Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Бекир Шаҳин

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар доираи сафари кории худ дар Туркия, бо ҳамкасби хеш Бекир Шаҳин мулоқот карда, масъалаи созмонҳои террористӣ эътироф кардани ташкилотҳои хатарзоро дар ҳудуди якдигар баррасӣ кардааст.
Дар ин бора маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки вохӯрӣ дирӯз, 2-юми май, сурат гирифта, ҷонибҳо ҳамчунин, ҳамкории мақомоти прокуратураҳои кишварҳо дар самти муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ, бахусус терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллиро баҳс кардаанд.

Оғози сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Нимаи дуюми рӯзи 3 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд.

Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ, аксҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстию бародарии халқҳои ду кишвар идона ороста шуда буд.

Хок бар сар нафси нофарҷомро!

❗Соқиё бархезу дардеҳ ҷомро,
Хок бар сар кун ғами айёмро.
Соғари май бар кафам неҳ то зи бар,
Баркашам ин далқи азрақ фомро.
Гар чи бадномист назди оқилон,
Мо намехоҳем нангу номро.
Бода дар деҳ чанд аз ин боди ғурур,
Хок бар сар нафси нофарҷомро.
Дуди оҳи синаи нолони ман,
Сухт ин афсурдагони хомро.
Маҳрами рози дили шайдои худ,
Кас намебинам зи хоссу омро.
Бо дилороме маро хотир хуш аст,
К- аз дилам як бора бурд оромро.
Нангарад дигар ба сарв андар чаман,
Ҳар ки дид он сарви сим андомро.

ТАВАҶҶУҲ! Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухўрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо

Моддаи 401(1). Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухўрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо

(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1088аз 2.01.2018 № 1472)

Қуввати Афранг аз илму фан аст

Шарқро аз худ барад тақлиди Ғарб,
Бояд ин ақвомро танқиди Ғарб
Қуввати Мағриб на аз чангу рубоб,
Не зи рақси духтарони беҳиҷоб.
Не зи сеҳри соҳирони лоларўст,
Не зи урёнсоқу не аз қатъи муст.
Маҳкамӣ ўро на аз лодинӣ аст,
Не фурўғаш аз хати лотинӣ аст.
Қуввати Афранг аз илму фан аст,
Аэ ҳамин оташ чароғаш равшан аст.
Ҳикмат аз қатъу буриди ҷома нест,
Монеъи илму ҳунар аммома нест.
Илму фанро, эй ҷавони шўхшанг,
Мағз мебояд, на малбуси Фаранг.
Андар ин раҳ ҷуз нигаҳ матлуб нест,

ТЕРРОРИЗМ ВА ТАХРИБКОРӢ ЗИЁНОВАР ДОНИСТА МЕШАВАД!

Расидан ба Истиқлолияти давлатӣ, ба даст овардани Ваҳдати комили миллӣ ва таъмини сулҳу суботи саросарӣ ба рушди бонизоми мамлакат заминаи устувор мегузорад. Мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти андешаи “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мост” муттаҳид гардида, баҳри бунёди ҷомеаи воқеан ҳам пешрафтаву мутамаддин саҳмгузорӣ намуда истодаанд.

Омилҳои асосии ҳувияти миллӣ ва динӣ дар шароити муосири Тоҷикистон

Ҷомеаи муосири Тоҷикистон дар марҳилаи тақдирсози таърихӣ қарор дорад. Эҳёи давлатдорӣ ва расидан ба истиқлолияти давлатӣ баъд аз ҳазор соли мураккабтарини инкишоф вайроншавию ободшавӣ, ноустуворию фоҷиявӣ, ноумедию умедворӣ ин ҳама масоиле буданд, ки ба ҳувияти миллии миллат ва ҷаҳонбини динӣ  таъсир расониданд. Яке аз мушкилоти асосии ҳуввияти миллӣ ва динӣ ҳамчун шуури ҷаъмиятӣ дар он аст, ки таъғйиротҳои муҳими пешомадаро аз лиҳози манфиятҳо дарк намудан, ва ноилшавӣ ба арзишҳои умумибашариро пайванд менамояд.

Идомаи матлаб аз китоби "Салафияи ифротӣ..."

§5. Таҳрифи идеяи тавҳид дар салафияи ифротӣ

Страницы

Яндекс.Метрика