ФАЗИЛАТ ВА АҲКОМИ МОҲИ РАҶАБ

Инак мо дар моҳи Раҷаб қарор дорем. Моҳи Раҷаб яке аз моҳҳои муқаддас аст, ки дар он Расули акрам (с) ба Исро ва Меъроҷ рафта буданд. Ин моҳест, ки дар он барои мусулмонон намоз фарз шуд, моҳест, ки шахси мусулмон бояд барои моҳи мубораки Рамазон омода шавад, рўза дорад ва аз тамоми амалҳои нописанд иҷтиноб варзад.

Аз давраҳои пеш аз Ислом бо фаро расидани моҳи Раҷаб душманон бо ҳам мусолиҳа мекарданд, қатлу куштор, бадиву бадбинӣ як сў гузошта мешуд. Тамоми қабилаҳои араб ҳурмати моҳи Раҷабро риоя мекарданд.

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии
хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ,
андозаи нафақа ва стипендия

Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳақан Фидан

10 январи соли 2024 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳақан Фиданро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот аз раванди кунунии рушди робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, тавсеаи минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба ва дарозмуддати дуҷонибаро ҷавобгӯи манфиатҳои кишварҳо арзёбӣ намуданд.

Адаб ва эҳтиром инсонро султон хоҳад сохт

Сукут, адаб ва эҳтиром инсонро ҳар онҷо, ки равад, як султон хоҳад сохт .

Мавлоно

Тақвияти ҳамкориҳои Марказ бо ВАО дар соли 2024

Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ дар соли 2024 низ як силсила барномаҳо ва Нақшаи - чорабиниҳои муштарак бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, АМИТ "Ховар " ва дигар ниҳодҳои иттилоърасониро таҳия намуда, дар соли 2024 низ ҳамкориҳоро бо ВАО вусъат мебахшад ...

Сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ - Абдуллоҳи Қодирӣ

ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶТ МУБОРАК !

Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯзи фархунда ва фараҳбахш тамоми кормандон ва собиқадорони мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, рӯзгори хушу хуррам, хонаободӣ, офияти рӯзгор, тансиҳатӣ ва дар фаъолияти хизматӣ пирўзиҳои ҳамешагиро таманно менамояд.

Идатон муборак, дӯстони азиз!

Роҳбарияти
Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ

ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ»

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2023, №2011 «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Аз ҷумла, моддаи 8 (прим 1) бо чунин мазмун илова карда шудааст:

«Моддаи 8 (прим 1) . Санҷиши ҳолати риояи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ

Дурнамои илм ва маориф дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 28.12.2023, ш. Душанбе)

Страницы

Яндекс.Метрика