Боздиди навбатии Пешвои миллат аз кишвари Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

19 июли соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар нахустин вохурии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Адои маносики ҳаҷ ва таманнои оромию осудагӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон

Иштирок дар нахустин нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ 19.07.2023

19 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар нахустин вохурии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зиёрати қиблаи мусулмонон - Каъбатуллоҳ

19 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз иштирок дар нахустин вохурии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ аз шаҳри Ҷидда ба шаҳри Маккаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маккаи мукаррама қиблаи мусулмонон – Каъбаро зиёрат карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либоси хоси маросими ҳаҷ – эҳромро ба бар карда, вориди хонаи Худо гардида, дохили Каъбатуллоҳ 2 ракъат намози нафл хонданд.

Рафтагон рафтанд, фикри мондагон бояд кунем!

Рафтагон рафтанд, фикри мондагон бояд кунем,
Дар мақоми сабр худро имтиҳон бояд кунем.
Остони худ надида осмон ҷустем чанд,
Остони пасти худро осмон бояд кунем.
Чанд менолӣ, ки миллат пир шуд, чун боғбон
Ин дарахти пир пайванди ҷавон бояд кунем.
Хушк шуд дарёи мо, то рафт бар шохобҳо,
Боз аз ин шохобҳо баҳри дамон бояд кунем.
Тоҷ дар осорхона, як сари шоиста нест,
Як сари шоистаи тоҷи каён бояд кунем.
Сарзамини ориён чун суфраи сагкандаест,
Суфраро озод аз чанги сагон бояд кунем.

Оғози сафари корӣ дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ

18 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҳамоиши нахустини Шӯрои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои халиҷи Араб вориди шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Ҷидда ба номи Шоҳ Абдулазиз меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Амири музофоти Маккаи Мукаррама, мушовири Шоҳи Арабистони Саудӣ Шоҳзода Холид ал-Файсал ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Таъиноти кадрӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар мақомоти суд, Прокуратура, Вазорати мудофиа ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Сафари корӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ

18 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ ба шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар карданд.

МАФҲУМИ САЛОМ ДАР МАЪХАЗҲОИ ИСЛОМӢ

Салом дар луғатномаҳо ба маънии саломатӣ аз ҳар гуна айбу нуқсон, сулҳу осоиштагӣ, амну амон, дуруду таҳният аст ва азбаски Худованд ҷовидон ва пок аз айбу нуқсон аст, яке аз номҳои ӯ “Салом” аст.

Ҳар гуна изҳори муҳаббат дар оғози вохӯрӣ “дуруд” аст. Пас салом ҳамон дуруд аст, ки аз матолиби зиндагӣ ва дуои саломатӣ ва зиндагии дигарон аст, ин дуо хоҳ дар шакли “ассалому алайкум” бошад ё “ассалому алайно”. Аз ин рӯ, равшантарин намунаи дуруд салом аст.

Страницы

Яндекс.Метрика