Суратгузориш аз иштироки котиби илмии Марказ Марамбеков М. дар конфренсияи илмӣ-амалии вилояти Хатлон таҳти унвони "Нақши Пешвои миллат дар танзими расму ойинҳо ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд"

Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди дурандешона ва дӯстона аст!

Сухани муассиси ҳизби исломии Афғонистон Гулбиддин Ҳикматёр, ки соли 2003 аз тарафи ШМА террорист эълон шуда, ба «рӯйхати сиёҳ»-и СММ ворид карда шудааст,  ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтори як шахси аз сиёсат, аз фарҳанги таҳаммулпазирӣ, аз оини миллатдӯстию инсондӯстӣ қафомондаро мемонад. Ӯ дар воқеъ намедонад, ки эҳсоси миллатдӯстӣ дар сиришти ҳар як шахси меҳанпараст нуҳуфта асту маҳз ҳамин эҳсос сабабгори эҳтироми дигар қавму миллатҳо маҳсуб меёбад. Зеро шахсе, ки миллати худро дӯст медорад, вай ба дигар қавму миллатҳо низ арҷ мегузорад.

БАРГУ СОЗИ МО КИТОБУ ҲИКМАТ АСТ...

Китоб чун сарвати бебаҳои ҳар як халқу миллат, воситаи асосӣ барои таълиму тарбия, дӯсти беғараз ва роҳнамо ба сӯйи маърифату дониш ба ҳисоб рафта, василаи асосию беҳтарин барои пешрафту рушди шахсият ва ҷамъият мебошад.Чӣ тавре ки аллома Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ мефармояд:

Баргу сози мо китобу ҳикмат аст,

Ин ду қувват эътибори миллат аст.

«НИШАСТААМ ВА МУНТАЗИРАМ, КИ КАЙ ОНҲО МЕОЯНДУ МАРО МЕКУШАНД»: ВАЗЪИ ЯК ҶАВОНЗАНИ ФАЪОЛИ АФҒОН ДАР СУЛТАИ ТОЛИБОН

Зарифа Ғаффорӣ дар Кобул дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ таваллуд шуда, бо воя расидааст. Айёми кӯдакии вай дар охири солҳои   1990 замоне  сипарӣ шудааст, ки дар кишвар толибон ҳукм меронданд.Тибқи қонкунҳои динии он замон, зан  ҳатман бояд бо   фаранҷӣ ва ба кӯча мебаромад ва  ҳатман ӯро як хеши наздику маҳрам ҳамроҳӣ мекард. Барои он ки занҳоро аз кӯча набинанд, тирезаҳои ошёнаҳои якуму дуввуми биноҳои истиқоматиро  ранги сиёҳ мекарданд, ё бо пардаҳои ғафс мепӯшониданд.  Чунин вазъи сангин барои рушд намудани ҳар  гуна бемориҳои рӯҳӣ ва тамоюли худкушӣ дар байни занон сабаб мешуд.

НАЗАРИ МУҲАММАДИ ҒАЗЗОЛӢ ДАР БОРАИ ШАХСИЯТИ ИМОМ АБӮҲАНИФА

Дар бораи Имом Абӯҳанифа бисёр мутафаккирону олимон чӣ дар тӯли таърих ва чӣ дар даврони муосир назари худро баён доштаанд ва нисбаташ тадқиқотҳои илмӣ ба анҷом расонида, ҷавҳари таълимоти ин шахсияти маъруфро, ки дар ҷаҳони ислом корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст, пешкаши хонандагон кардаанд [5, 6]. Яке аз мутафаккирони барҷастаи асримиёнагии Шарқ Муҳаммади Ғаззолӣ [1, 11] низ назари хешро нисбати шахсият ва таълимоти асосгузори мактаби ҳуқуқии ҳанафия [8, 9, 10] ва олими шинохтаи илми фиқҳ Имом Абӯҳанифа баён доштаанд [2].

Вазъият ва дурнамои илми мантиқ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол

Имрўз мантиқ дар низоми илмҳои гуманитарӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд. Аз сабаби он, ки доираи донишҳои мантиқӣ хело доман афкандааст, бинобар ин барои омўзиши илми мантиқ, майлу завқ бояд боз ҳам афзунтар гардад. Чунки дониши мантиқӣ имконият медиҳад, ки шахс роҳҳои дурусти андешаю фикррониро аз худ кунад, фикри дурустро аз нодуруст фарқ намояд ва ҳангоми мулоҳизаю муҳокима бо хато ё иштибоҳ роҳ надиҳад. Агар хато ҷой дошта бошад, сари вақт ислоҳ карда шавад.

Принсипи дунявият собитқадамиро тақозо менамояд!

Барои пешгирӣ намудани ҳама гуна раванди номатлуби бо дин алоқаманд дар татбиқи сиёсати дунявии ҷомеа ба бетафовутӣ набояд роҳ дод. Чун дар моддаи аввали Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ эълом шудааст, пас дар ин самт бояд собитқадам буд. Набояд фаромӯш сохт, ки агарчанде дунявият зиддидинӣ нест, пас ҳамзамон рушди диният ҳамчун роҳи ягонаи пешбурди ҷомеаи мусулмонӣ низ нест.

ТАБРИКНОМА

18 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Страницы

Яндекс.Метрика