Имомон ва бузургони ислом дар васфу ситоиши Имоми Аъзам (р) ва шаммае аз сифоти ҳамида ва некӯи эшон

Касе аз Имом Абӯҳанифа (р) пурсид, ки кадом як аз ин ду Имом беҳтаранд, Алқама (р) ё Асвад (р)? Фармуд: «-Ба Худо мартабатам беш аз ин нест, ки эшонро ҷуз ба дуо ва талаби омӯрзишу бузургӣ ёд кунам, пас чӣ гуна метавонам якеро бар дигаре бартарӣ диҳам?».

Ва Ибни Муборак (р) барои Сӯфёни Саврӣ (р) гуфт: «-Чӣ қадар Абӯҳанифа аз ғайбат дур аст, ҳаргиз надидаам, ки ғайбати душмани худро бикунад!»

НАҚШИ “АЛ-ҚОНУН”-И АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР РУШДИ ИЛМИ ТИБ

1040 сол муқаддам дар деҳаи Афшанаи Бухоро тифле ба дунё омад, ки баъдтар бо осори мондагори илмии хеш номи худро на танҳо дар байни ҳамзамонон, балки давоми садсолаҳо дар таърихи инсоният ҳамчун як нобиғаи нотакрор маълуму машҳур гардонд.

Фарзандони фарзонаи миллати тоҷик барои ҷаҳониён мероси гаронбаҳо ва арзишмандеро дар тамоми давраҳои таърих бар ҷой гузошта, дар пешрафти кулли соҳаҳои илми дунё нақши бориз доранд.

Ид омаду Ид омад в-он бахти саъид омад

Ид омаду Ид омад в-он бахти саъид омад,
Баргиру дуҳул мезан, к-он моҳ падид омад.

Ид омад, эй Маҷнун, ғулғул шунав аз гардун,
К-он мӯътамиди Садра аз Арши маҷид омад.

Ид омад раҳҷӯён, рақсону ғазалгӯён,
К-он қайсари маҳрӯён з-он қасри машид омад.

Сад маъдани доноӣ маҷнун шуду савдоӣ,
К-он хубию зебоӣ бе мислу надид омад.

З-он қудрати пайвасташ Довуди набӣ масташ,
То мум кунад дасташ, гар сангу ҳадид омад.

Ид омаду мо бе ӯ идем, биё, то мо,
Бар ид занем ин дам, к-он хону сарид омад.

ИДИ САИДИ ФИТР МУБОРАК!

Мо - аҳли эҷоди сомонаи Маркази исломшиносӣ кулли хонандагони сомона ва ҳамдиёрони арҷмандро ба муносибати Иди саиди Фитр самимона шодбош мегӯем.

Ба ҳамаи Шумо рӯзу рӯзгори осуда, табъи идона, хони пурнозу неъмат ва файзу баракати зиндагиро таманно дорем.

Таманно дорем, ки рӯза ва дуоҳои Шумо ба даргоҳи Худованд қабул гарданду Шумо ба ҳама орзуҳои некатон бирасед!

ИДИ САИДИ ФИТР МУБОРАК!

Абдуллоҳи Қодирӣ

Натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ оид ба дин ва рӯзадорӣ дар Тоҷикистон

Асосгузору сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати давлатӣ нисбат ба дин таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, ки дар натиҷа муносибати давлат ва ҷомеа нисбат ба дин қатъиян тағйир ёфт ва дин дар ҷомеа ҷузъи муҳимтарини фарҳанг эътироф гардид.

Илми тоҷик ба сураё рафт

Ду хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи 12-уми аврупоӣ аз фанни математика барои духтарон (European Girls’ Mathematical Olympiad) байни 55 давлати дунё Парчами кишварро боло бардошта, математикони оламро ба ҳайрат оварданд.

Аҳли эҷоди сомонаи Маркази исломшинос ин пирӯзӣ ва дастоварди илмиро ба хонаводаи эшон ва масъулини Литсейи мазкур табрику таҳният мегӯяд.

Бознашр аз саҳифаи oila.tj

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз моҳи шарифи Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди саиди Фитр фаро мерасад.

Ба ин муносибат ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар як фарди Ватан тандурустӣ, сулҳу сафо ва хайру баракат орзу менамоям.

Мо шукрона мекунем, ки ба шарофати истиқлолу озодии кишварамон иди саиди Фитр ва дигар ойину суннатҳои миллиамонро дар шароити сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ таҷлил менамоем.

Ҳамватанони мо иди саиди Фитрро ҳар сол бо амалҳои хайру савоб ва шодмониву хушҳолӣ истиқбол мегиранд.

"ТАДЖИКИ - СОЗИДАТЕЛИ ЦИВИЛИЗАЦИИ"

Славная история таджикского народа является великой школой самосознания и мы обязаны почитать её, изучать яркие страницы героизма и подвигов своих предков и утверждать их как основу идеи патриотизма и верности Родине.

Страницы

Яндекс.Метрика