Саҳми андешаҳои Имоми Аъзам дар ҳифзи ваҳдат, ҳувияти миллӣ ва амнияту суботи ҷомеа

Бояд қайд намуд, ки саҳми маънавии мактаби Имоми Аъзам дар ҳифзи ваҳдат, ҳувият ва амнияти миллӣ дар мақолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври мӯҷаз чунин баён гаштааст: “Мазҳаби ҳанафӣ дар тўли чандин садсолаи таърих дар фароҳам овардани заминаҳои ваҳдати умумибашарӣ, ҳувияти миллӣ, ҳифзи амнияту суботи ҷомеа ва нигоҳ доштани асолату арзишҳои таърихӣ нақши ниҳоят бузург бозидааст ва ин нақши худро имрўз низ адо карда истодааст”.

 

Воқеан ҳам амният, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ заминаи таълимоти фиқҳи ҳанафиро ташкил медиҳанд, ки дар асл амну субот ва рушди ҷомеа бар он аст. Бисёр андешаҳои Имоми Аъзам ба ҳамбастагии ин мафҳуми сегона далолат мекунанд. Аз он ҷумла, ӯ фармудааст: “Худои азза ва ҷалла расули худро ба инсоният ҳамчун раҳнамо барои рафъи тафриқа ва афзудани дӯстӣ ва на барои тафриқаю ихтилофи гуфтор ва шӯронидани одамон бар зидди ҳамдигар фиристодааст”.

 

Дар ин баёни мухтасар риояти эҳтироми шахсият (ҳувият), рафъи тафриқаву ихтилоф (ваҳдат) ва фароҳам овардани амну осоиштагӣ (амният) бо ҳам омадаанд. Чунонки аз мутолиа бармеояд, андешаҳои мутафаккири бузург дар бисёр маврид ба таври ҷамъбастҳои фалсафӣ иброз гаштаанд. Дар асл чунин хулосаҳо аз моҳият ва мазмуни фаъолияти сарвари мактаби маърифатии ӯ маншаъ мегирад. Чунончи, нуқтаи назари Имоми Аъзам оид ба мақоми илм, таълим ва тарбияти шахсият-шогирдони шоиста ба ин гуфтаҳо далел шуда метавонад. Аз ин ҷиҳат, аз баргузидатарин ва тавонотарин мактабҳо дар асрҳои миёна мактаби фиқҳии Имом Абўҳанифа маҳсуб мегардад, ки бо равиши хосаи худ на танҳо дар Шарқи мусулмонӣ, инчунин дар саросари ҷаҳони ислом шуҳрати беназир касб намудааст. Вуҷуди чунин мактабҳо бори дигар собит месозад, ки мактабҳои гузашта бо раванди мушаххас ва тарзи таълими арзишманди худ дар омўзонидани шогирдони кўшо ва хушсалиқа намунаҳои беҳтарини макотибу мадориси машриқзамин буданд. Пас, бояд гуфт, ки дар майдони таълиму тарбият бунёди илмиву амалии чунин марказҳои тадрису тарбият бо тақозои замон ва ба саҳму эҳтимоми фардҳои сарсупурдаи ислом аз миллати тоҷик устувор гардидааст.

 

Пас аз садсолаи аввали ҳиҷрати ҳазрати Паёмбари ислом Муҳаммади Мустафо (с) пайдоиш ва нуфузи мактабҳои илмии Бағдод, Кўфа, Басра, Мадина ва дигар марказҳои фарҳангии хилофат аҳли дониш ва фарҳанги исломро бори дигар ба ҳам овард ва ба рушду нумуви илму ирфон такони тозае дод. Дар Кўфа Имом Абўҳанифа мактаби омўзиши масоили фиқҳи исломро бунёд гузошт ва аксари муҷтаҳидон дар таҳлил ва тавзеҳи масоили фиқҳӣ рў ба мактаби он ҳазрат оварданд. «Корномаи ин шахсияти бузург (Абўҳанифа) ва нобиғаи асил, – омадааст дар маърўзаи Президенти кишвар оид ба Имоми Аъзам ва ҳувияти миллӣ, – дар дунёи илму маонӣ то ба ҳанўз асрори зиёди нокушуда дорад, ки пажўҳиши доманадорро тақозо менамояд».

 

Дар замоне, ки ҷомеаи исломӣ рў ба такомул оварда буд ва масоили зиёди ҳуқуқӣ пайдо шуда буданд, на ҳар кадом донишманде равиши ҳаллу фасли он масоилро дар асоси оёти Каломи раббонӣ ва аҳодиси набавӣ ошкор гардонида метавонист. Маҳз дар чунин айём Имоми Аъзам Абўҳанифа Нўъмон ибни Собит рўйи кор омад ва мактаби бузурги фиқҳи исломиро эҷод кард, ки он минбаъд бо унвони Мактаби фиқҳи ҳанафӣ шинохта шуд ва шуҳрати ҷаҳонӣ ёфт. Чунонки Абдушарифи Боқизода дар ин мазмун гўяд: «Мактаби фиқҳи ҳанафӣ ва умуман риштаи ҳуқуқ дар ислом ба дасти бузургтарин файласуфи ҷомеаи башарӣ ва донишмандтарин абармарди аҳди тобаъатобиъин Абўҳанифа (р.ҳ.) поягузорӣ гардидааст». Перомуни ин мавзўъ Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон низ фармудаанд: «Аз ҳамон давра инҷониб аз чор се ҳиссаи донишҳои марбут ба фиқҳ, ки аз Қуръон ва суннат гирифта шудаанд, ба Имоми Аъзам дахл доранд».

 

Аз гуфтаҳои муаллифони мазкур ва донишмандони дигари фиқҳи ислом бармеояд, ки Абўҳанифа дар устувории бунёди мактаб ва мазҳаби худ ба ду пояи асосӣ такя дорад: нахуст, оёти Қуръон ва ҳадисҳои саҳеҳ ва сониян, манбаъҳои маълум ва далелҳои асил аз ҳамсафони Паёмбари ислом (с). Ин тарзи ҳалли масоили фиқҳӣ ҳам барои мазҳаби ҳанафӣ ва ҳам барои фиқҳи исломӣ ҳамчун асос пазируфта шудааст.

 

Муаллифи китоби «Таърихи Бағдод» Хатиби Бағдодӣ гуфтаҳои худи Абўҳанифаро тақрибан ба тариқи зайл овардааст: «Ман дар асоси Каломи Оллоҳ фатво медиҳам. Агар ягон масъаларо дарёб накунам, он гоҳ ба суннатҳои Пайғамбар (с) муроҷиат менамоям. Агар дар он ҷо ҳам барои фатвои ҳуқуқӣ далелҳои мустанад пайдо накунам, он гоҳ ба гуфтаҳои ҳамсафони Пайғамбар (с) рў меорам. Дар ин кор ман аз ҳудуди гуфтаҳои онҳо берун намеравам. Дар айни ҳол, дар байни онҳо (саҳобаҳо ) фарқ намегузорам».

 

Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, Имом Абўҳанифа ҳар рўз пас аз намози бомдод дар масҷид ба шогирдон дарс мегуфт. Пас аз он дар ягон масъалаи нав пайдошуда фатвои худро баён медошт. Дар ҳамин замина ба саволҳои гуногунмавзўъ, ки аз ҳозирин мерасид, ҷавобҳо медод. Дар чунин дарсҳо мардуми зиёде барои шунидани Имом аз тамоми гўшаҳои наздику дурдасти хилофат ҳозир мешуданд. Пас аз суҳбат бо мардум ў бо шогирдони беҳтарини худ доир ба аҳкоми шаръӣ машғулияти махсуси амалӣ мегузаронид. Дар ҷараёни ин гуна машғулиятҳо масоили фиқҳӣ ба таври дастҷамъӣ таҳлил гардида, ҳамагон ба қарори муайян меомаданд ва хулосаи охирин дар китобе бо номи «Усул» сабт мегардид.

 

Яке аз сабабҳои ноил шудан ба ҳадафҳо ва вусъат ёфтани омўзиш дар мактаби фиқҳи ҳанафӣ ба шогирдон меҳрубон будан ва шогирдонро баробари фарзанд азиз доштан аст, чунонеки дар васиятномаи Имоми Аъзам ба шогирди гиромиқадраш Абўюсуф Яъқуб ибни Иброҳими Ансорӣ омадааст: «Бо шогирдонат чунон мушфиқона рафтор кун, ки гўё ҳар як аз ононро фарзанди худат медонӣ, зеро ин амр рағбат ва алоқаи онҳоро ба илм бештар хоҳад кард».

