Сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон ба ҷаҳониён як силсила донишмандону мутафаккиронро ато кардааст, ки бо таҳқиқот ва ковишҳои худ дар улуми мухталиф, мисли табиатшиносӣ, мантиқ, дину фалсафа ва ғайра дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштаанд. Абумансури Мотуридӣ аз ҷумлаи онҳост, ки тамоми умри хешро ба таҳқиқу тадбиқи масоили илоҳиёт, ҳуқуқи исломӣ (фиқҳ), шариат, калома бахшидааст. Имом Мотуридӣ дар таърихи фарҳанги исломӣ бештар ба унвони яке аз бузургтарин донандагони илми калом эътироф гардида, ҳамчун бунёнгузори мактаби каломи Мовароуннахрӣ шинохта мешавад. Шуҳрати ӯ дар ин ҷода ҳанӯз дар замони зиндагиаш саросари ҷаҳони исломро фаро гирифта буд. Калом ё илми калом чист? Калом (ар. كلام), илми калом — ҷараёни динию фалсафии афкори идеологии асрҳои миёнаи халқҳои Шарқи Наздику Миёна буд, ки асоси фалсафаи ислом ташкил медиҳад. Пайравони каломро муктукаллим меномиданд.
Муҳаммади Шаҳристонӣ дар «Ал-милал ва-н-ниҳал» ду маънои каломро нишон додааст: 1) «Зоҳиртарин масъалае, ки (мутакаллимон) сухан бар сари он гуфтаанд, сухан бувад дар каломи Ҳақ (яъне Қуръон), ки оё қадим аст ё ҳодис», 2) «ё аз он ҷиҳат, ки (онҳо) бо фалсафа муқобила кардаанд ва эшон фанне аз фунуни илми хеш мантиқ ном карданд ва (азбаски) мантиқу калом ду лафзи мутақорибанд дар маънӣ, эшон ин илмро калом ном карданд» (саҳ. 46). Калом дар се марҳила ташаккул ёфтааст. Дар марҳилаи аввал калом бо номи муътазилия маълум буд. Дар марҳилаи дуюм каломи ашъарӣ ва мотридӣ ба вуҷуд омад, ки ҳар ду ҳам каломи суннӣ буда, ба он дар ибтидои асри 10 Абулҳасан Алӣ ибни Исмоили Ашъарӣ ва Абумансур Муҳаммад ибни Маҳмуди Мотридӣ асос гузоштанд. Маъруфтарин пайравони каломи суннӣ Абубакри Боқилонӣ, Исфароинӣ, Абдулмалики Ҷувайнӣ, мулаққаб ба Имому-л-Ҳарамайн, Қушайрӣ буданд. Вазифаи каломи суннӣ бо далелҳои мавҳуми ақлӣ ва соф мантиқию шаклӣ исбот ва муҳофизат кардани ақоиди динӣ буд. Мутакаллимон «ақоиди аҳли суннатро аз рахнаву дастандозии аҳли бидъат ҳифз намуда» (Муҳаммади Ғазолӣ), мекӯшиданд, ки «бидъатҳо аз миён биравад ва анвои шакку шубҳаҳо аз ин ақоид зоил гардад» (Ибни Халдун). Калом дар марҳилаи сеюми инкишофи худ бо фалсафа омехта, ғайр аз муҳокимаи масъалаҳои ихтисосӣ ба ҳалли мушкилоти онтологию гносеологӣ машғул шуд ва рақиби фалсафа гардид. Ин корро Муҳаммади Ғазолӣ сар кард ва баъд Шаҳристонӣ, Фаридуддини Балхӣ, Фахруддини Розӣ, Иззуддини Иҷӣ, Тафтозонӣ равияи ӯро давом доданд. Мавзӯи баҳси калом ҳамчун илоҳиёти ислом зоту сифатҳои Худо, офариниши одам, нубувват ва ҷазою сазои охират мебошад. Густариши ислом ва ошноии муслимин бо фарҳанг, дидгоҳҳои фалсафӣ, тамаддун ва гароишҳои динии ақвоми мухталифи таҳти тасарруфи хилофат аз ҷумлаи муҳимтарин унсурҳои ташаккул ва такомули ҷараёнҳо ва мактабҳои гуногуни каломӣ, аз қабили хавориҷ, мурҷиъа, муътазила, ашъария, карромия, исноашария, ботиния ва ғайра гардиданд. Ва дар чунин шароите нақши Абумансури Мотуридӣ ва омӯзаҳои каломии ӯ дар рафъи ихтилофоти мазҳабӣ ва таъмини суботи сиёсию иҷтимоӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон хеле бузург буд».
