Иштирок дар Нишасти 16-уми сарони давлатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ

9 ноябр дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон – шаҳри Тошканд саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд. Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва фарҳангию гуманитарӣ муҳокима карданд.

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон

9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 08.11.2023

8 ноябр дар Қасри миллат дар доираи сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид.

Дидору гуфтугуҳо аз мулоқоти хосаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ оғоз гардида, бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо идома ёфтанд.

Оғози сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ

8 ноябр Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Маросими истиқболи расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмон идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

ТАШАККУЛИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ

Мутобиқи моддаи 1 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад. Меъёри мазкур барои ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, заминаи фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ҳамчун унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ хизмат мекунад.

Асосҳои муносибати давлати дунявӣ ба дин

Ба ақидаи муҳаққиқи рус Конрад Н.И. дунявият дар асли худ арзиши умумибашарӣ буда, ҳудуди миллӣ ва минтақавӣ - ҷуғрофӣ надорад. Башарият дар тўли таърихи ташаккули худ  дар минтақаҳои гуногун то ба ҳадди халқу миллатҳои соҳибдавлат расида, аз он мувофиқи хусусиятҳои миллӣ-мадании худ истифода кардаанд.
 

Зи Сарқонуни мо парчам баланд аст

Рӯзи Қонуни асосӣ муборак!

Ливои мо шукӯҳи осмон аст,
Мадори қомати тоҷик он аст.
Ба Сарқонун сарафроз аст миллат,
Паёмаш аз Курӯши бостон аст.

Зи Сарқонуни мо парчам баланд аст,
Зи Қонун аҳли кишвар арҷманд аст.
Ба ҳикмат ҳамчунон “Қонун”-и Синост,
Аз он ҳастии миллат бегазанд аст.

Нишони адли Нуширвонии мост,
Мадори шавкати Сомонии мост.
Ба Сарқонун сару сомони мулк аст,
Ба раҳмат ҳуҷҷати Раҳмонии мост.

Страницы

Яндекс.Метрика