъала метавонад дар роҳи ҳамзистии дину давлати дунявӣ душвориҳо эҷод намояд. Олимону ҷомаешиносон ва ховаршиносон дар таҳқиқотҳои худ мавқею нақши бонуфузи тамаддуни Шарқро дар ин раванд эътироф кардаанд.     
 
Ҳамин тавр масъалаи муносибату таносуби дин ва давлати дунявӣ дар низоми сиёсии ҷомеаи мусулмонии муосир мавриди  таваҷҷўҳи хоса қарор гирифтааст. 
 
Чунки дин ҷузъи ҷудонашавандаи равандҳо ва сиёсатҳои геополитикии кишварҳои мусулмоннишини минтақавӣ мебошад ва  яке аз мавзўъҳои басо муҳиму вале мураккабу баҳснок ба ҳисоб меравад.
 
Ҳамчунин,  дар масъалаи  муколамаи дину давлати дунявӣ, таносуби онҳо, баъзе ҷанбаҳои муносибати дину дунявият ҳанӯз аз давраи роҳандозӣ намудани лоиҳаи қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳсҳои илмӣ- назариявӣ ва динӣ сиёсиву  фалсафиро ба миён овард. Тавассути матбуоти даврӣ мақолаҳои публисистӣ, илмӣ- омавӣ ҳам чоп шуданд. Дертар   муҳаққиқони соҳа  тадқиқотҳои илмиро низ анҷом доданд.
 
Дар маҷму ҷой додани мафҳуми “давлати дунявӣ” дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа асоснок шуда, барои Тоҷикистон бамавқеъ ва саривақтӣ эътироф гардид.  Дар ин мақолот ва назарҳои фалсфӣ - илмӣ  роҳҳои устувор кардани боварӣ дар байни намояндагони ҷаҳонбинии динӣ ва арзишҳои дунявӣ ва диалектикаи онҳо дар даврони бунёди давлати миллӣ нишон дода шудааст. 
 
Бо вуҷуди ҳамин ҳам масъалаи  таносуби  дину давлати дунявӣ дар ҷомеаи муосири мусулмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва ҷанбаҳои методологию назариявии он то имрўз мавриди таҳқиқи ҳаматарафа қарор нагирифтааст. Ҳануз ҳам фикрҳои баҳснок, хусусан аз доираи фаҳмишу таълимотҳои динӣ барои инкори дунявият дар ҷомеаи мусалмонӣ садо медиҳанд.  
 
Омили дигаре, ки дар роҳи ҳамзистии дину давлати дунявӣ ва таҳкими он монеъа эҷод карда метавонад, на аз табиати аслии дину дунявият, балки аз кӯшиши сиёсисозии дин ва ба майдони бозиҳои ҳизбию сиёсӣ кашидани он бармеояд. Мафҳуми калидии дин имон мебошад, ки зиндагии инсонро тавассути қонунҳои илоҳӣ танзим менамояд. Аммо дунявият зиндагии инсонҳоро аз тариқи қонунҳон шаҳрвандӣ ба низом меорад. Вале ин зиддиятро мутлақ гирифтан лозим нест. Зеро дунявият дар асли худ маънои зиддидинӣ не, балки ғайридиниро дорад.
 
Мафҳумҳои калидии дунявият, ба андешаи мо, «гуногунандешӣ» ва «озодандешӣ» мебошад. Озодандешӣ, ки асоси бисёрақидавӣ ба ҳисоб меравад, дар як вақт ифодагари озодии дин ҳам мебошад ва дар ин асос дар низоми дунявӣ баробарии ҳамаи динҳо дар назди қонун эътироф мегардад.
 
