
Инсон мавҷуде аст, ки ҳам аз отифаҳо ва эҳсосот бархурдораст ва ҳам аз ақл ва идрокоти ақлонӣ. Гароишҳои отифӣ яке аз чизҳои лозимии инсон аст, зеро инсон холӣ аз муҳаббату нафрат нест. Дӯст доштани худ, наздикон, ватан ва ҳар кас ва чизи дигаре, ки аз он нафъе расида бошад, як хусусияти табии инсон аст. Ва дар муқобили ин буғзу кина нисбат ба ҳар кӣ ва ҳар чӣ, ки зарарвар аст, дар вуҷуди инсон мавҷ мезанад.
Он чи дар ин ҷо мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст, ин аст, ки агар бар отифа ва эҳсосоти одамӣ, муҳабату кинаи ӯ ақл ва шариат, ки аз ҳам ҷудо нестанд, ҳоким бошанд, гароишҳои отифӣ барои беҳтар зистан ва рушду такомули инсон зарурат доранд.
Инсон дорои отифа аст, отифа агар аз итоати ақл ва шаръ хориҷ нашавад, созанда аст. Ва агар хориҷ шавад, табоҳкунанда ва вайронкору зиёнбор аст.
Дар ифротгароӣ ба ҳар шакле бошад, ақлоният ранг мебозад ва хаёлоти ботилу беҳуда ва ғаразҳои шайтонӣ ғолиб мешаванд ва роҳ барои ҳар гуна ҳаракати мусбат ва интихоби ҳадафҳои олӣ баста мегардад.
Дар баробари дигар роҳҳо барои мубориза бо ифротгароӣ ду роҳ дорем, яке роҳи ақл ва дигаре роҳи шаръ. Ва бояд миёни ин ду роҳ як пайвастагиеро ба вуҷуд овард, ки то мубориза мустаҳкамтар гардад:
Роҳи ақл. Ақл бар ду қисм аст: ақли назарӣ ва ақли амалӣ. Ақли назарӣ, ковишгар, ҷустуҷӯгар ва кашшофи ҳақиқат, муассиси ҷаҳонбинии дақиқи ақлӣ, фалсафӣ ва илмӣ аст ва ҳеҷ нафар дар ҷомеа аз он бениёз нест. Ақли амалӣ бошад содиркунандаи фармони амр ва наҳй аст.
Ақли назарӣ поягузорӣ ақли амалӣ ва ақли амалӣ хидматгузорӣ ақли назарӣ аст. Ақли назарӣ ҷаҳонбинӣ месозад ва ақли амалӣ бар мабнои ҷаҳонбинӣ иделогияи ҳар миллатро ба дараҷаи дилхоҳ мерасонад. Агар ақли назарӣ бо ковишҳои мунаққидона ҳақро аз ботил ҷудо накунад, ақли амалӣ наметавонад кореро анҷом бидиҳад. Ин ҷост, ки отифаҳои саркаш, ҳавои нафсонӣ, одатҳои манфӣ ва хурофот ба вуҷуд меоянд. Ва шахсу ҷомеа дар ҳолати суқут қарор мегиранд. Вазъи ҷомеаҳое, ки дар онҳо чароғи ақли назарӣ ва амалӣ хомӯш аст, чунин аст.
Барои тақвияти ақли назарӣ ва амалӣ ва заиф сохтани пояҳои ифротгароӣ бояд аз таърих, ки уҳдадори саргузашти нек ва бади инсоният дар гузашта аст ва натиҷаҳои зиёдаравӣ ва ифротро ба намоиш мегузорад ва аз фалсафаи таърих, ки сабабҳо ва омилҳои суқут ва шароити пешрафтро баррасӣ мекунад, аз ҷомеашиносӣ ва дигар илмҳо баҳраманд гардем. Фаромӯш набояд кард, ки таваҷҷӯҳ ба таълимоти паёмбарон, андешамандон, ислоҳотгарон ва дигар шахсияти бузурги ҷомеа барои боло бардоштани ақлгароӣ ва ба нобудӣ расонидани таассуб ва ифротгароӣ фоидаи ғайри қобили тардид ва натиҷаҳои хуб дорад.
Ҳикматгароӣ гурез аз ифротгароӣ ва фирор аз догматизму таассуб аст. Дар мавриди ҳикмат паёмбари ислом чӣ хуб гуфтаанд: “Ҳикмат гумшудаи муъмин аст, ҳар ҷо ки онро ёфтед, бигиред”.
Касе, ки аз ифротгароӣ, догматизм ва таассуб дурӣ ҷуста, ба ақлонияту ҳикмат дил бастааст, аз рӯҳияи манфӣ пок аст. Аз ин ҷост, ки аз таълимотҳои ҳакимонаи донишмандони бузург сар бар наметобад, зеро медонад, ки ақл ва ҳикмат аз сӯи Худои ҳаким аст, ҳамон Худое, ки офарандаи ақл ва ақлоният аст. Ҳатто бояд ёдовар шуд, ки ақл сабаби ибодат, абзор ва комилкунандаи он аст ва ибодат бидуни ақл ҳеҷ ва пуч аст, зеро на сабаб дораду на абзор ва на комилкунанда.
Давом дорад....
Рамазониён Аҳтам