ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ МАРДУМИ ТОҶИК

«Зимни талошҳои пайдарпайи халқи Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии мамлакат таъмин гардид ва кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёр шинохта шуд».

Эмомалї Раҳмон

Истиқлолият-марҳилаи нави шукуфоии миллат

Тоҷикистони азиз 32-умин соли Истиқлолияти худро сипарӣ намуда истодааст. Агар таърихи Истиқлолияти давлатии мо зиёда аз чаҳоряк аср бошад, умри миллат ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳост. Мардуми мо ҳанӯз аз оѓози таърих мардуми соҳибватананду давлатсоз. Ниёгони арҷманди мо дар оѓоз ва саргаҳи давлатдорӣ қарор доштанд ва намунаҳои нахустини ҷомеаҳои мутамарказ ва давлатҳои муқтадири таърихиро барои башарият эҳдо карданд, аммо дар натиҷаи тохтутозҳои пайдарҳами аҷнабиён мардуми тоҷик як муддати тӯлонӣ аз идоракунии мустақилонаи давлатдории худ маҳрум монданд.

Таъсири манфии раванди сиёсигардонии дини ислом дар ҷомеа

Дар шароити кунунӣ, ки раванди сиёсигардонии дини ислом ва дар ин асос вусъат гирифтани радикализми динӣ, терроризму экстремизм, инчунин, истеҳсолу қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, бемориҳои сироятӣ, гармшавии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобии паёпай идома дорад, таъсири манфии омилҳои зикргардида ба ҷомеаи мо низ расида истодааст.
Эмомалӣ Раҳмон.

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Истиқлол – сарчашмаи хушбахтиҳо

Хушбахтӣ – ҳолати ҷисмонию рухонии роҳатбахшу сурурбахши инсон аст, ки дар қаноатмандию ризоиятмандӣ аз зиндагӣ ифода меёбад.   Вай, пеш аз ҳама, ҳолати моддист, зеро ки ҷисми инсон  ба таври моддӣ аз неъматҳои барои зиндагӣ зарур баҳраманд мегардад. Хушбахтӣ ҳамзамон ҳолати рӯҳист, зеро шуури инсон аз дарки дурусти воқеияти иҷтимоӣ ризоиятмандии назаррас ба маъраз мегузорад. Аз ин нигоҳ, сарчашмаи хушбахтии фард метавонад ҳам модару падар бошад, ҳам дониши амиқ, ҳам қудрати ҷисмонии ғайримуқаррарӣ, ҳам мероси ғании падару модар, ҳам дарёфти тасодуфии ганҷе ва ҳам амсоли инҳо. 

Истиқлолият ва дастовардҳои беназири он

Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад.

«Истиқлолият» мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шавад.

Китоби «Таъриху-р-русул ва-л-мулук» ҳамчун сарчашмаи таърихӣ

«Таъриху-р-русул ва-л-мулук» («Таърихи пайғамбарон ва шоҳон»), асари Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир ат-Табарӣ мебошад, ки аз љумлаи асарҳои беназири таърихӣ  маҳсуб меёбад. Ўсоли 838 милодӣ дар Омул таваллуд шуда, соли 922 милодӣ дар Бағдод вафот кардааст.

Дарси зиндагӣ аз Саъдӣ:

Дарси зиндагӣ аз Саъдӣ:
Андоза нигаҳдор ки андоза накуст,
Ҳам лоиқи душман асту ҳам лоиқи дӯст.

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Рӯзи китоб муборак !

Утоқи бидуни китоб, ҳамчун бадани бидуни рӯҳ аст.
Ситсерон , сиёсатмадор ва файласуфи Рӯмӣ.

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Страницы

Яндекс.Метрика