Абумансури Мотуридӣ кӣ буд?
Ба гунае ки қайд гардид, Абумансури Мотуридӣ яке аз чеҳраҳои шинохта ва донишманди бузурги фиқҳу каломи қарни Х дар қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон маҳсуб мешавад, ки то имрӯз номи ӯ вирди забонҳост. Мутаассифона дар бораи Абумансури Мотуридӣ дар сарчашмаҳо маълумоти хеле ночиз омадааст, бавижа дар бораи зиндагии вай. Номи пурраи мутафаккир Абумансур Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Маҳмуд ал-Ҳанафӣ ал-Мотуридии ас-Самарқандӣ мебошад. Соли таваллуди ӯ дақиқ маълум нест, вале тахмин меравад, ки ӯ дар соли 870м. дар деҳаи Мотуридӣ атрофи Самарқанд ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро аз падараш Муҳаммад ибни Маҳмуд дар мактаби деҳаи худ Мотурид (ҳоло ноҳияи Ҷомбой) гирифта, сипас таҳсилро дар шаҳри Самарқанд, идома медиҳад. Замони зиндагии ал-Мотуридӣ интиқоли пойтахт аз шахри Самарқанд ба Бухоро (охири асри 9) рост меояд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, Самарқанд ҳам мисли Бухоро маркази иктисодӣ, илмӣ ва маънавии Мовароуннахр буданашро аз даст надод. Дар аксари маворид маъхазҳо хабар медиҳанд, ки ӯ соли 944м. дар Самарканд вафот кардааст. Оромгоҳи ӯ дар қабристони Чокардиза, дар наздикии шаҳри мазкур ҷойгир аст. Аз ин беш маълумоте дар ин маврид наомадааст.
Устодони Абумансури Мотуридӣ. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо Абумансури Мотуридӣ Абубакр Аҳмад ал-Ҷузҷонӣ, Абунаср Аҳмад ал-Иёдӣ, Муҳаммад ибни Муқтилаи Розӣ, Нусейр ибни Яҳёи Балхиро устодони худ ҳисобидааст, ки улуми марбут ба замону ҷомеаи худро аз онҳо омӯхт ва баъдан ҳамчун шахси соҳибистеъдоду донишманди бузург машҳур гашт. Аз ин миён Нусайр ибни Яҳёи Балхӣяке аз донандагони бузурги ҳуқуқи исломӣ ва аз пайравони таълимоти асосгузори мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам Абуҳанифа (асри VIII) шинохта мешавад. Ал-Мотуридӣ ба фикҳ ва калом таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, дар нишасту вохӯриҳо бо олимони машҳур, мутакаллимони қарматӣ, шиа ва муътазилия, фақиҳон, муҳаддисон (муҳаққиқони аҳодиси набавӣ) фаъолона ширкат меварзид ва дар мавриди масъалаҳои доғи замонаш мисли масоили илоҳиёт, динӣ-мазҳабӣ, ки баъдан асоси таълимоти ӯ дар илми калом шуданд, инчунин санъати бурдани мунозираҳо, усул, тафсир, илмҳои қуръонӣ ва ғайра бо онҳо баҳсу мунозира мекард. Натиҷаи фаъолияти пурсамари вай таълифи чандин асар дар мавзуъҳои фавқуззикр ва таъсис ёфтани мактаби каломӣ дар асоси таълимоти ӯ гардид. Аксари осори Мотуридӣ то ба замони мо нарасидааст ва агар вуҷуд дошта бошанд ҳам, шояд дар китобхонаҳо ва фондҳои кишварҳои хориҷӣ қарор доранд.