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дунявият ҳамчун сифати  сохтори давлатӣ бо назардошти шароиту имконият  ва арзишҳои миллию динӣ ба расмият дароварда шуда, тағйирнопазир мебошад. Муҳимтарин ҷанбаи дунявият дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дунявият ҷанбаи арзишӣ дорад. Он ҳамчун арзиши ғайридинӣ принсипи гуногунақидавии идеологию сиёсиро барқарор менамояд. Ин имкон медиҳад, ки дар асоси ягон ақидаи муайян ба вуҷуд омадани идеологияи давлатӣ ё умумиҳатмӣ бартараф гардад ва ба ҳамзистии дину давлати дунявӣ заминаи қонунӣ фароҳам ояд. Чуноне ки аҳзоби сиёсии гуногун метавонанд дар асоси қонун озодона дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии Тоҷикистон фаъолият намоянд.
 
Дар моддаи 8-и  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки «Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад». Ин чунин маънӣ дорад, ки дунявият ба сифати сохтори давлатӣ на бо мақсади хусусияти идеологӣ додан ба он ва маҳдуд кардани мафкураи динӣ, балки бо мақсади дар қатори дигар мафкураҳо мақоми баробар доштан ва як роҳи пешгирӣ кардан аз ифротгароии динӣ-сиёсӣ ва ҳифзи арзишҳои миллию дунявӣ эътироф гардидааст. Дар ин росто  Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид  кардааст: «Давлатдории миллиро бе ин асос тасаввур кардан мумкин нест, дар такя ба ин асл мо метавонем сохтори ҷамъиятӣ, истиқлолият ва амнияти миллиро таъмин намоем, арзишҳои миллиро ҳифз намуда, барои инкишофи минбаъдаи давлати Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам созем».  Чунин тарзи муносибати идеологӣ ба дунявияти давлат барои дар заминаи ақидаву арзишҳои гуногун ташаккул ёфтани як фарҳанги сиёсии умимимиллӣ- давлатии таҳамулгаро имкониятҳои ҳуқуқӣ муҳайё месозад. 
 
Дар робита ба ҳифзи арзишҳои миллӣ як масъаларо бояд ёдрас кард, ки фарҳанги тоҷику форс на танҳо аз арзишҳои исломӣ, ҳамчунин аз маҷмўи он арзишҳои миллие, ки то зуҳури ислом вуҷуд доштанд, иборат аст. Ин арзишҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ аз Ҳинду Чин сар карда, то ба Юнону Балкан нақши муассир бозидаанд. Баъди зуҳури ислом ҳамин арзишҳо буданд, ки чун заминаи маънавии эҳёи фарҳанги миллии асримиёнагӣ ва давлати миллӣ хизмат карда, миллати моро аз нестшавӣ наҷот дода,садди роҳи    арабшавӣ ва  туркшавӣ гардид. 
 
Пас халқи тоҷик муваззаф аст, ки барои устувории давлати миллии хеш арзишҳои миллиашро дар баробари  арзишҳои исломӣ, ҳифз намуда,  баҳри эҳё ва  ташаккули он кӯшиш намояд.  Ин  зарурият аз он бармеояд, ки имрӯз дар доираҳои рӯҳонияти кишвар ашхосе низ фаъолият доранд, ки арзишҳои тоисломии моро («Авасто», таълимоти гуманистию ахлоқии зардуштия, таълимоти фалсафии монавия, афкори иҷтимоии маздакия, ҷашнҳои Наврўз, Меҳргон, Сада, Гули Сурх, расму оинҳои маишию оилавӣ ва ғ.), ки дар Қуръон аз онҳо ном бурда нашудааст, арзишҳои куфр ҳисобида, инкор мекунанд. Ин амал дар кори ташаккули ҳуввият ва худшиносии миллии шаҳрвандон, махсусуан ҷавонон, таъсири манфӣ мерасонад.
 
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз зарурияти дунявиятро ба сифати сохтори давлатӣ пазируфтан, бо мақсади аз гурўҳҳои ифротгаро ҳифз намудани арзишҳои миллӣ ва таҳким бахшидан ба ҳуввияти миллӣ, ба вуҷуд омадааст.
 
Баҳромбеков В. А. - сардори шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Яндекс.Метрика