ЧАНДЕ АЗ ҲИКОЯТҲОИ ПАНДОМЕЗ БА ВОЛИДАЙН ДАР ТАЪСИРИ ТАРБИЯТИ ФАРЗАНД АЗ «ГУЛИСТОН»-И САЪДИИ ШЕРОЗӢ

Ҳикоят. Яке аз вузароро писаре кавдан (кундзеҳн) буд. Пеши яке аз донишмандон фиристод, ки мар инро тарбияте мекун, магар оқил шавад. Рӯзгоре таълим кардашу муассир набуд. Пеши падараш кас фиристод, ки ин писар оқил намешавад ва наздик аст, ки маро девона кунад.

Чун бувад асли гавҳаре қобил,

Тарбиятро дар ӯ асар бошад.

Ҳеҷ сайқал накӯ наёрад кард,

Оҳанеро, ки бадгуҳар бошад.

Саг ба дарёи ҳафтгона машӯй,

Ки чу тар шуд, палидтар бошад.

Хари Исо гараш ба Макка баранд,

Чун биёяд, ҳанӯз хар бошад.

 

Ҳикоят. Ҳакиме писаронро панд ҳамедод, ки ҷонони падар, ҳунар омӯзед, ки мулку давлати дунё эътимодро нашояд ва симу зар дар сафар бар маҳалли хатар аст: ё дузд ба як бор бибарад, ё хоҷа ба тафориқ (ҷудо-ҷудо) бихӯрад. Аммо ҳунар чашмае зоянда асту давлате поянда. Агар ҳунарманд аз давлат бияфтад, ғам набошад, ки ҳунарманд дар нафси худ давлат аст, ҳар ҷо ки равад, қадр бинад ва дар садр нишинад ва беҳунар луқма чинаду сахтӣ бинад!

Сахт аст пас аз ҷоҳ таҳаккум бурдан (таънаву носазо шунидан),

Хӯ карда ба ноз, ҷаври мардум бурдан.

***

Вақте афтод фитнае дар Шом,

Ҳар кас аз гӯшае фаро рафтанд.

Рустозодагони дониманд,

Ба вазирии подшо рафтанд.

Писарони вазири ноқисақл,

Ба гадоӣ ба русто рафтанд.

 

Ҳикоят. Яке аз фузало таълими маликзодае ҳамедод ва зарби бемуҳобо задӣ ва заҷри беқиёс кардӣ. Боре аз бетоқатӣ шикоят пеши падар бурд ва ҷома аз тани дардманд бардошт. Падарро дил ба ҳам баромад, устодро бихонду гуфт:

– Писарони оҳоди (афроди) раиятро чунин ҷафову тавбих раво намедорӣ, ки фарзанди маро! Сабаб чист?

Гуфт:

– Сабаб он аст, ки сухан андешида бояд гуфтан ва ҳаракат писандида кардан ҳамаи халқро алалумум ва подшоҳонро алалхусус. Ба мӯҷиби он ки бар дасту забони эшон ҳар чӣ рафта шавад, ҳароина ба афвоҳ (даҳонҳо) бигӯянд ва қавлу феъли авомунносро чандон эътиборе набошад.

Агар сад нописанд ояд зи дарвеш,

Рафиқонаш яке аз сад надонанд.

В-агар як базла гӯяд подшоҳе,

Аз иқлиме ба иқлиме расонанд.

 

Пас, воҷиб омад муаллими подшоҳзодаро дар таҳзиби (ислоҳу покика сохтани) ахлоқи худовандзодагон: анбатаҳуму Аллоҳу наботан ҳасанан (Худо онҳоро ниҳоли нек рӯёнад) иҷтиҳод аз он беш кардан, ки дар ҳаққи авом.

Ҳар кӣ дар хурдияш адаб накунад,

Дар бузургӣ фалоҳ (растгорӣ) аз ӯ бархост.

Чӯби тарро, чунон ки хоҳӣ, печ,

Нашавад хушк ҷуз ба оташ рост!

 

Ҳикоят. Муаллими куттоберо (ҷамъи «котиб»-нависандагон, дар ин ҷо мурод маҳалли дарсу нависандагист) дидам дар диёри Мағриб турушрӯй, талхгуфтор, бадхӯй, мардумозор, гадотабъ, нопарҳезгор, ки айши мусулмонон ба дидани ӯ табаҳ гаштӣ ва хондани Қуръонаш дили мардум сияҳ кардӣ. Ҷамъе писарони покизаву духтарони дӯшиза ба дасти ҷафои ӯ гирифтор, на заҳраи хандаву на ёрои гуфтор, гаҳ орази (гунаи, чеҳраи) симини якеро тапонча задӣ ва гаҳ соқи булӯрини дигареро шиканҷа кардӣ. Алқисса, шунидам, ки тарфе аз хабосати нафси ӯ маълум карданд ва бизаданду биронданд ва мактаби ӯро ба муслиҳе (накӯкоре, хайрхоҳе) доданд, порсои салим, некмарди ҳалим, ки сухан ҷуз ба ҳукми зарурат нагуфтию мӯҷиби озори кас бар забонаш нарафтӣ. Кӯдаконро ҳайбати устоди нахустин аз сар бирафт ва муаллими дувуминро ахлоқ малакӣ (фариштагуна) диданд ва як-як дев шуданду ба эътимоди ҳилми ӯ тарки илм доданд. Ағлаби авқот ба бозича фароҳам нишастандӣ ва лавҳи дурустнокарда дар сари ҳам шикастандӣ.

Устоди муаллим чу бувад беозор,

Хирсак бозанд кӯдакон дар бозор.

 

Баъд аз ду ҳафта бар он масҷид гузар кардам, муаллими аввалинро дидам, ки дил хуш карда буданду ба ҷойи хеш оварда. Инсоф биранҷидам ва «лоҳавл» гуфтам, ки иблисро муаллими малоика дигар чаро карданд? Пирамарде зарифи ҷаҳондида гуфт:

Подшоҳе писар ба мактаб дод,

Лавҳи симин-ш бар канор ниҳод.

Бар сари лавҳи ӯ набишта ба зар,

«Ҷаври устод беҳ, меҳри падар» [1, С. 181-184].

 

Адабиёт:

1.Саъдии Шерозӣ. Бӯстон. – Душанбе: Адабиёти бачагона, 2018. – 328 с.

 

Шоев Фируз Маҳмадаминович,

сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии

муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ»

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Яндекс.Метрика