Ба андешаи аксари муҳаққиқони илмҳои ҷомеашиносӣ, бегонопарастӣ ҳамчун зуҳуроти манфӣ решаҳои таърихӣ дорад. Агар ба таърихи миллати мо нигоҳ намоем, пас саҳифаҳои қаҳрамонию далерӣ, инсондўстию хоксорӣ ва меҳмоннавозӣ аз зумраи сифатҳои зотии миллати мо будаанд. Дуруст аст, ки таърих нисбат ба халқи мо беадолатиҳои зиёдро раво дидааст ва дар байни фарзандони миллати мо баъзе аз бегонапарастию хидматгузории бегонагон мушоҳида шудааст, вале ин ба ҳеҷ сурат аз унсурҳои миллии мо набуда, балки дигар хислатҳои ҳамидаи тоҷикро ҳамеша дар маркази муносибатҳои илмию адабӣ қарор додааст.
Аммо ин ҳамааш гузашта аст, вале имрўз мо дар борхалтаи маънавии худ сӣ соли Истиқлолият дорем – сӣ соли созандагию ободкорӣ бо таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ ва қаҳрамониҳои бемисли Пешвои миллат, ки ҳамагӣ барои мо мактаби бузурги худшиносию меҳангароӣ мебошанд. Таърих, тақдир ва ояндаи миллати моро дигар ба саҳлангорию бегонапрастӣ нахоҳад бахшид. Баръакс мо бояд худро шиносем, ҳаммеҳани худро дўст дорем ва ватани азизамонро бо ҳама пастию баландияш азизу муҳтарам дорем, донем, дарк намоем ва тарѓиб созем, зеро ҳастию нестии моро танҳо ҳамин хок, ҳамин ватан ва ҳамин забон дар қалби худ ҷо хоҳад кард.
Вале бо вуҷуди ин ҳама ҳанўз баъзе аз шаҳрвандони мо бинобар сабаби камҳавсалагӣ ва беаҳмиятӣ ба ҳарфи худ диққат надода донистаю надониста мақом ва манзалати миллати худ ва ватани хешро паст мезананд, ки дар маҷмўъ ба номи ватан ва сифатҳои арзандаи миллати мо доғ меоранд.
Иддаи дигарамон бошад, агар дар маъракае як нафар бегона иштирок дошта бошад, ҳамагӣ он қадар ба ӯ таваҷҷуҳ мекунанд, аз «бузургияш» ҳарф мезананд ва бо ҳамин ѓурури миллӣ ва мақоми ҳувияти хешро фаромўш мекунанд. Шояд хонандаи азиз бигӯяд, ки мо на бегонапараст, балки меҳмондӯст ҳастем? Шояд… Аммо ҳар коре, ки марзи эътидолро убур менамояд, дар назари ахлоқ ва одоб зишт аст…
Ёд дорам, боре иштирокчии як машварате будам, ки чор рӯз давом кард. Семинарро, ки оид ба муносибат бо кӯдакони маъюб буд, як ташкилоти ҷопонӣ мегузаронд. Барои ман нафратовар он буд, ки баъзе аз иштирокчиёни он нишаст— ҳаммиллатони ман барои чӣ бошад, дар бораи тоҷикон ба вижа дар самти дастгирии маъюбон дар ҷомеаи мо суханҳои пасту баланд мегуфтанд. Ман ҳам аз кайҳон наомадааму медонам, ки мо чӣ камбудӣ дорем, вале аз бадгӯӣ кардан назди аҷнабиён мушкили мо ҳалли худро намеёбад! Хайрият, ки намояндаи ин ташкилот, духтараки ҷопонӣ на русиро медонисту на тоҷикиро. Албатта, ин як ҳолат аст, шояд дигар нафарон низ чунин ҳолатҳоро дарк карда бошанд. Вале як сирро бояд ошкоро гуфт, вақте нафаре бо чунин хунсардӣ нисбат ба миллати худ ҳарф мезанад вай ҳанўз худ чун ҷузъи миллат пухта нарасидааст, ў ҳанўз мақоми худро дар ҷомеа дуруст нашинохтааст, ў аз сифати миллатдорӣ ва виҷдони ватандорӣ маҳрум аст. Зеро миллатро мо шаҳрвандон ва ватанро мо мардум обод мекунем, мо ки худ ободии хонаи худро дарк намекунем ва онро ба чунин осонӣ ба назди бегонагон хор муаррифӣ менамоем, пас мо яъне ҳанўз ҳамчун ҷузъи миллат худро нашинохтаем.
Аз ин воқеа чанд вақт гузашта бошад ҳам, то ҳол он гуфтугӯро ба ёд овардаву дилам сиёҳ мешавад. Албатта, дар ҷомеаи мо камбудиҳо зиёданд, вале новобаста аз камбудиҳо ғурури миллӣ бояд ҳифз гардад! Дар Тоҷикистон аксарият ба маъюбон назари нек доранд, агар дар як маҳалла маъюбе зиндагӣ кунад, ҳамаи аҳли маҳал то ҳадди имкон ба вай дасти мадад дароз мекунанд. Ҳукумати мамлакат, ба вижа Президенти, барои беҳбудии хизматрасонӣ ба маъюбон корҳои зиёдеро ба сомон мерасонанд. Каманд онҳое, ки фарзанд, падару модар ё пайванди маъюби худро ба хонаи бепарасторон супоранд. Пас, мо он қадар ҷоҳилу бераҳм ва бевиҷдон нестем, ки иддае аз худамон мепиндорем!
Аз ин рӯ, дар ҷое, ки сухан атрофи обрӯйи миллат меравад, виҷдон ва худшиносиро бояд аз мадди назар дур накард, зеро мо дар бораи як ҳодисаи ҷузъӣ не, балки нисбат ба миллат ҳарф мезанем. Миллати мо танҳо не, балки гузаштаи мо, имрўзаи мо ва ояндаи мост.
Лолаи Саидакбар
Бознашр аз Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” http://www.jomea.tj/tj/node/1396