 

Абўҳанифа ҳеҷ маблағеро барои омўзиш ва парвариши шогирдонаш дареғ намедошт. Ҳамеша аз эҳтиёҷоти онҳо хабардор шуда меистод ва дар ҳолати зарурӣ онҳоро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ мекард. Ин имкон медод, ки шогирдони болаёқат ва хушзеҳни ў дар пайи касби маоши оила шуда аз омўзиш дур намонанд. Чунончи, ҳангоме ки шогирдаш Абўюсуф маҳфили Абўҳанифаро тарк намуд, сабаб пурсид. Чун донист, ки барои ба даст овардани маблағ ин корро кардааст, ба ў ҳамёни пул дод ва таъкид намуд, ки ҳар гоҳе тамом шавад, боз дирҳам хоҳад дод. Абўюсуф нақл мекунад: ҳар гоҳ ки пули ман тамом мешуд, ҳарчанд ман намегуфтам, ҳолро ҳис мекард ва боз дирҳам медод.

 

Дар таълимоти Имоми Аъзам ҷиҳати дигар ин буд, ки пайваста омўхтани илмро дар мадди аввал мегузошт ва шогирдонро талқин менамуд, ки дар андўхтани илму дониш саҳлангорӣ накунанд, омўзишро ба вақти дигар нагузоранд. Чунончи, Абўҳанифа ба беҳтарин шогирдаш мефармояд: «Сараввал дониш биҷў, сонӣ ба маблағи зарурӣ соҳиб шав, баъд ба ҷустани зан бош. Агар аввал боигарӣ ҷўӣ, дигар дониш ҷуста наметавонӣ ва боигарӣ туро ба хариди канизакҳо водор месозад ва низ ба корҳои ношоиста банд мешавӣ. Ва агар дар даврони таҳсил ба фикри издивоҷ биафтӣ, мумкин аст маҷбур шавӣ, то барои аёл ва фарзандон талош кунӣ ва шояд аз таҳсили илм даст бикашӣ, ки дар он сурат на илм омўхтӣ ва на мол ба даст овардӣ».

Тибқи нишондоди ин омўзгори соҳибтадбир донишро ба касе бояд дод, ки талабгор ва ҳариси он бошад. Барои касоне, ки хоҳиши фаҳмидан надоранд, ба дониш муҳаббат надоранд ва бетарбият ҳастанд, донишро хор гардонидан нашояд. Эҳтироми донишро бояд дар пояи баланд нигаҳ дошт. Дар ҳолати сафар, дар сари роҳҳо ва кўчаву бозор ё ҳолатҳои дигари номуносиб ба саволҳо ҷавоб гуфтан қадри донишро коста мегардонад.

 

Дар васиятҳояш мефармояд, ки дар ҳузури мардум пурҳарфӣ накун, берун аз доираи савол ҳарф мазан, масоили дигарро изофа макун, ки зеҳни соил мушавваш хоҳад шуд ва қадри илмат бар ҷо нахоҳад монд. Ба мардум мувофиқи фаҳмиш ва қабулашон сухан бояд гуфт. Агар дар маҷлисе хилофи назари ту чизе гуфта шавад, якбора эътироз набояд кард, балки аввал ҳамон дидгоҳеро баён намудан лозим аст, ки мардум ба он ошноянд, сипас дар такя ба он дидгоҳи дигарро баррасӣ бояд кард. Ҳар касе дар маҷлис ҳозир бошад, бояд аз илм маҳрум намонад ва мувофиқи ҳолаш миқдоре илм аз ту биёмўзад.

Имом Абўҳанифа дар баробари саволҳои муддаиён бо суръат ҷавобҳое мегуфт, ки мантиқи қавӣ ва бурҳони қотеъ доштанд ва ҳарифонро дар ҳама ҳол ба ғайр аз таслим шудан чорае набуд. Ин омўзгори заковат ҳамин гуна авомили мантиқии афкору андешаро пайваста дар шогирдони худ парвариш медод.

