ВАТАН ФАРЗАНДОНАШРО ТАНҲО НАМЕГУЗОРАД!

Асмоа зани фармонбардор ва порсо буд. Зеро ба дини ислом эътиқоди қавӣ дошт ва эҳтироми шавҳарро вазифаи худ медонист. Рӯзе шавҳараш барои тиҷорат ба Туркия сафар кард. Бо гузашти чанд муддат аз шавҳар хабаре набуд, ва зангҳои телефонӣ низ беҷавоб буданд. 
 

МУҚОВИМАТ БО ТАҲДИДҲОИ ИФРОТИ ДИНӢ БЕДОРИИ МИЛЛАТРО ТАҚОЗО ДОРАД (Дар партави «Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар» 09.03.2024)

9 марти соли 2024 Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар вохўрӣ барпо намуда, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами ҳаёти маънавӣ ва мафкуравии кишвар изҳори назар намуданд. Масъалаи марказие, ки ҳидоятҳои Пешвои миллатро атрофи худ муттаҳид сохт, масъалаи муқовимати ақлонӣ бо ифроти динӣ дар шароити муосири давлатдории миллии тоҷикон буд.  
Пешво даҳшатро эҳсос карданд, вале на ҳама онро дарк намуданд 

Бо некўкорӣ ва парҳезгорӣ мададгори якдигар бошем!

Дар дунёи имрўза тафовут (фарқҳо)-и мухталифе дар миёни афроди ҷомеа ба назар мерасад ва аз ҷумлаи фарқҳои асосӣ ин гуногунии сатҳи зиндагию вазъияти иқтисодии онҳо мебошад. Баъзе афроди ҷомеа сарватманд, баъзе фақир ва бархе бошад дар сатҳи миёнаи иқтисодӣ ҳаёт ба сар мебарад. Дар таълимоти исломӣ ин тафовутҳо ба хубӣ мадди назар қарор дода шуда, баҳри кумаку мадади ниёзмандон  чораҳои зарурие ба назар гирифта шудааст.
 

БАР ЗИДДИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ МУҚОВИМАТ БОЯД КАРД !

Ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи имрӯз маҳсуб ёфтааст. Ва тавре ба назар мерасад, таҳти таъсири омилҳои мухталиф имкон дорад, ки густариш ёбад дар байни ҷавонону наврасон. Ва низ мушоҳида мешавад, ки беш аз пеш ҷавонони ноогоҳу кӯтоҳандеш ва кӯтоҳназар майл доранд ба ҷониби гурӯҳҳои тундгаро..

Истаравшан:

Санаи 8 - уми июни соли равон вохӯрии гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ- и Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Генерал - майор Назарзода Турабек, сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Абдуллоҳи Қодирӣ ва Ғайратзода Амруллоҳ муовини сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ бо афсарону сарбозон дар отряди сарҳадии шаҳри Истаравшан баргузор гардид.

Нақши илм дар таъмини тафаккури созандаи ҷомеа (дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

Аз замонҳои қадим ҳадафи донишмандон ин пайванд намудани имл бо истеҳсолот аст. Ичунин ҳадафи дигари илм ин тавсиф, ташреҳ ва муайян намудани равандҳо ва падидаҳои таҳқиқшаванда мебошад. Мубрамияти дониши илмӣ дар он зоҳир мешавад, ки воқеиятҳоеро, ки одамон дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти хеш бархӯрд мекунанд, тавсиф ва шарҳ диҳад. Мулоқоти навбатии Пешвои миллат бо аҳли илму маориф, ки ҳадафи ниҳоии он баррасии ҳолати имрӯза ва дурнамои рушди илм, такмили сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ - риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ, густариши мактабҳои илмӣ мебошад.

Иштироки кормандони Маркази исломшиносӣ дар варзиши субҳгоҳӣ

Имрӯзҳо хурсандиовараст, ки бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони вазорату идораҳо ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар боғи парчам ба варзиши бадан машғул мешаванд.

Имрӯз кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон ба варзиш машғул гардиданд.

Чорабиниҳои солимигардонӣ минбаъд низ тибқи ҷадвали тасдиқгардида идома хоҳад ёфт.

Шокиров Ҳ.

Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ 07.06.2024 12:10, шаҳри Душанбе

7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои тобеи он таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Страницы

Яндекс.Метрика