Шумораи нахустини нашрияи илмӣ-оммавии "Паёми Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров" ба нашр расид!

Бахшида ба 115-солагии академик
Бобоҷон Ғафуров ва эълони озмуни
ҷумҳуриявии "Тоҷикон"-оинаи таърихи
миллат" шумораи нахустини нашрияи
илмӣ-оммавии "Паёми Осорхонаи
ҷумҳуриявии академик Бобоҷон
Ғафуров" ба нашр расид.

Маҷмӯа бо ду забон таҳия гашта, мақолаҳо
оид ба рӯзгор ва осори илмии Қаҳрамони
Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров
ва пажӯҳишҳо роҷеъ ба масоили таъриху
фарҳанги миллиро фаро мегирад.

Ёдовар мешавем, ки нашрия зери назари
доктори илмҳои таърих, профессор
Усмонзода Аюб Ислом, бо теъдоди 100
нусха ба табъ расида, ба доираи васеи
хонандагон пешбинӣ гардидааст.

Маҷаллаи илм ва ҳаёт

Яндекс.Метрика