 

Ҳуҷвирӣ дар китобаш «Кашф-ул-маҳҷуб» меорад, ки аз чор нафар— Бўҳанифа, Сўфён, Мисъар ибни Қидом ва Шурайк якеро ба мансаби қазоват пешниҳод карданӣ шуданд. Ҳар чаҳорро даъват карданд ва дар роҳ Абўҳанифа ба он ҳамроҳонаш гуфт: «Ман андар ҳар як аз мо фиросате бигўям андар ин рафтани мо?» Гуфтанд: «Савоб ояд.» Гуфт: «Ман ба ҳиллате ин қазо аз худ дафъ кунам ва Суфён бигурезад ва Мисъар девона созад худро ва Шурайк қозӣ шавад». Ин пешгўии Имоми Аъзам, дар ҳақиқат, амалӣ гардид. Абўҷаъфар ал-Мансур аз Абўҳанифа талаб кард, ки қазоватро пазирад ва Абўҳанифа дар ҷавоб гуфт, ки аз аҳли араб нест, аз маволии эшон низ нест, аз ин рў, содоти араб ба ҳукми ў розӣ нахоҳанд шуд. Он гоҳ Абўҷаъфар гуфт: «Ин кор ба насаб тааллуқ надорад, ин амалро илм бояд ва ту муқаддимаи уламои замонаӣ».

Абўҳанифа гуфт: «Ман ин корро нашоям ва андар ин қавл, ки гуфтам, аз ду берун набошад: агар рост гўям, худ гуфтам, ки нашоям ва агар дурўғ гўям, ту раво мадор, ки дурўғгўеро биорӣ ва халифати худ кунӣ ва эътимоди димоъ ва фуруҷи мусалмонон бар вай кунӣ ва ту халифати Худой бошӣ». Ин бигуфту наҷот ёфт.

 

Дар мактаби фиқҳии Ҳазрати Имоми Аъзам усули анъанавии тадрис риоя нагардидааст, яъне шогирдон дар ҳудуди чорчўбаи танги назарӣ нигоҳ дошта намешуданд, ин ҷо аз меъёрҳои маъмули доираи дарс берун рафта ва ҳалқаҳои маъмурии устодиву шогирдӣ шикаста гардидааст. Шогирдон чун сомеони одӣ бо қалбу забони баста ҳар чӣ ки аз устод шуниданд, ба тасдиқаш даҳон боз ва гардан фароз намекарданд, то даме ки ба асли масъала сарфаҳм нараванд ва ба дониши худ бовар ҳосил накунанд.

Абўҳанифа тарзи таълими махсуси худро ба вуҷуд овард, ки аз чанд ҷиҳат нисбат бар усули таълими анъанавӣ афзалият дошт. Роҳу равишеро, ки дар омўзиши масоили фиқҳ ҳазрати Имоми Аъзам пеш гирифтааст, ба таври зерин тавсиф намудан мумкин аст:

1. Ҳангоми дарс гуфтан бисёр ва бардавом сухан намегуфт, дар баёни матлаб ҳамеша аз унсурҳои мусоҳиба ва мубоҳиса истифода мекард.

2. Аксаран дар назди шогирдон масъалагузорӣ мекард: аз оғози дарс барои шогирдон муаммоҳои фиқҳӣ пешниҳод мегардид ва моҳияти онҳо шарҳ дода мешуд.

3. Аз шогирдон талаб карда мешуд, ки дар ҳалли масъалаи мазкур фикру андешаи худро иброз доранд. Дар баёни андеша ба сустӣ роҳ надиҳанд ва барои ба субут расонидани андешаи худ далоили қотеъ дошта бошанд.

4. Пешниҳод мегардид, ки шогирдон бо худи устод ба мубоҳиса дароянд. Дар чунин ҳол ҳам устод ва ҳам шогирдон фаҳмиш ва назари худро доир ба роҳи ҳалли масъала иброз медоштанд. Андешаҳои шогирдон на ҳамеша ба ҳам мувофиқат мекард. Ҳолатҳое низ буданд, ки бо андешаҳои устод шогирдон мувофиқ набуданд. Дар ин ҳолатҳо Абўҳанифа мулоҳизоти худ ва андешаҳои шогирдонро ташреҳ дода, онҳоро дар такя ба Каломи раббонӣ ва аҳодиси набавӣ месанҷид.

