Аз китоби Абӯлайси Самарқандӣ, ривоят аз Акрама

Рӯзе як мард, аз назди хонае мегузашт, ки он ҷо дарахтеро дид. Он дарахт қариб, ки пурра латтапеч буд, зеро мардуми он маҳалла ба навдаҳои он латтаеро мебастанд ва аз ӯ талаби хоҳишҳои худро мекарданд. Муттаассифона ингуна дарахтон ва мазорҳо дар баъзе аз маҳаллаҳои мо низ вуҷуд доранд.
Он мард, ки хело марди боимону баномус буд, баъд аз он ки дарахтро дид ният кард, ки ҳозир ба хона меравам ва табарро гирифта ин дарахтро решакан мекунам, зеро вай мардумро гумроҳ карда истодааст.
Мард ба хонааш омад ва табарро гирифта дубора сӯи дарахт шитобид. Ҳангоми ба дарахт наздик шуданаш, шайтон ки бо мардуми гумроҳ назди он дарахт буд, ба назараш ин марди табардор расид. Вай назди ин мард омад ва гуфт:
- Ту куҷо равонаӣ? Чӣ кор мекунӣ?
Он мард дар ҷавоб:
- Ман ин дарахтро аз решааш меканам, зеро вай мардумро гумроҳ карда истодааст.
Шайтон, ки бисёр ҳиллагар аст, дид, ки ин мард хело дар нияти худ устувор аст. Баъд ба вай гуфт:
- Ман намегузорам, ки ту ба ҳамин осонӣ рафта ин дарахтро решакан кунӣ. Як шарт, биё ҳамроҳи ман муҳориба(гуштин) кун, агар ғолиб омадӣ пас бирав ҳар чӣ хоҳи кардангир.
Он мард, ки нияташ холис аз барои Аллоҳ буд, розӣ шуд ва ҳар се маротибае, ки онҳо байни худ муҳориба мекарданд, ин мард бар шайтон ғолиб меомад.
Вақте шайтон дид, ки ҳаммаи амалҳои ин мард холисона аз барои Аллоҳ аст ва Худованд бар вар қувваву шуҷоати беандоза насиб кардааст. Шайтон дарав ба ҳиллаи дигар гузаш, ки ҳоло ин ҳилларо мардуми яҳуд пеша кардаанд. Ба мард гуфт:
- Хуб, ҳозир ту мерави ин дарахтро меканӣ, баъд чӣ? Чӣ фоидае ба ту мерасад?
Биё ман ба ту ҳар субҳ се танга медиҳам, ту боши он дарахтро ба ҳоли худ гузор.
Он мард розӣ шуд ва гуфт:
- Пешниҳоди хуб. Ба ман писанд, ман розӣ.
Баъд он мард ба хонааш баргашт. Ҳар субҳ ин мард онгунае, ки шайтон гуфта буд, соҳиби се танга мешуд.
Аз байн чанд рӯз гузашт ва дар яке аз рӯзҳои навбати вақте мард бедор шуд дигар тангаҳои ваъдашуда набуданд. Мард асабонӣ шуд ва дубора тасмими худро гирифта бо табар сӯи дарахт шитобид.
Боз ҳам шайтон пеши роҳи ӯ шуд:
- Куҷо равонаӣ?
Мард истод ва гуфт:
- Ман омадам то ин дарахтро решакан кунам.
Шайтон ба ҳоли ин мард нигарист:
- Ту акнун дигар ин дарахтро решакан карда наметавонӣ. Биё аввал ҳамроҳи ман гуштин гир, мисли пешин.
Се маротибае, ки онҳо гӯштин гирифтанд, дар ҳар се маротиб шайтон бар ин мард ғолиб баромад.
Мард дар ҳайрат монд. Шайтон ба ӯ гуфт:
- Ҳайрон машав! Он дафъа вақте бори аввал ту омади, нияти ту холисона аз барои Аллоҳ буд. Лекин ҳоло ту аз барои Аллоҳ не, балки аз барои пул омадӣ. Ту ҳангоме омадӣ, ки дигар тангаҳои ба ту дода нашуданд, аз ҳамин сабаб ту дигар бар ман ғолиб нахоҳӣ омад.

Аз китоби Абӯлайси Самарқандӣ, ривоят аз Акрама.

Таҳиякунандаи мавод : Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика