Ҳар амале, ки баёнгари риёкорӣ ва худнамоии мардум бошад, аз назари шариати исломӣ ҳаром аст ва бешак корҳое, ки дар ин мақола аз он манъ шуда, намоёнгари ин матлабанд. Чунин амалҳо дар шариат нодуруст ба шумор рафта, дар мавриди шахсоне, ки муртакиби чунин хатоҳо мешаванд, таҳдиди шадиде омадааст.
Масъалаи хурофотпарастӣ ва тақлидкорӣ дар мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифта, Роҳбари давлат аз зуҳуроти нангини бегонапарастӣ, тақлиду таассуб ва зоҳирпарастӣ изҳори нигаронӣ намуданд ва таъкид доштанд, ки:
“Ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишонаҳои ҷаҳолату хурофотпарастӣ густариш меёбанд, он миллат аз зиндагии босаодат маҳрум мегардад.
Дар робита ба ин, як андешаи худро, ки борҳо гуфтаам, бори дигар хотирнишон менамоям: хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад.
Борҳо гуфтаам, имрӯз низ баён медорам, ки хурофот ҷаҳолат аст, ҷаҳолат барои миллат танҳо бадбахтӣ меорад”.
Имрўз дар ҷомеаи мо баъзан раванди хурофотпарастӣ, инчунин бегонапарастии кўр-кўрона ба назар мерасад, ки хоси мардуми шарифи тоҷик нест. Дар ибтидо одамон ба тарзи намозхонии баъзе равияҳо тақлид мекарданд, имрўз бошад баъзе занон ба тарзи либоспўшии бемантиқи шарқӣ тақлид мекунанд.
Мардуми шарифи тоҷик, алалхусус занону модарони мо таи садсолаҳо либосҳое мепўшиданд, ки ба талаботи шариат ҷавобгў буда, урфу одати маҳаллӣ ва хусусиятҳои ҷуѓрофиро ба инобат гирифта буд. Чунин тарзи либоспўшӣ ҳоло ҳам дар деҳоти Тоҷикистон ба назар мерасад: куртаҳои гиребондор, остиндароз, дар сар рўймол ё дока, зеро зан пеш аз ҳама модар аст, аксар вақт нигоҳубини кўдак, омода намудани таъом, тозагии хонадон ва дигар вазифаҳои хоҷагидорӣ ба дўши зан аст. Бо дидани чунин либос дили одам ором мегирад, зеро чунин либос дар асл либоси модарони мову шумо аст.
Кӣ гуфта метавонад, ки либоси модарони мо хилофи талаботи шариат буд? Ҳеч кас. Бо пӯшидани сару либоси миллии тоҷиконаи модаронамон талаботи шариатии сатр пурра иҷро мегардад. Пас, чӣ ҳоҷат ба пӯшидани ҳар гуна либосҳои сиёҳи ба фароҳанги мо бегона! Дар асл халқи тоҷик либоси сиёҳро дар рӯзҳои мотаму азодорӣ мепӯшанд.
Мо тоҷикон дар муҳити хуби деҳот, ки сар то по саршори меҳру муҳаббат аст, дар рўҳияи ватандўстӣ ва ифтихори миллӣ ба воя расидаем. Мо халқе ҳастем, ки дорои тамаддуни қадим буда, бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ хоси мардуми мо нест. Бегонапарастиву тақлид хилофи ҳама гуна тамаддуну маънавият буда, дар ягон давру замоне намояндаи ин ё он миллатро муҳтарам накардааст. Баръакс, пос доштани ҳар як унсури фарҳанги миллӣ на фақат асосҳои маданияти миллиро устувор мекунад, балки барои ба наслҳои баъдина интиқол додани онҳо кумак мерасонад, ки ин хоси инсонҳои соҳибмаърифат аст.
Пас чаро мо бояд дар либоспўшӣ ва фарҳанг ба дигар миллатҳо тақлид кунем, дар ҳоле ки онҳо либоси атласу куртаи чакани тоҷикӣ намепўшанд?
