САДА-МЕРОСИ ҒАЙРИМОДДИИ БАШАРИЯТ. Он садоқат ба Ватан, дӯст доштани табиат ва заҳмат ба хотири баракату фаровониро таблиғ менамояд

6 декабр зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид. Дар робита ба ин навиди  фарҳангӣ ба унвони АМИТ «Ховар» мақолаи сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов расид, ки дар он оид ба нишони иттиҳоду сарҷамъӣ будани ин ҷашни аҷдодӣ сухан меравад.
 

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд

5 декабр дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров — бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик» баргузор гардид.
 

Муборакбодӣ: “Ҷашни Сада” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд

Муборакбодӣ: “Ҷашни Сада” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

4 декабри 2023 дар Касане, Ҷумҳурии Ботсвана иҷлоси 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ба кори худ шуруъ намуд. Чорабинии мазкур то 9 декабри соли 2023 идома ёфта, намояндагони кишварҳои узви Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок доранд.

Манбаъ : Аз сомонаи Вазорати фарҳанги ҶТ

ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ

Дирӯз яке аз ходимони намоёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – собиқ мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо, вакили Маҷлиси намояндагон, Раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллӣ ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев дар синни 77-солагӣ вафот намуд.

БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД

Пешвои миллат дар суханронии хеш бахшида ба 115 солагии академик Бобоҷон Ғафуров роҷеъ ба бемориҳои ирсии фазои сиёсӣ ва мафкуравии миллат дар масири таърих ёдрас шуда, таъкид карданд, ки моро зарур аст, ки ба ин нуктаҳо диққат диҳем. Ба панду андарзҳои сиёсии бузургонамон чун Фирдавсии бузургвор, ки ҳаммосаи безаволи Шоҳномаро барои тарбия ва табобати ин бемориҳои миллӣ пешниҳод кардааст, гўши ҳикмат оварем.

ТАЪЗИЯ

Аҳли эҷоди сомонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти ходими намоёни давлатӣ, собиқ раиси вилояти Хатлон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон АМИРШО МИРАЛИЕВ андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.

Таълимоти ғайриқонунии динӣ, хурофотпарастӣ, ҷаҳолат ва андешаҳои ифротӣ

Дар ҳама давру замон тоифае вуҷуд дорад, ки дидаву дониста одамонро ба сӯи гумроҳӣ ва ҷаҳолат мебарад. Дар ҳаққи чунин афрод гуфта мешавад «худ гумроҳ шуда ва дигаронро ҳам гумроҳ менамоянд» (Риёзу-с-солиҳин, 1392).  
Дар ҷомеа одамоне ҳастанд, ки мепиндоранд, роҳи рост фарзандонро ба назди баъзе шахсони ба ном «мулло» бурда, дар ҳуҷраҳо таълим додан аст. Таълимоти пинҳонӣ ва беназорати кӯдакону наврасон дар назди шахсони тасодуфӣ ғайриқонунӣ аст. Мутаассифона вақтҳои охир ин амал рӯ ба афзоиш овардааст.

Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар-ӯро ёр бод

Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар-ӯро ёр бод.
Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархурдор бод.
Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,
Ҳар гуле, к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод.
Дар ду олам нест моро бо касе гарди ғубор,
Ҳар кӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод
✍️Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.

Страницы

Яндекс.Метрика