Ҳамоиши илмӣ-амалӣ: Роҳу усулҳои нави муқовимат ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ва экстремистиву террористӣ баррасӣ шуданд

Имрӯз дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Роҳу усулҳои нави муқовимат ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ва экстремистиву террористӣ” ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир гардид.

Мулоқот: Ҷавонон зидди экстремизм ва терроризм

Санаи 10-уми майи соли 2023 дар толори факултети филологияи тоҷик мулоқоти намояндагони Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллоҳ Қодирӣ - сиёсатшинос бо устодону донишҷӯён таҳти унвони “Ҷавонон зидди экстремизм ва терроризм” баргузор гардид.

Паёми шодбошӣ ба ифтихори 78-умин солгарди Ғалаба бар фашизм

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!

Нӯҳуми май мардуми кишвари мо дар радифи дигар халқҳои сулҳдӯсти сайёра яке аз санаҳои таърихӣ – Рӯзи ғалаба бар фашизмро таҷлил мекунанд.

Ба ин муносибат, пеш аз ҳама, иштирокчиёни ҷанг ва ҳамаи онҳоеро, ки дар ақибгоҳ барои ба даст овардани пирӯзӣ бар фашизм саҳм гузоштаанд, инчунин, мардуми ватандӯсту сулҳхоҳи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Ҷанги дуюми ҷаҳон барои сокинони сайёра, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон яке аз давраҳои фоҷиабортарини асри гузашта ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо боздиди корӣ ба шаҳри Москва сафар намуданд

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо боздиди корӣ ба шаҳри Москва сафар намуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Иди Ғалаба муборак!

Аҳли эҷоди сомонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи роҳбарияти Марказ Иди Ғалабаро ба тамоми кормандони Маркази исломшиносӣ ва кулли мардуми шарифи Точикистон табрику муборакбод мегӯяд!

Бигузор болои сарамон осмони софу беғубор ва дар Ватани маҳбубамон сулҳу субот ва тенҷию амонии ҳамешагӣ пойдор бошад.

Худованд ҷангу хунрезиро ба сари ягон миллати дунё, наоварад. Омин.

Бори дигар идатон муборак ҳамватанони азиз!!!

Масъули сомона: Абдуллоҳи Қодирӣ

Дар Тоҷикистон то имрӯз 59 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондааст...

Тайи як сол дар Тоҷикистон 39 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз олам даргузашт.

Дар Тоҷикистон то имрӯз, 20 апрел 59 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондаанд. Дар ин бора Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Соли гузашта, тибқи маълумоти раиси Шӯрои собиқадорони ҶБВ Раҳмат Қудратов собиқадорон 98 нафар буданд. Ду сол пеш, дар соли 2020 бошад, Рӯзи Ғалабаро 168 нафар собиқадорон ҷашн гирифтанд.

ОМИЛҲОИ ГАРАВИШИ ҶАВОНОН БА ҲАРАКАТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ

Нимаи дуюми рӯзи 26-уми апрел дар идомаи сафари гурӯҳи корӣ ҷиҳати гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо сокинони ноҳияҳои вилояти Хатлон дар бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Носири Хусрав дар мавзӯи "Омилҳои гаравиши ҷавонон ба ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ" мулоқот баргузор гардид.

ИДОМАИ ВОХӮРИҲО: МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ ШАҲРИТУС

Рӯзи 26-уми апрел, дар идомаи сафари гурӯҳи корӣ зери роҳбарии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам ва дар ҳайати муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарпрокурори ҳарбӣ – Зоирзода Икром, Директори Маркази таълимии судяҳои Суди Олӣ - Завқизода Солеҳ, Сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонону ноболиғони ВКД - Бухоризода Мансур, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Чоршанбезода Сураҷ, муовини Директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳ

Страницы

Яндекс.Метрика