Пурсишу посух

Савол: Бо шавҳарам понздаҳ сол мешавад, зиндагии якҷоя дорем. Бинобар сабаби фарзанд надоштанамон ҳамеша байни мо ҷангу ҷидол сар мезанад. Чандин бор ба шавҳарам “ҷавоби маро деҳ” гуфтам, аммо рад мекунад. Бояд чӣ кор кунам?

Ҷавоб: Фарзанд атои Худованд аст, ба ҳар касе бихоҳад ва ҳар гоҳе бихоҳад, ин неъматро арзонӣ мефармояд. Агар шумо бо шавҳаратон аз ташхиси тиббӣ гузашта бошед ва табиб муайян карда бошад, ки шавҳаратон ақим ва безурёт аст, дар ин сурат шумо ҳаққи ҷудо шудан аз шавҳаратонро доред. Ба ҳар ҳол, шумо ноумед набошед, дуо кунед, ба афроди мискину ниёзманд хайру садақа диҳед ва аз онҳо дуо бихоҳед. Умед аст, ки Худованд шуморо ба мақсадатон мерасонад.

Раёсати фатвои
Маркази исломӣ

Яндекс.Метрика