Насиҳати Мавлоно ба фарзандаш Султон Валад:

Насиҳати Мавлоно ба фарзандаш Султон Валад:

Агар хоҳӣ доимо дар биҳишт бошӣ, бо ҳама дӯст шав ва кинаи касеро дар дил нагир, зеро чун шахсеро аз рӯи дӯстӣ ёд кунӣ, доиман шодмон бошӣ ва он шодӣ ҳамон биҳишт аст. Ва агар касеро аз рӯи душманӣ ёд кунӣ, доим дар ғам бошӣ ва он ғам ҳамон дӯзах аст.

Чун дӯстонро ёд кунӣ, бӯстони дарунат аз хушӣ мешукуфад ва аз гулу райҳон пур мешавад. Ва чун зикри душманӣ мекунӣ, боғи дарунат аз хорзору мор пур мешаваду пажмурда мегардӣ.

ИҚБОЛИ ЛОҲУРӢ

Ба банди сӯфиву мулло асирӣ,
Ҳаёт аз ҳикмати Қуръон нагирӣ.
Бо оёташ туро коре ҷуз ин нест,
Ки аз «ёсин»-и ӯ осон бимирӣ.

#Иқболи_Лоҳурӣ

به بند صوفی و ملا اسیری
حیات از حکمت قرآن نگیری
با آیاتش تورا کاری جز این نیست
که از "یاسین" او آسان بمیری

#اقبال_لاهوری

Таҳиякунанда: Абдуллоҳи Қодирӣ

Сафари қарибулвуқӯи Си Ҷинпин ба Тоҷикистон

Си Ҷинпин ба Тоҷикистон меояд.
Имрӯз нақшаҳои муштараки омодагии ҳамаҷониба ба сафари давлатии қарибулвуқӯъи раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини вазири корҳои хориҷии Чин Сун Вейдун баррасӣ карданд.

Дар мулоқот масоили таҳким ва тавсеаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин дар бахшҳои сиёсӣ, низомию техникӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ низ баррасӣ шуд, хабар медиҳад ВКХ.

Аз сомонаи ВКХ

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Ҳасани Басрӣ (р) фармудааст:

Ҳасани Басрӣ (р) фармудааст: Фасоди дилҳо аз шаш чиз аст:

1. Ба умеди тавба гуноҳ мекунанд.

2. Илм дорад ва ба он амал намекунад.

3. Амали хайрро аз рӯйи ихлос анҷом намедиҳад.

4. Рӯзии Худоро мехӯранду сипосгузорӣ намекунанд.

5. Ба чизе ки Худованд насибашон кардааст розӣ нестанд.

6. Мурдаҳоро дафн мекунанд, ва худ панд намегиранд.

Ҳамчунин гуфтааст:

Касе дунёро интихоб кунад ва онро бар Охират афзал шуморад, ба шаш уқубат гирифтор мешавад:

Се дар дунё:

1. Орзӯи беохир,

2. Хирси беқаонат,

Мулоқот бо Попи Рим Франсиск 26.04.2024

26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ватикан ташриф оварданд.

Дар саҳни ҳавлии Сан-Дамасо ба хотири истиқболи сазовари меҳмони олимақом Горди фахрӣ саф орост.

Дар бинои Тахти Олишаън Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Попи Рим Франсиск самимона истиқбол гирифт.

Дар вохӯрӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Попи Рим Франсиск масоили таҳкими ҳамкории судбахш баррасӣ гардид.

Мулоқот бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия

Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин кишвар мулоқоти самимӣ доир карданд.

Зимни вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз ҳолу аҳвол, шароити таҳсил ва корашон пурсон шуданд.

Муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу ва ангур дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар Рим 25.04.2024

Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи созмони мазкур дар маросими муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки зардолу ҳамчун дарахти мевадиҳанда таърихи зиёда аз 4 ҳазорсола дошта, аз рӯи ақидаи олимон ҳудуди Тоҷикистон яке аз минтақаҳои пайдоиши он эътироф гардидааст.

ПРОБЛЕМА ФУНКЦИОНАЛЬНОЙ РОЛИ РЕЛИГИИ В СОВРЕМЕННОМ ОБЩЕСТВЕ

Исследуются функции религии в современном обществе, а также причины происхождения и характер человеческой религиозности. Анализируются различные точки зрения на указанные проблемы в исследовательской литературе, рассматриваются исторические факты, касающиеся религиозной ситуации в советский период, и данные социологических опросов в современной России. Сделан вывод, что большинство людей потенциально склонно к религиозности вследствие врожденных особенностей своего мышления, поэтому в данном случае можно предложить термин «естественная религиозность».

Страницы

Яндекс.Метрика