ПАНДУ НАСИҲАТҲО БА ФАРЗАНД АНДАР ЗАН ХОСТАН АЗ «ҚОБУСНОМА»-И УНСУРУЛМАОЛИИ КАЙКОВУС

Эй писар, чун зан хостӣ, ҳурмати худро неку дор. Агарчанд чиз азиз аст, аз зану фарзанд азизтар нест ва чизе худ аз зану фарзанд дареғ мадор, аммо аз зани басалоҳ ва фарзанди фармонбардору меҳрубон. Ва ин корест, ки ба дасти туст, чунон ки ман дар байте гӯям:

Байт:

Фарзанд чу парвариву зан чун дорӣ,

Бояд, ки ба гуфти оқилон гӯш орӣ.

 

Аммо чун зан кунӣ, талаби моли зан макун ва талабгори ғояти некуии зан мабош, ки ба сабаби некуӣ маъшуқа гиранд. Зан бояд ки покиза ва покдин ва кадбону ва дӯстдори шӯй ва шармноку порсо ва кӯтоҳдасту кӯтоҳзабон ва чизнигоҳдоранда бошад, то нек бувад, ки гуфтаанд, ки зани нек офияти зиндагонӣ бувад. Агарчи зан меҳрубону хубрӯй бошад ва писандида, ту ба якбор худро ба дасти ӯ мадеҳ ва зери фармони ӯ мабош, ки Искандарро гуфтанд:

– Чаро духтари Дороро (Дорои III охирин подшоҳи сулолаи Ҳахоманишиниён аст, ки солҳои 336-330 пеш аз милод ҳукумронӣ карда, аз тарафи Искандари Мақдунӣ мағлуб шудааст [1, С. 229]) ба занӣ накунӣ, ки бас хуб рӯй аст?

Гуфт:

– Зишт бошад, ки чун мо бар мардумони ҷаҳон ғолиб шудем, зане бар мо ғолиб шавад.

Аммо, зане муҳташамтар аз худ махоҳ. Ва бояд, ки дӯшиза хоҳӣ, то дар дили ӯ ҷуз меҳри ту меҳри каси дигар набошад ва пиндорад, ки ҳама мардон як гуна бошанд. Тамаъ ба марде дигар наяфтадаш. Ва аз дасти зани зуфондароз бигурез, ки гуфтаанд, ки кадхудой зуд гурезад, чун зан боамонат набувад. Ва набояд ки чизи туро дар даст гирад ва нагузорад, ки ту бар чизи хеш молик бошӣ, пас зан ту бошиву мард ӯ. Зан аз хонадони салоҳ бояд хост ва бояд ки бидонӣ, ки духтари кӣ бувад, ки зан аз баҳри кадбонуии хона хоҳанд, на аз баҳри таматтуъ…

Ва бояд ки зан тамому расида ва оқила бошад ва кадбонуии модару падари худ дида бошад. Агар чунин зане ёбӣ, дар хостани вай тақсир макун ва ҷаҳд кун то вайро бихоҳӣ ва бикӯш, то вайро ғайрат (рашк) нанамоӣ.

Ва агар рашк хоҳӣ намудан, зан нахоҳӣ, беҳтар бошад, ки занонро рашк намудан ба ситам нопорсо кардан бошад. Ва бидон, ки занон ба ғайрат (рашк) мардонро бисёр ҳалок кунанд ва низ тани худро ба камтарин касе диҳанд ва аз рашку ҳамийят бок надоранд. Аммо чун занро рашк нанамоӣ ва бо вай дукиса набошӣ… вайро неку дорӣ, аз модару падар ва фарзанд бар ту мушфиқтар бошад ва хештанро аз вай дӯсттар касе мадон. Ва агар рашк намоӣ, аз ҳазор душман душмантар бувад. Ва аз душмани бегона ҳазар тавон кард ва аз вай натавон. Ва чун дӯшиза хостӣ, агарчи ба вай мувлаъ (ҳарис) бошӣ, ҳар шаб бо вай суҳбат макун, гоҳ-гоҳ кун, то пиндорад, ки ҳама кас чунин бошанд, то агар вақте туро узре бошад, ин зан аз барои ту сабр кунад, ки агар ҳар шаб бо вай хуфтан одат кунӣ, вайро чунон орзу кунад, душвор сабр кунад.

Ва занонро ба дидору наздикии ҳеҷ мард устувор мадор, агарчи марди пир буваду зишт. Шарти ғайрат (рашк) он бошад, ки ҳеҷ ходими ҷавонро дар хонаи занон роҳ надиҳӣ, агарчи сода бошанд, магар ходимони пиру зишт ва солхӯрда, ки эътимод бар эшон бувад. Ва шарти ғайрат (рашк) нигоҳ дор ва марди беғайратро (берашкро) ба мард машумор, ки онро, ки ғайрат (рашк) набошад, дин набошад. Ва беаҳмиятро мард машумор.

Ва чун зани хешро бар ин ҷумла доштӣ, ки гуфтам, агар Худои таоло туро фарзанд диҳад, андеша кун бар парвардани ӯ. Ва зан аз қабилаи дигар хоҳ, то бегонагонро хеш карда бошӣ, ки ақрабои ту худ аҳли ту бошанд. Бад-ин ҷумла дон, ки намудам [1, С. 101-103].

 

Адабиёт:

1.Унсурулмаолии Кайковус. Қобуснома. Таҳия, пешгуфтор ва тавзеҳоти Мирзо Муллоаҳмад ва Меҳрӣ Шарофова.– Душанбе: Маориф, 2016. – 240 с.

 

Шоев Фируз Маҳмадаминович,

сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии

муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ»

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Яндекс.Метрика