
Халқҳои эронитабор аз нигоҳи динофаринӣ ба зумраи нодиртарин нажодҳо ва халқиятҳои ҷаҳон тааллуқ доранд. Чи тавре, ки гуфтан мумкин аст, ки дар ҳавзаи тамаддуни ҳиндуориёӣ тоҷикон ва эрониён дар таърихи тамаддуни башарӣ панҷ дини маъруф: меҳрпарастӣ, зарвония, зардуштия, монавия ва маздакияро арза намудаанд. Аз динҳои эронӣ ду дин: меҳрпарастӣ ва монавия дар таърихи тамаддуни бостон ба зумраи динҳои берун аз марзу буми Эрони Бузург интишор ёфта, аз ин нигоҳ, ба қатори динҳои ҷаҳонӣ ворид мешаванд. Гузашта аз ин, таъсири динҳои эронӣ ба динҳои ҳиндӣ, ки ба динҳои эронӣ аз як решаанд ва ба динҳои сомӣ, ки дар ҳамсоягии наздики ҷуғрофиёӣ ва доду гирифту муносибатҳои наздики сиёсӣ будаанд хеле зиёд мебошад.
Эрониёни шарқӣ дар сарзамини Осиёи Марказӣ ва Хуросон қисмате аз Эрону Афғонистони имрӯза, эрониёни ҷанубу ғарбӣ сарзамини имрӯзаи Эрон ва қисмати Эронро ташкил мекарданд.
Мувофиқи маълумоти имрӯзаи диншиносон дар бораи эътиқод ва анъанаҳои динии пеш аз исломии қавмҳои эронинажод қабл аз зуҳури Зардушт, дини зардуштия ва динҳои баъд аз он ба сарчашмаҳои динҳои ҳинду ориёӣ: Ведҳо, Авесто, катибаҳо, тарҷумаҳо ва тафсирҳои паҳлавии Авасто, Бундаҳишн, Додастони диник, Гузидаҳои “Зодаспарам”, Ривоятҳои паҳлавӣ, Менуи хирад, Ардавирнома, Динкард, Баҳман Яшт, Хайоткори Зомоспик, Пандномаи Зардушт, “Шоҳнома”-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва шоҳномаҳои манзуму мансурӣ пеш аз ӯ, ки ба Масъуди Марвазӣ, Абӯмуайяди Балхӣ, Абӯмансур ва Дақиқӣ тааллуқ доштанд, инчунин баъзе катибаҳои мазҳабию таърихӣ, ки охирон кашф гардидаанд. Ҳамчунин маълумоти муаррихону мутафаккирони юнониву румӣ: Ҳеродот, Ксенофан, Фукидид, Плутарх ва Жустин ва бозёфтҳои бостоншиносон асос ёфтаанд.
Ин масъаларо олими бостоншиноси маъруфи тоҷик Юсуфшоҳи Яъқуб дар монографияи худ “Динҳои Суғди бостон”, ки бо забони русӣ ба табъ расидааст, исбот намудааст. Ин мутахассиси варзидаи бостоншинос дар асари мазкури худ зикр намудааст, ки дар шаҳраки Афросиёб ва баъзе ёдгориҳои таърихии ба давраи пеш аз исломӣ ва бостон дахлдошта, ки дар ҳудуди вилояти Суғд кашф гардидаанд, ҳайкалчаҳои гуногуне ёфт шудаанд, ки баъзеи онҳо ифодагари қавваҳои нек (аҳурамаздоӣ) ва бархе таҷассуми қувваҳои бад (аҳриманӣ) мебошанд [3].
Халқҳои эронизабон дар ибтидо неруҳои табиӣ монанди офтоб, моҳ, ситорагон, хок, оташ, об ва бодро мепарастидаанд. Меҳр худои рӯшноӣ, худои ҳақиқат, танзимкунандаи корҳои олам, ҳомии мазлумон, худои ҷангу набардҳо будааст, ки тамоми қабоил ва тавоифи ориёиҳои бостонӣ дар ҳар ҷо ва ҳар кишваре ӯро мешинохтанд ва месутуданд. Яке аз сурудҳои “Яшт”-дар Хурд Авесто Митраро монанди худое, ки подшоҳон қабл аз оғози ҷанг назди ӯ намоз мебурдаанд, ёд кардааст. Номи ин Худо дар китоби муқаддаси ҳиндувон – Ригведа низ зиёд омадааст.
Оини меҳрпарастӣ (митраизм) таълимоти худро дар асоси фалсафаи наҷоти фардӣ ё инфиродӣ бунёд ниҳода буд. Яъне ҳар фард бояд дар фикри наҷоти худ аз тариқи тай намудани марҳилаҳои муайян бошад. Дар меҳрпарастӣ шахси муъмин бояд имтиҳони сахтеро мегузашт, ки он аз иҷро кардани якчанд маросим: 1) ғусли таъмид, 2) маросими пок кардани гуноҳҳо ба воситаи асал (дар маротиби олитар), 3) маросими масрафи об, нон ва шароби муқаддас, 4) маросими ниёиш, 5) риёзат, 6) пок кардани вуҷуди худ аз гуноҳҳо ба воситаи қурбони кардани гов иборат буд.
