Китоби “Ихтилофи Абӯҳанифа ва абӯлайло”-и Абӯюсуф, ҳамчун сарчашма оид ба масоили ихтилофӣ миёни Абӯҳанифа ва Ибни Абӯлайло

Унвони китобест,ки дарбаргирандаи масъалаҳои ихтилофӣ миёни Абӯҳанифа ва Ибни Абӯлайло мебошад. Дар ин китоб Абӯюсуф аксари масъалаҳои зикркардаи Абӯҳанифа (р) ва мавқеи ӯро таъйид кардааст. Абӯюсуф аз ҳузури ҳарду, ҳам Абӯҳанифа (р) ва ҳам Ибни Абӯлайло илм омӯхтааст. Ин китобро Муҳаммад аз Абӯюсуф ривоят кардааст. Аз ҳамин ҷиҳат дар ҳавошии китоб чунин ибора дида мешавад: “Муҳаммад гуфтааст, ба ин қавл амал мекунем”. Имом Сарахсӣ дар китобаш “ ал - Мабсут” қайд кардааст, ки Имом Муҳаммад дар китоби Абӯюсуф баъзе масъалаҳоро изофа намудааст.

Имом Абӯҳанифа ва бунёди фиқҳи ҳанафӣ

Имом Абӯҳанифа пас аз касби илм аз олимони бисёри Кӯфа, Басра ва Ҳиҷоз ба унвони барҷастатарин шахсияти илмиву маънавӣ ва сарчашмаи судури фатвоҳо ва омӯзиши фиқҳ шинохта шуд. Ӯ бо ин макони илмии худ дар муддати қариб сӣ сол вазифаи тадрис ва ифторо тавре ифо кард, ки имрӯз асоси мазҳаби ҳанафӣ пиндошта мешавад. Тайи ин солҳо ӯ ба қавли баъзе ба шаст ҳазор ва ба қавли дигарон ба ҳаштод ҳазор масоили ҳуқуқӣ посух дод, ки дар замони зиндагии вай ба унвонҳои мухталиф матраҳ шуда буданд. 

САДА ва анъанаҳои миллӣ

"Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст".      Эмомалӣ Раҳмон
Аз китоби "Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ"

Сада – ҷашни таърихии тоҷикон

“Бовар дорам, ки таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Сада ба арҷгузориву гиромидошти расму ойинҳои миллӣ, таҳкиму густариши боз ҳам бештари ҳисси миллӣ, ҳувияту худшиносии мардуми кишварамон ва ба ин васила вусъат гирифтани раванди ободониву пешрафти Ватани маҳбубамон мусоидат мекунад”. Эмомалӣ Раҳмон.

Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада 29.01.2023

Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори фарорасии ҷашни бостонии Сада самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар саломативу хушбахтӣ ва барори кор орзу менамоям.

Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдоди мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад.

Бо вуҷуди ҳикмату фалсафаи қадимаву амиқи худ, Сада бар асари омилҳои гуногун тайи асрҳои зиёд камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ эҳё ва мақоми ҷашни миллии расмиро соҳиб гардид.

Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд:

- Донотарин одам кист?
- Касе, ки аз ташвиши рӯзгор дилтанг намешавад.
- Ҳимматбаланд кист?
- Он ки неъматашро аз неъмати дунё болотар мегузорад.
- Тавонотарини мардум кист?
- Касе, ки ақлаш комил аст.
- Он кадом оташ аст, ки худро месӯзонад?
- Ҳасад.
- Кадом бино хароб намешавад?
- Адолат.
- Кадом талхӣ дар охир ширин мешавад?
- Сабр.
- Кадом ширинӣ дар охир талх мешавад?
- Шитоб
- Он кадом беморӣ аст, ки табибон ба муолиҷаи он оҷизанд?
- Беақлӣ.
Аз саҳифаи Хазинаи маърифат.

САДА ҷашн ва анъанаҳои миллӣ

Ҷашни Сада - яке аз ҷашнҳои ориёӣ ва мардуми тоҷикзабон аст, ки охири моҳи январ баргузор мешавад. Ин рӯзро Обонрӯз низ мегӯянд.

Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷҷамӯи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рўзгори мо расониданд.

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдонро бо дархости он ҷониб ба ҳузур пазируфт.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, инчунин ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

Страницы

Яндекс.Метрика