Аз рӯйи мавзуъбандӣ эҷодиёти мутафаккирро дар се самти асосй мушоҳида кардан мумкин аст. Ин таълифи тафсирҳо ба Қуръон аст, ки ӯ китоби «Таъвилот аҳл-с- сунна», маъруф ба «Таъвилот ал-Қуръон» ба он бахшидааст. Дар айни замон нусхаҳои дастнависи онҳо мавҷуд мебошанд. Ин асар, ба андешаи олимони диншиноси муосир, аз ҷиҳати аҳамият ва маънию мазмуни худ барои пайравони равияи мотуридиён бесобиқааст.
Самти дуюм – илоҳиётшиносии калом аст, ки дар китоби «Китобу-т-тавҳид» - «Китоби дар бораи ягонагии Худо» тавсифи муфассали дидгоҳи ӯ дар ин масъала дарҷ гардидааст. Муаллиф дар он асосҳои ҷаҳонбинии ортодоксии сунниро баён намуда, таълимоти равияҳои динии мухталифро мавриди интиқоди шадид қарор додааст. Ин асари ӯ сарчашмаи асосии шинохти таълимоти динии тарафдорони ақоиди мотуридия гардид. Асарҳои дигари ӯ низ ба ҳамин мавзуъ бахшида шудаанд. Аз ҷумла, китобҳои «Шарҳ ал-фиқҳу-л-акбар», «Рисола фи-л-имон», «Китобу-л-мақолот», «Баён ваҳми-л-муътазила», «Китоб радд таҳзиб ал-ҷадал ли-л-Каъбӣ», «Китоб радд воид ал-фуссақ ли-л-Каъбӣ», «Радду авайил-адилла ли-л-Каъбӣ» ва ғайра.
Самти сеюми мавзуи осори ал-Мотуридӣ ин ҳуқуқи исломӣ (фиқҳи исломӣ) аст, ки ба он ду китоб: «Маохиз у-ш-шаройиъ» ва «Китобу-л-ҷадал»-ро бахшидааст. Мутаассифона, ин китобҳо на ба шакли дастнавис ва на чопӣ то замони мо нарасидаанд. Ошноии хонанда ва пайравони ӯ бо муҳтаво ва мазмуни ин таълифоти Мотурудӣ, ки то мо нарасидаанд, танҳо тавассути осори шогирдонаш, ки дар олами илми мусулмонӣ машҳуру маъруф будаанд, метавонад сурат гирад.
Шогирдони Абумансури Мотуридӣ. Аз ҷумлаи шогирдони ў Абу Исҳоқ ибни Муҳаммад ибни Исмоил, Абулҳасани Рустағфонӣ, Исҳоқ ибни Муҳаммади Самарқандӣ, Абумуҳаммад Абулкарим ибни Мусо Ал-Паздавӣ, Абуллайси Самарқандӣ, Абулҳасани Самарқандӣ Абу аль-Хасан Паздавӣ, Сафари Бухорӣ, Наҷмиддин Умари Насафӣ, Сабунии Бухорӣ, Умари Ҳанафӣ, Ал-Хатиб ал-Бағдодӣ, Абдукарим Саъади Сомонӣ, Абулфидо Зайниддин Қосим ибни Кутлубуѓа ва дигарон мебошанд. Ба шарофати идома додани таълимоти устодашон дар мазҳаби ҳанафӣравияи мотуридӣба вуҷуд омад, ки ба ташаккули мактаби нав ибтидо гузошт. Кобили зикр аст, ки дар интишори таълимоти Мотуридӣ шогирди ӯ Абулмуин ан-Насафӣ саҳми вижа дорад. Дар таълифоташ «Табсирату-л-адилла», «Баҳру-л-калом» ва «Китоб ал-тамҳид ли-қавоиди-л-тавҳид» дар