Аз Боязиди Бостомӣ Орифи бузург пурсиданд. Ин мақоми арзишмандро чӣ гуна ёфтӣ? Гуфт: Шабе модарам аз ман об хост. Нигоҳ кардам дар хона об набуд. Кӯзаро гирифтам ва ба ҷӯй барои об рафтам. Чун бозгаштам дидам, ки модарамро хобаш бурдааст. Пас ба худ гуфтам агар бедорашон кунам гуноҳкор хоҳам буд. Он гоҳ интизор шудам то бедор шавад. Ҳангоми бомдод ӯ аз хоб бедор шуд ва маро болои сари худ бидид ва гуфт: Чаро истодаӣ? Қиссаро барояш гуфтам! Онгоҳ модарам бархесту таҳорат кард ва ба намоз истод. Пас аз хондани фариза даст ба дуо бардошту гуфт: Худоё чунон, ки ин писарро бузург ва азиз доштӣ, андар миёни халқ низ ӯро азиз ва бузург гардон. Ҷалби ризоияти модар одамиро ба мақомҳои волоӣ маънавӣ мерасонад. Гоҳе як дуои волидайн аз самими қалб зиндагии як инсонро дучори тағйироти бунёдӣ мекунад.
Таҳиякунандаи мавод :
Абдуллоҳи Қодирӣ