Сафар ба Ҷумҳурии Исломии Эрон 22.05.2024

22 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими видоъ ва изҳори таъзия бинобар даргузашти фоҷеавии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ ба шаҳри Теҳрон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Вохӯрии директори Маркази исломшиносӣ бо сокинону фаъолони ҷамоатҳои деҳоти Ҳ.Усмонов, Исфисор ва шаҳраки Ғафуров дар қасри фарҳанги деҳоти Ҳ.Усмонов

Бо мақсади иҷрои банди 5-10-уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқоташон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар санаи 9 марти соли 2024 баён доштанд, масъулони Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21.05.2024 бо сокинони шаҳраку деҳоти ноҳия мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуданд.

Мулоқоти директори Маркази исломшиносӣ бо фаъолони шаҳри Хуҷанд

Санаи 21 майи соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Абдураҳим Холиқзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муслиҳиддин Хоҷамирзода, корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳбоз Шосаидзода, сардори шӯъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мутеъоллоҳ Наҷотзода, корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳр мулоқот баргузор гардид.

Иштироки кормандони Маркази исломшиносӣ дар Дави миллӣ

19 - уми майи соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дави миллӣ баргузор гардид.

Дар Дави миллӣ одамони касбу кори гуногун аз вазорату кумитаҳо, идораву муаасисаҳо, инчунин доираи васеи ҷавонону варзишгарон ва сокинони маҳаллӣ фаъолона иштирок намуданд.

Дави миллӣ аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб оғоз гардида дар назди майдонгоҳи «Наврӯзгоҳ» хотима ёфт.

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир 20.05.2024

20 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммад Мухбир барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари фоҷеавии даргузашти Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш бар асари суқути чархбол боиси андуҳи амиқи мо ва тамоми мардуми Тоҷикистон гардид.

ИН КӮЗА ЧУ МАН ОШИҚИ ЗОРЕ БУДАСТ…

Афкори фалсафӣ дар рубоиҳои Умари Хайём

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И 18.05.2024

18 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти вохӯрӣ вазъи кунунии ҳамкории ду кишвар ва масоили мубрами минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Иштироки кормандони Маркази исломшиносӣ дар барномаи " Шабе дар осорхона "

18 - уми майи соли ҷорӣ кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳлу оилаашон дар барномаи " Шабе дар осорхона " иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки барномаи " Шабе дар осорхона " бори аввал соли 1997 дар шаҳри Берлини Олмон оғоз гардида, солҳои баъдӣ дар давлатҳои Аврупо ва Амрико гузаронида шуда буд.

Солҳои охир барномаи " Шабе дар осорхона " дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин шаб бисёре аз осорхонаҳо пас аз ғуруби Офтоб то нисфи шаб дарҳояшонро ба рӯйи тамошобинон боз менамоянд.

Страницы

Яндекс.Метрика