Заминаҳои иҷтимоӣ - иқтисодии зуҳури ифротгароии динӣ - сиёсӣ

Дар баробари таъсири бевосита расонидан ба ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа, робитаҳои мутақобилаи зуҳуроти динӣ- ифротгароӣ дар ҷомеа вуҷуд доранд, ки дар мавридҳои муайян ба тағйироти иҷтимоӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ, ба таҷдиди назари анъанаҳову таълимоти динӣ ва вазъияти динии ҷомеа мусоидат мекунанд.

Забони миллат - бақои миллат

Миллати куҳанбунёди тоҷик дар тӯли мавҷудияти хеш шебу фарози зиёдеро тай намуда, чандин империяҳои бузурги оламро ташкил намудааст. Дар ин росто бо шарофати фарҳанги воло ва назму насри оламгир шоирону нависандагон, олимону мутафаккирон ва файласуфони  сатҳи ҷаҳониро дар домони худ парварида, ба оламиён муаррифӣ намудааст. Асарҳои безаволи «Шоҳнома»-и А.Фирдавсӣ, «Ал-қонун фи-тибб»-и А. Сино, «Маснавии маънавӣ» - и Ҷ. Балхӣ ва садҳо асарҳои амсоли онҳо ба забонҳои гуногуни олам тарҷума шуда, имрўзҳо серхонандатарин асарҳо дар ҷаҳон маҳсуб меёбанд.

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ – ЗАБОНИ СУЛҲУ АРЗИШҲОИ ВОЛОИ ИНСОНӢ

Забон муҳимтарин василаи муошират, иртиботи байни халқҳо, фарҳангҳо ва тамаддунҳои мухталифи башар маҳсуб мегардад. Омӯзиши забон, омӯзиши фарҳангу тамаддуни башар буда,  дар пешрафту тараққии ҷомеа нақши бориз дорад. Маҳз, тавассути забон ҷомеаҳо аз урфу одат ва таъриху фарҳанги якдигар ошноӣ пайдо мекунанд ва ба воситаи он ҳамеша дар иртибот қарор гирифта, ҳамзамон, ҳамкориҳои худро ба роҳ мемонанд. Таваҷҷуҳ ба омӯзиши забон аз муҳимтарин талаботи ҷомеаи имрӯзаи инсонист.

САҲМИ МУТАФАККИРОНИ ТОҶИК ДАР ТАШАККУЛИ ТАМАДДУНИ ИСЛОМӢ

Дар мавриди хидматҳои фаровони аҷдоди тоҷикон ба ойини нав дар сарчашмаҳо маълумоти зиёд вуҷуд доранд, аммо аз сабабе ки ислом тамоми миллатҳоро зери мафҳуми ягонаи «миллати ислом» муттаҳид мекард, саҳми аҷдоди мо тоҷикон дар интишори ислом, яъне аз ибтидои зуҳуру ташаккули он то ба вуҷуд омадани салтанати Тоҳириён, ки хусусияти дунявӣ дошт дар миёни ду асри аввали пешрафти ислом норавшан боқӣ мондааст.
 

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30.09.2024

30 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис нахуст гузориши вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 шунида шуд.

Забон - баёнгари асолати фарҳангии миллат

Мусаллам аст, ки забон яке аз асоситарин ва муҳимтарин воситаи муошират дар байни иртибототи ғайрикаломӣ, монанди ишора кардан, сар ҷунбондан, бо расмҳо иртибот барқарор кардан ва ғайра, маҳсуб ёфта, пайвандгари наслҳои гузашта бо наслҳои имрўза дониста мешавад. 
 
Забони ҳар як миллат баёнгари таърихи куҳанбунёди он ба шумор меравад, ки тамоми марҳилаҳои бурду бохти миллатро дар худ таҷассум намуда, барои насли оянда ҳамчун дарси ибрат хидмат менамояд. 
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК

Қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст.

Фарзандонамонро чи гуна бояд таълим диҳем?

Дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»  

Страницы

Яндекс.Метрика