НОГУФТАҲОЕ АЗ ТАЪРИХ

Абурайҳони Берунӣ (364-440 ҳиҷрии қамарӣ) риёзидон, мунаҷҷим, ҷуғрофиёдон ва файласуфи бузурги форсу тоҷик ва яке аз бузургтарин донишмандони тарих аст. Иллати номгузории ӯ ба Берунӣ он буд, ки дар беруни шаҳри Хоразм чашм ба ҷаҳон гушуд. Ӯ муддатеро дар хидмати Шамсул-маъолии Қобус Вушмагир гузаронид ва китоби "Осор-ул-боқия"-ро ба номи Қобус таълиф кард.

Султон Маҳмуд, ки дӯст дошт шоъирон ва ҳакимону донишмандон дар дарбораш ҷамъ шаванд пас аз тасарруфи Хоразм ӯро бо худ ба Ғазна бурд.

Изҳори ҳамдардии Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

Рӯзи 7-уми октябри соли равон дар Афғонистон заминларза ба амал омад.
Тибқии иттилои расида ҷунбиши қишри замин, ки қувваи он аз руи ҷадвали Рихтер 6,3 балро ташкил медод, дар 40 километрии қисми шимолу ғарби шаҳри Ҳирот рух дод.
Дар натиҷаи офати табии беш аз 600 манзили истиқоматӣ ва дигар инфрасохтор хароб гашта, зиёда аз ду ҳазор нафар ба ҳалокат расид.
Бар асари заминларза нафарони зиёд бенишон гашта, шумораи осебдидагон муайян карда нашудааст.

БИЁ ҲОҶӢ ЗИ ҲАҶ РАФТАН ҲАЗАР КУН

Биё ҳоҷӣ зи ҳаҷ рафтан ҳазар кун,
Мазори ҳазрати дилро гузар кун.
Худо дар Макка зери сахраҳо нест,
Ҳамеша бо туву аз ту ҷудо нест.
Худойеро, ки бо ӯ мешавӣ маст,
Зи гардан ҳам ба ту наздиктар ҳаст.
Туро ин бинишу андеша танг аст,
Ки пиндори Худоят зери санг аст.
Худованде, ки Раҳмону Раҳим аст,
Маконаш дар дилу чашми ятим аст.

Аз саҳифаи РУМӢ

Таҳиякунадаи мавод : шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

БАНД ДАР ПО НЕСТ, ДАР ҶОНУ ДИЛ АСТ (Дар ҳошияи мақолаи “Эҳёи миллат – бақои давлат”) Манфиати давлат ва ҷаҳонбинии тоҷикмеҳвар Масъалаи матраҳнамудаи профессор С. Ятимов дар мақолаи “Эҳёи миллат-бақои давлат”, «Ҷумҳурият», №171(24782), аз 24.08.2023)

БАНД ДАР ПО НЕСТ, ДАР ҶОНУ ДИЛ АСТ
(Дар ҳошияи мақолаи “Эҳёи миллат – бақои давлат”)
Манфиати давлат ва ҷаҳонбинии тоҷикмеҳвар

ВОПАСИН ЛАҲЗАҲОИ ҲАЁТИ ЛЕВ ТОЛСТОЙ

Лев Толстой дар хотироти худ навиштааст, ки сарф кардани пулро бисёр дӯст медорад. Ин хотира , ба замоне, ки ӯ дар Қафқоз хизмат мекард ва хотираҳои хешро сабт менамуд, марбут буда, соли 1851 дар дафтар қайд шудааст. Вай чунин навишта буд:” Ҷамъ кардани пулро на, балки сарф намудани онро дӯст медорам”. Ин ҳамон давраи ҷавонию бепарвоияшро инъикос карда, ҳамчунин тамоюли ӯро ба қиморбозӣ ва дигар бозиҳои беҳуда нишон медиҳад.

Мақсуд туӣ, Каъбаву бутхона – баҳона

Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона,
Халқе ба ту машғулу ту ғоиб зи миёна.

Гаҳ муътакифи дайраму гаҳ сокини масҷид,
Яъне ки туро металабам хона ба хона.

Ҳар кас ба забоне сифати мадҳи ту гӯяд,
Мутриб ба суруди наю булбул ба тарона.

Ҳоҷӣ ба раҳи Каъбаву ман толиби дидор,
Ӯ хона ҳамеҷӯяду ман соҳиби хона.

Мақсуди ман аз Каъбаву бутхона туӣ, ту,
Мақсуд туӣ, Каъбаву бутхона – баҳона.

Чун дар ҳама ҷо акси рухи ёр тавон дид,
Девона наям ман, ки равам хона ба хона.

Директори Маркази исломшиносӣ: «Мақсади марказии ҳар дин ҳидоят ба ғалабаи некӣ бар бадӣ аст ва рисолати ҳеҷ як дин дар асл бунёди давлат нест»

Қисми 2:

ТОҶИКИСТОН. ИСТИҚЛОЛ ВА ЗАМИНАҲОИ ИҶТИМОӢ-ҲУҚУҚИИ ГУСТАРИШИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Дар ҳақиқат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи  шахсиятҳои бузурги давлатию таърихӣ мебошанд, ки дар баробари дигар соҳаҳо

Страницы

Яндекс.Метрика