Ин ҷаҳону он ҷаҳон як гавҳар аст!

Ошиқонро ҷустуҷӯ аз хеш нест,
Дар ҷаҳон ҷӯянда ҷуз ӯ беш нест!
Ин ҷаҳону он ҷаҳон як гавҳар аст,
Дар ҳақиқат, куфру дину кеш нест!
Ай дамат Исо, дам аз дурӣ мазан,
Ман ғуломи он, ки дурандеш нест!
Гар бигӯйӣ пас равам, не, пас мара,
В-ар бигуйӣ пеш не, раҳ пеш нест!
Даст бикшо, домани худро бигир,
Марҳами ин реш ҷуз ин реш нест!
Ҷузви дарвешанд ҷумла неку бад,
Ҳар ки набвад ӯ чунин, дарвеш нест!
Ҳар ки аз ҷо рафт, ҷойи ӯ дил аст,
Ҳамчу дил андар ҷаҳон ҷойеш нест!
✍️ Мавлоно Балхӣ-Румӣ.

Яндекс.Метрика