Вақте ҳукми қатли Суқрот содир карданд, Суқрот дар ҷавоб гуфт: "Онеро дафн мекунед бадани Суқрот аст, на худи Суқрот!"

Вақте ҳукми қатли Суқрот содир карданд, Суқрот дар ҷавоб гуфт:
"Онеро дафн мекунед бадани Суқрот аст, на худи Суқрот!"
***
Инсонро метавон кушт, аммо андешаашро ҳаргиз.
Софокл
***
Мард намирад ба марг, марг аз ӯ номҷуст,
Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост.
Халилуллоҳи Халилӣ
***
Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯй,
Дар синаҳойи мардуми ориф мазори мост.
Мавлоно ё Соиб
***
Дар ин равоқи забарҷад навиштаанд ба зар :
Ки ҷуз накӯии аҳли карам нахоҳад монд.
Ҳофиз
***

Ҷон бе ҷамоли ҷонон майли ҷаҳон надорад

❗Ҷон бе ҷамоли ҷонон майли ҷаҳон надорад,
Ҳар кас, ки ин надорад, ҳаққо, ки он надорад.
Бо ҳеҷ кас нишоне з-он дилситон надидам,
Ё ман хабар надорам, ё ӯ нишон надорад.
Ҳар шабнаме дар ин роҳ сад баҳри оташин аст,
Дардо, ки ин муаммо шарҳу баён надорад.
Сарманзили фароғат натвон зи даст додан,
Эй сорбон, фурӯ каш, к-ин раҳ карон надорад.
Чанги хамидақомат мехонадат ба ишрат,
Бишнав, ки панди пирон, ҳеҷат зиён надорад.
Эй дил, тариқи риндӣ аз мӯҳтасиб биёмӯз,
Маст асту дар ҳақи ӯ, кас ин гумон надорад,

Ситсерон мефармояд; Муборизаро бояд тавре шурӯъ намоем, ки ғайр аз сулҳ чизи дигареро наҷӯем!

Мутобиқи моддаи 7 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад”.

Ҳар, яки мо бояд, ки дар масъалаҳои сарҳадӣ ҷиддӣ муносибат намоем ва ба ин мавзӯъ холисона ва дар доираи хостаҳои ҳамдигарӣ тамоми мушкилотҳоро ҳал карда хулосаи дақиқи худро бидиҳем.

Дар ин самт мо шаҳрвандонро зарур аст, ки танҳо ва танҳо виҷдони поку бедор бояд дошта бошему халос ва ҳама чизро бо чашми нек бояд бубинем на ба эҳсоси бадбинӣ:
Зеро эҳсоси бадбинӣ ҳамеша аз бунбасту хунрезӣ хабар медиҳаду ҳамдигарфаҳмию ҳамгироӣ аз сулҳу созандагӣ!

Семинари илмӣ дар мавзӯи " Тавсифи сарчашмаҳои исломӣ..."

Имрӯз, 25-уми ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ) семинари илмӣ дар мавзӯи «Тавсифи сарчашмаҳои исломӣ ва нақши онҳо дар омӯзиши суннату ойинҳои миллӣ» баргузор гардид. 

Нахуст, гузориши муовини аввали директори Маркази исломшиносӣ муҳтарам Рустам Азизӣ таҳти унвони “Истифодаи забони порсӣ аз нигоҳи Имоми Аъзам (Абуҳанифа)” шунида шуд. 

ТАҶЛИЛИ БОТАНТАНАИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПОЙТАХТ

ш.Душанбе. 24.11.2022. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавии фарҳангӣ таҳти унвони «Парчам-рамзи ҳувияти миллӣ ва иттиҳоди миллати тоҷик» баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо, донишҷӯёни макотиби олӣ, сокинони сарбаланди пойтахт ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат доштанд.

ҲАММАРОМИ ДИРАФШИ КОВИЁН

ҲАММАРОМИ ДИРАФШИ КОВИЁН

Парчами миллӣ - рамзи шарафмандии давлатдории миллӣ.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як санаи муҳимми таърихӣ – сиюмин солгарди қабули Парчами давлатиро бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва дар фазои орому осудаи кишвар таҷлил менамоянд.

Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Чанд рӯз пеш мо – мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз санаҳои муҳим ва тақдирсози таърихи миллат – 30-юмин солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олиро, ки Парчами давлатӣ маҳз дар ҷараёни баргузории он 24-уми ноябри соли 1992 қабул гардид, ботантана таҷлил намудем.

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ

Имрӯз, 24.11.2022с дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30- солагии Парчами давлатӣ, маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар кори маҷлис, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим, муовинон ва тамоми кормандони Марказ иштирок доштанд.

Нахуст, директори Маркази исломшиносӣ муҳтарам Холиқзода Абдураҳим дар бораи таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ, рамзҳои давлатӣ ва омӯзиши ғояҳои муттаҳидкунандаи Парчами миллӣ сухан ронда иброз дошт:

Страницы

Яндекс.Метрика