бораи Абумансури Мотуридӣ ва таълимоти ӯ маълумоти хеле муҳим овардааст. Аз ҷумла, ба дидгоҳи ӯ нисбат ба калом таваҷҷўҳи хос зоҳир намуда, дар асоси маълумоти илмӣандешаҳои худро перомуни осори мутафаккир баён намуда, хонандаро бо шахсияти ин олими бузург ҳамаҷониба ошно месозад. Дар баробари ин дар китоби яке аз шогирдони содиқи Мотуридӣ Маҳмуд ибни Сулаймон ал-Кафовӣ (ваф. – 1582м.) «Катоиб аълом ал-ахйар мин фуқаҳои мазҳаби ан-Нуъмон ал-мухтор» дар бораи осор ва таълимоти ӯ маълумоти муфассал додааст, аз ҷумла дар бораи «Китобу-т-тавҳид», «Китоб радду авойил-адилла ли-л-Каъбӣ» ва «Китобу баёни ваҳми-л-мутазила». Дар ин ва дигар асарҳо, аз ҷумла, «Китоб ал-мақолат», «Китоб радд ала ал-қаромита», «Китоб радд усул ал-ҳамса ли Аби Муҳаммад ал-Боҳилӣ», «Китобу радди воиди-л-фуссақ ли-л-Каъбӣ», «Китоб радд таҳзиби-л-ҷадал ли-л-Каъбї», «Китоб таъвилату-л-Куръон» Абумансури Мотуридӣаз ислом, тафсири дурусти Қуръони Карим, аъмоли макотиби мазҳаби суннӣ дифоъ карда, дар бораи равишҳои нодурусти илмӣ дар илоҳиёт ва таҳқиқи илми калом тавзеҳот додааст. Ҳамин тавр, ў ба иштибоҳҳои намояндагони фирқаву ҷараёнҳои гуногуни динӣишора намуда, онҳоро ба роҳи дуруст даъват мекард.
Номгӯйи осори Мотуридӣ.
Мотуридӣ тафаккури фаъол ва эҷодкор дошт ва дар бахшҳои улуми мухталиф, аз қабили фиқҳ, усул, тафсир ва калом таълифоти зиёде ба мерос гузоштааст, аз ҷумла:
1. «Китобу-т-тавҳид», ки муҳимтарин ва аввалин сарчашмаи пайравони мазҳаби матридӣ дар илми дин аст. Китоби мазкур ҳарчанд баста ва печида бошад ҳам, хеле дақиқ ва мукаммал дорад. Ин китоб бо ислоҳ, пажӯҳиш ва муқаддимаи доктор Фатҳуллоҳ Халиф дар Миср ва Бейрут мунташир шудааст.
2. «Тавилоту аҳли суннат», ки дар бахши тафсир аст ва бо пажўҳишҳои доктор Иброҳими Авадин дар Миср нашр шудааст.
3. «Маохизу шаръия»;
4. «Ал-Ҷадал фи усули-л-фиқ»;
5. «Китобу-л-мақолот»;
6. «Баёну ваҳми-л-муътазила»;
7. «Радду авили-л-адилати ли-л- Каъбӣ»;
8. «Радду ваиди–л-фасоқ ли-л-Каъбӣ»;
9. «Радду таҳзиби-л-ҷадал ли-л- Каъбӣ»;
10. «Радду усули-л-хамса лил-Боҳилӣ»;
11. «Ар-раду ала ал-Қаромата»;
12. «Радду-л-имома либаъзи равофиз»;
13. «Панднома».
Аз ин миён китоби «Панднома»-ро, ки дар шакли панду андарз таълиф шуда, дарбаргирандаи афкори ахлоқии муаллиф мебошад, ба ӯ нисбат медиҳанд.
(Давом дорад).
Таҳияи М.Шодиев