Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари марказӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
6 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари марказӣ таъйингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.








