Форсҳо (тоҷикҳо) нахустин халқи таърихӣ ба шумор мераванд.

Онҳо инкишофро ба вуҷуд овардаанд, табаддулоте кардаанд, ки хусусияти таърихӣ дошт.

Дар ин сарзамин бори нахуст нур афканданд, равшанӣ доданд, ин нур ба олами маърифат тааллуқ дошт...

Шарти инкишоф дар таърихи Форс тантана мекунад, аз ин лиҳоз, рости гап, таърихи умумиҷаҳонӣ маҳз аз таърихи Форс оғоз меёбад...

Рӯзе наслҳои оянда онҳоро напиндоранд, дар он ҳол Суғд ва ду наҳри азими Осиёи Миёна - Ому ва Сирро, ки онҷо Форсҳо зист мекунанд, далели ҳамешагист...

Аз китоби "Фалсафаи таърих"-и Георг Фридрих Гегел — файласуфи олмонӣ (1770 - 1831)

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар густариши маърифати ҳуқуқии ҷомеа» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид

Имрӯз дар доираи эълон гаштани соли 2024 — Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар густариши маърифати ҳуқуқии ҷомеа» баргузор гардид. Дар ин бора аз ДМТ хабар доданд.

Паёми табрикии роҳбарияти Маркази исломшиносӣ ба муносибати Иди Қурбон

Фаро расидани Иди саиди Қурбонро ба ҳамаи кормандони Маркази исломшиносӣ ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатию саломатӣ, рўзгори орому осуда, дастархони пурфайзу бобаракат, хотирҷамъию саодати зиндагӣ ва ба Ватани азизамон Тоҷикистони биҳиштосо пешрафту ободкориҳоро орзу менамоям.

Қурбонӣ ва аҳмияти он дар ислом

Дар дини мубини ислом қурбонӣ – ин пайравӣ намудани суннати забҳи маъруфу машҳури ҳазрати Иброҳим (а) буда , холис барои ризои илоҳӣ ва бо номи Худованди бузург анҷом дода мешавад. Худованди карим , вақте ки ба Паёмбари худ ҳазрати Муҳамад(с) неъмати бузург, яъне «Ҳавзи кавсар»-ро ато кард, ба тарафи иду некӣ ҳидоят дод , ки яке намоз ва дигарӣ қурбонӣ аст.
Чунончи мефармояд:
إنا اعطيناك الكوثر1 فصل لربك وانحر2 إن شانك هو الأبتر3

ҲИКМАТИ ҚУРБОНӢ ВА ТАЪСИРИ ОН ДАР ҲАЁТИ ИҶТИМОӢ

Решаи қурбонӣ аз замони фарзандони Одам алайҳис салом, Ҳобил ва Қобил буда, паёмбарони илоҳӣ низ баъд аз ӯ ин корро анҷом медоданд ва он дар байни аксари миллатҳои дунё дар давраҳои гуногуни таърихӣ арзи вуҷуд кардааст. Аммо замоне, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фиристода шуд, ин суннати паёмбарон ба оини хурофотӣ ва ғалат омехта шуда буд. Шеваи мардуми араб дар замони ҷоҳилият чунин буд, ки пас аз забҳи қурбонӣ Каъбаро ба хуни он олуда мекарданд ва қисмате аз гушти қурбониро бар хонаи Каъба меовехтанд, то Худованд онро қабул кунад.

Оромгоҳи Хоҷа Алоудини Аттор, Муҳаммад ибни Муҳаммад ал-Бухорӣ

Оромгоҳи Хоҷа Алоудини Аттор, Муҳаммад ибни Муҳаммад ал-Бухорӣ (? -1399) — ориф ва сӯфии форс-тоҷик, яке аз пешвоёни тариқати нақшбандия, муриди Баҳовиддини Нақшбанд -дар ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхандарёи Узбекистон мебошад. Муҳаммад ибни Муҳаммад Алоуддини Бухорӣ аслан аз Хоразм мебошад.

Озодии баён ва истиқлол

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 

МАҚБАРАИ ҲАКИМ ТИРМИЗӢ

Муҳаммад ибни Алӣ Ҳаким Тирмизӣ асосгузори силсилаи «ҳакимия»-и тасаввуф мебошад, ки дар тасаввуфи хуросонӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд.

Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтааст, ки Ҳаким Тирмизӣ аз зумраи кибори машоих ва суфиёне мебошад, ки бо арбобони бузурги тасаввуф, ба мисли Абу Тӯроби Нахшабӣ, Аҳмад Хизрия, Ибн Ҷило сӯҳбат намудааст. Ҳаким Тирмизӣ қоидаи мантиқии ягонагии ирфонӣ-диалектикаи «зоҳир ва ботин»-ро таҳия намуд. Ӯ таълим медод, ки ба қоидаи зоҳирии ибодат беэътино будан ва танҳо бо қоидаи ботинӣ машғул будан ҷаҳолат аст.

Страницы

Яндекс.Метрика