18 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқоти самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони сарбаланду меҳмоннавози вилоятро ба ифтихори санаи таърихиву тақдирсози истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфтанд ва барои пазироии гарму самимӣ ва ҷонибдории сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.