Умуман, таъсири эътиқодоти меҳрпарастӣ ба ташаккули тасаввуротҳо ва эътиқодоти динҳои яҳудиву насронӣ ва исломӣ хеле фаровон ба назар мерасад. Масалан, меҳрпарастон ба Митра ҳамчун ба худои рӯшноӣ ва наҷотбахши башарият эътиқод доштанд, насрониён бошанд чунин наҷотбахшро дар симои Исои Масеҳ мебинанд. Митра аз батни духтари бокира ба дунё омадааст, Исои Масеҳ низ, тибқи эътиқодоти насрониён ва мусулмонон аз батни Марям ба олам омадааст. Ҳам Митра ва ҳам Исои Масеҳ иродаи падархудоро дар рӯи замин татбиқ менамоянд, фарқият фақат дар ҳамин аст, ки ин падархудо дар ойини меҳрпарастӣ Аҳурамаздост, аммо дар динҳои яҳудӣ ва насронӣ Яҳво хитобида шудааст. Чӣ тавре аз ривоятҳои Таврот бармеояд, яҳудиёни қадим Яҳворо бо Аҳурамаздо айният медодаанд.
Ойини меҳрпарастӣ, ки аслан дини қадимаи эрониҳо буд, дар замони Сосониён низ аз байн нарафта буд. Мӯбадони зардуштӣ таълимоти онро ҳамчун ҷузве аз таълимоти дини зардуштӣ қабул ва ба таркиби Авесто ворид карда буданд. Яке аз муҳимтарин хизматҳое, ки Сосониён барои фарҳанг ва тамаддуни башарӣ анҷом додаанд, таълифи Авесто мебошад, ки дар он натанҳо таълимоти дини зардуштӣ, балки маросиму эътиқодоти меҳрпарастӣ ва дигар дину ойинҳои қадимаи мардуми эронитабор низ акс ёфта буданд. Эҳё ва рушди бесобиқаи фарҳанг ва дину ойинҳои бостонии эрониён дар давраи салтанати Сосониён метавонист дар ҳудуди империяи Рим низ мавҷи эронишавии ва эронигароиро ба вуҷуд оварад. Дар ин росто ягона роҳе, ки садди ҳуҷуми фарҳанги эронӣ шуда метавонист – ба вуҷуд овардани як низоми динӣ- идеологие буд, ки он мебоист аз таъсири меҳрпарастӣ ва дигар аносири фарҳанги эронӣ комилан озод бошад. Чунин низом дар шакли дини насронӣ тазоҳур намуд [2].
Бо вуҷуди ин, нақши бузурги ойини меҳрпарастӣ дар ташаккули фарҳанг ва тамаддуни аврупоӣ ва умуман, фарҳанги умумибашарӣ, хеле муассир ва бузург мебошад. Тавассути ин ойин мардуми Аврупо ва дигар манотиқи ҷаҳон бо як қатор ғояҳои муҳими динӣ-ахлоқии эронитаборони бостонӣ, мисли поквиҷдонӣ, вафо ба аҳд, хизмат ба ҳамкешону ҳамватанон, гуфтору пиндор ва рафтори нек ва ғайра аз наздик шинос шуда, аз онҳо дар ислоҳу тарвиҷи фарҳанги худ баҳрабардорӣ намудаанд.
Яке аз аввалин маросимҳои зардуштия ба ҷамоаи динӣ қабул кардан мебошад. Ин маросим дар синни понздаҳсолагии ҷавонон сурат мегирад ва яке аз муҳимтарин расмияти он бастани “куштӣ” (Айвёнгаҳан), камарбанди динии хосе, ки аз ҳафтоду ду нах, аз пашми гӯсфанди сафед аз шаш риштаи дувоздаҳнахӣ дар се ҳалқа ва бо чаҳор гиреҳ дутогӣ аз пешу ақиб мебошад. Ин ҳама рамзе дорад аз ҷумла себор мепечонанд ё бастани ресмон рамзест аз се зинаи ахлоқии Зардуштия (яъне пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек). Аз ҷумлаи маросимҳои зардуштия ҳафт иди уст. Бузургтарин ид бахшида ба Аҳурамаздо ва шаштои дигар ба Амэшаспэта ва ҳафт офаридаҳои онҳо мебошад. Ҳамаи идҳои Зардуштия бо тақвимҳои деҳқонӣ зич алоқаманд аст. Аз ҷумлаи маросимҳои зардуштия ҳафт иди уст. Бузургтарин ид бахшида ба Аҳурамаздо ва шаштои дигар ба Амэшаспэта ва ҳафт офаридаҳои онҳо мебошад. Ҳамаи идҳои Зардуштия бо тақвимҳои деҳқонӣ зич алоқаманд аст. Наврӯз дар Зардуштия ҳафтумин ва бузургтарин ҷашнест, ки ба бузургдошти Ашо-Вахишта (беҳтарин ростиву адолат, ки рамзи он оташ аст ва охирин рӯзи олам, ки дар он ашо – ростӣ) ғалаба мекунад ва ҳамин рӯзи охирин дар ҳамон як вақт аввалин рӯзи ҳаёти нави абадист, бахшида шудааст. Мувофиқи сарчашмаҳои дигар инсон маҳз ҳамин рӯз по ба замин мондааст ва Аҳурамаздо – бузургофаридгор, ҷаҳонро дар чунин рӯз офаридааст [1].
Адабиёти истифодашуда:
1. Абдуллозода Ш. Асосҳои диншиносӣ. Нашри 2, Душанбе - 2014.
2. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Виркан М., Шоев З. Таърихи динҳо. Душанбе, “Дониш”-2014.
3. Якубов Ю. Религия Древнего Согде. Душанбе “Дониш”, 1996.
Шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