Бо мақсади арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки тарҳи либоси миллиро барои занон омода созанд, ки ҷавобгў ба талаботи дини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ бошад. Ҳамчунин, қаблан Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми наҷиберо роҳандозӣ намуда, китоби мусаввареро ба табъ расонида буд, ки дар он намунаи либосҳои тавсиявӣ барои занон дарҷ гардидаанд. Агар кас бо ин тавсияҳо ошноӣ пайдо кунад, ҳатман ин либосҳо писандаш меоянд. Зеро либосҳои тавсияшуда замонавӣ ва зебо буда, барои кору фаъолият лоиқ мебошанд.
Дар баробари занон баъзе мардони мо низ худро ба дигар миллатҳо монанд карда, либосҳои дароз ва кулоҳҳои хориҷӣ мепўшанд, ришҳоро дароз монда, шимҳоро калта мекунанд. Бо дидани ин манзара одам аз чунин шахсиятҳо ба ҳарос меояд, зеро шакли зоҳириашон ба ифротгароён шабоҳат дорад. Мардон бояд донанд, ки пўшидани либоси дароз ягон фазилате надорад ва либоси исломӣ ҳам ба ҳисоб намеравад. Чунин тарзи либоспўшӣ танҳо дар баъзе давлатҳои шарқ роиҷ буда, дар шариати исломӣ ҳукми хос надорад.
Онҳое, ки бо мондани риши дарозу пароканда, ифлосу тамйизношуда гумон мекунанд, ки савоб мегиранд, таъкид мекунем, ки садҳо роҳҳои ба даст овардани савоб вуҷуд дорад. Сари ятимеро сила кардан, бенавоёнро дастгирӣ намудан, роҳу кўпрук, мактабу бунгоҳи тиббӣ сохтан беҳтарин василаи ризогии Худо аст.
Ҳама рўз рўза будан, ҳама шаб намоз хондан,
Шаби ҷумъаҳо нахуфтан, ба Худой роз гуфтан,
Зи Мадина то ба Каъба сару по бараҳна рафтан,
Ду лаб аз барои лаббайк ба вазифа боз кардан,
Ба Худо, ки ҳеҷ якеро самар он қадар набошад,
Ки ба рўи ноумеде дари баста боз кардан.
Ҳаким Саноӣ
Мардуми шарифи тоҷик аз рўйи хайрдӯстӣ ва дастгирӣ намудани мӯҳтоҷон маъруф ва машҳур гаштааст. Хайрро дўст медоранд ва бояд боз ҳам дар назар доранд, ки дар атрофи мо ятимону мўҳтоҷони зиёде вуҷуд ҳастанд ва онҳо барои кўмаки ҳар яки мову шумо эҳтиёҷманданд.
Муҳтарам ҷамоат! Мо бояд андеша кунем, ки дар асри 21 зиндагӣ мекунем, дигар миллатҳо чунин масъалаҳои дуввумдараҷаро кайҳо ҳал карда, киштиҳои кайҳонӣ месозанд ва дар пайи тасхири коинот мебошанд, мо бошем ҳоло ҳам дар масъалаҳои риши кӣ дарозтар, либоси кӣ исломитар, дар мондаем. Вақти он расидааст, ки дини исломро дуруст дарк кунем ва дар пайи пешрафти ҷомеа ва ободонии Ватан бошем. Мо бояд аз гузаштагони бузурги миллатамон ибрат гирем, зеро Абўалӣ ибни Сино, ал-Берунӣ, ал-Хоразмӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва садҳои нобиѓаҳои миллати тоҷик дар замони худ улумеро тадвин карда буданд, ки аз даври худ 1000 сол пешрафтатар буд.
Аз ин рў, моро низ зарур аст, ки барои гирифтани илму дониши замонавӣ талош кунем, ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти ҷиддӣ дода, аз дастовардҳои илму технологияҳои замонавӣ ва фарҳанги пешрафта истифода барем, барои васеъ кардани ҷаҳонбинии худ саъю кўшиш карда, дар пайи тақлиди унсурҳое, ки кишварро ба асрҳои миёна мебаранд, талоши беҳуда накунем.
Бояд дар хотир дошт, ки гиромидошти арзишҳои миллӣ, ватандўстӣ, ободии ватан, тарбияи фарзандони солеҳ ва амсоли инҳо муқаддасотеанд, ки мо бояд онҳоро пос дорем ва ҳифз намоем.
Абдураҳмон Ваҳобзода
Муовини директори Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон