Фахр дорад хоки Балх имруз бар баҳри Адан!

❗Барги бебаргӣ надорӣ, лофи дарвешӣ мазан,
Рух чу айёрон надорӣ, ҷон чу номардон макан.
Ё бирав ҳамчун занон рангею бўе пеш гир,
Ё чу мардон андар ою гўй дар майдон фиган.
Ҳар чӣ бинӣ ҷуз ҳаво, он дин бувад, бар ҷон нишон,
Ҳар чӣ ёбӣ ҷуз худо, он бут бувад, дарҳам шикан.
Умрҳо бояд ки то як кўдаке аз рўи табъ
Олиме гардад накў ё шоире ширинсухан.
То ту дар банди ҳавоӣ аз зару зан чора нест,
Ошиқе шав, то ҳам аз зар фориғ ойӣ ҳам зи зан.
Нафси ту ҷўёи куфр асту хирад ҷўёи дин,
Гар бақо хоҳӣ ба дин ой, ар фано хоҳӣ, ба тан.
Бо ду қибла дар раҳи тавҳид натвон рафт рост,
Ё ризои дўст бояд ё ҳавои хештан.
Пардаи парҳезу шарм аз рўи имон бармадор,
То ба захми чашми ноаҳлон нагардӣ муфтатан.
Гирди Қуръон гард, зеро ҳар кӣ дар Қуръон гурехт,
Он ҷаҳон раст аз уқубат, ин ҷаҳон раст аз фитан.
Суннии диндор шав, то зинда монӣ, з-он ки ҳаст
Ҳар чӣ ҷуз дин мурдагию ҳар чӣ ҷуз суннат ҳазан.
Бо суханҳои Саноӣ хоса дар зуҳду масал
Фахр дорад хоки Балх имруз бар баҳри Адан!
✍️Ҳаким Саноии Ғазнавӣ.

Яндекс.Метрика