Дин ва хурофот:умумият ва тафовут

Мавзӯи дин ва хурофот аз ҷумлаи мавзӯъҳои пурбаҳс ва гуногунҷанба дар фазои динии ҷомеаи мо маҳсуб меёбад. Аз тарафи намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа доир ба ин ду падидаи  моҳиятан як ва зоҳиран мухталиф андешаҳои баҳснок ва аксаран дур аз талаботи илмӣ  иброз мегарданд. Яъне, то ба имрӯз доир ба хурофот андешаи ҳам аз лиҳози мантиқӣ ва ҳам аз нигоҳи илмӣ асоснок ва ягона ҳатто аз тарафи коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ баён нагардидааст.

Нақшаи гурӯҳи корӣ ҷиҳати анҷом додани сӯҳбат бо сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Ёвон, Норак

Нурулҳақов Қамар  - мудири шуъбаи исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Ёвон, Норак ба мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ вохӯриҳо доир намуданд.

Пешгирии ифротгароии динӣ ва бегонапарастӣ

Пешгирии ифротгароии динӣ ва бегонапарастӣ

«Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлати миллӣ: Самти пешгирии ифротгароии динӣ ва бегонапарастӣ» таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти судманд бо иштироки директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода доир гардид.

Нақшаи гурӯҳи корӣ ҷиҳати анҷом додани сӯҳбат бо сокинони ноҳияҳи Дарвоз

Гурӯҳи корӣ дар ҳайати Шоҳназаров Алиҷон - аъзои шӯрои кӯҳансолони ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Каримиён Имомназар - корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нуриддин Муминзода - сармутахассиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ҷамоатҳои Нулванд, Қалъаи Ҳум, Вишхарв ва Сағердашти ноҳияи Даврвоз ба мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзи

Ҷавонон ва Пешвои миллат

Дар воқеъ, ҷавонон нерӯи бузург ва пешбарандаи фарҳангу тамаддуни ҷомеаи башарӣ буда, ҳамеша дар пешрафт ва рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ саҳми арзанда доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар омӯзиш ва истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои онҳо пайваста таъмин месозанд.

Фазилат ва одоби салом аз нигоҳи ислом

Салом додан яке аз шиорҳои ислом ба ҳисоб меравад, ки Худованд бандагонашро ба он амр кардааст. Ин шиори исломӣ дар чандин ҷойҳои қуръону суннат бо ваъдаҳои гуногун зикр шудааст. 

Аз нигоҳи луғавӣ калимаи «салом» «سلام» аз забони арабӣ гирифта шуда, маънояш «саломатӣ», «амният ва сулҳ» мебошад. Форсзабонҳо саломро «дуруд» тарҷама карданд, ки хеле мувофиқ мебошад. Ислом лафзи саломро  барои «ҳадия» интихоб намудааст.

Муносибати давлат ба дин дар даврони созандаи Истиқлолият

Ҳарчанд таҳқиқу шинохти ислом аз ҷониби донишмандони мусулмон ҳанӯз дар асрҳои миёна ба ҳукми анъана даромада буд, вале пайдоиши илмҳои диншиносию исломшиносӣ асосан дар даврони Шӯравӣ оғоз гардидааст. Бо вуҷуди он ки дар самти таҳқиқу омӯзиши ин илмҳо дастовардҳои назаррас арзи вуҷуд кардаанд, аммо ин таҳқиқот  асосан дар партави ҷаҳонбинии материалистӣ, ки заминаи онро назарияи марксистӣ доир ба дин ташкил мекард, сурат мегирифт. Аз ин рӯ, илмҳои диншиносию исломшиносӣ дар замони Шӯравӣ хусусияти идеологӣ касб карда буданд.

Модар қиматтарин неъмати дунёст

Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарўзиву бедорхобӣ ва бурдбории ў танҳо ба худаш хос аст, ки касро ба ҳайрат меорад. Фарзанд дар канори модар бо олами рангини кўдакӣ ба воя мерасаду аз ў дарси одамгарию ватандўстиро меомўзад. Канори модар худ мактаби аввалини ҳаёти инсонаст. Ба зери болини кўдакӣ гузоштани китоб ё муқаддами дигар рамзи худро дорад. Модар мехоҳад, ки тилфаш бе нуқс сабзида, мададгори даврони пирӣ гардад.

Страницы

Яндекс.Метрика