5. Дар хотимаи мубоҳисот устод натиҷагирӣ мекард ва ҳама ба хулосаи ягона меомаданд, дар ҳоле ки зиддияти андеша ва бетарафии қатъӣ дар ҳеҷ кас боқӣ намемонд.

Мубоҳиса бо шогирдон гоҳо то як моҳ ва беш аз он идома меёфт, то ба хулосаи дуруст биёянд. «Агар дар ҳалли ягон масъала мушкилот пеш омада монад, ҳазрати Имом ба пайравони худ мегуфт: «Сабаб дар он аст, ки аз ман гуноҳе содир шудааст» ва аз Оллоҳ бахшоиш мепурсид, гоҳо ба ибодат мепардохт ва дар асари онҳо роҳи ҳалли муамморо дармеёфт,» -омадааст дар таснифоти Ваҳбии Сулаймон.

 

Бешубҳа, барои ба чунин ҷараён ворид сохтани раванди омўзиш устод мебояд маърифати пурвусъат ва идроки амиқро соҳиб бошад ва гузашта аз ин, ба дониш ва биниши худ боварии қатъӣ дошта бошад. Дар вазъияти мазкур, ки устод бо шогирдон дар як саф қарор мегирад ва имтиёзи устодии худро аз даст медиҳад, сифатҳои мазкур ба ў ногузир мегардад. Бар ивази ин уҳдадории устод барои шогирдон имконияти бештари баёни андеша муҳайё мегардад. Шогирд то дараҷае аз таъсири ҳашамати устод раҳоӣ меёбад, худро сабуктар ҳис мекунад ва озодтар ибрози назар менамояд. Аз тарафи дигар, дар равиши мубоҳисот дар худи Абўҳанифа доир ба масъалаҳои мавриди баҳс фикру андешаҳои нав тавлид мешуданд ва хулосаҳои тоза эҷод мегардиданд. Бояд гуфт, ки ҳазрати Имом то поёни умр аз ин тарзи омўзиш ва кушоиши масоили фиқҳи исломӣ бознамондааст. Ба туфайли чунин усули тадрис ў на танҳо Устод шуд, инчунин дўсти самимӣ ва наздики ҳар кадом шогирди худ гардид.

 

Дар таълими масоили фиқҳи ислом Абўҳанифа ба тарзи истифода аз Каломи раббонӣ, суннати Паёмбар (с), иҷмоъ ва қиёс рў оварда, асоси иҷтиҳодоти мазҳабӣ ва умуман фиқҳи аҳли суннатро ба вуҷуд овардааст.

Тавре ки дар китоби «Фиқҳи исломӣ» омадааст, «ў дар асоси далелҳои чаҳоргона тамоми масоилро аз матни шариат истихроҷ намуда, фиқҳро дар чорчўбаи бобҳо, фаслҳо ва гурўҳҳо дастабандӣ ва ҷудо намуд».

 

Адабиётшиноси фозил Фахриддин Насриддинов дар таҳқиқоти худ оид ба фаъолияти омўзгории Имоми Аъзам ҳарф зада, хусусиятҳои умда ва арзишманди мактаби фиқҳии Имом Абўҳанифаро дар масоили зерин дидаст: заковатшиносӣ; шафқат бар шогирд; маҳорат бар фанни худ; муқтадо ва намуна қарор гирифтан; хитоби некў ва талаттуф дар баёни масъала; ислоҳи навоқиси ахлоқии шогирд; виқор ва ҷалолат; ҳусни зоҳирии устод; усули самоии таълим; баёни возеҳи матлаб; хушбинӣ бар ҳаммаслакон ва соҳибони илмҳои дигар; мубоҳиса ва масъалагузорӣ дар дарс.

 

Аз ҷумлаи масоили мазкур, дар масъалаи «маҳорат ба фанни худ» пажўҳанда чунин менигорад: «Тасаллути комили муаллим бар фанни хеш аз умдатарин васоил барои ҷалби донишҷўй бар омўзиши илм мебошад. Зеро яке аз сабабҳои танаффури толибилм аз фарогирии дониш, дилгир гардидани ў аз дидану шунидани лифофаву пўсти маънӣ ва маҳрумӣ аз лаззати он мебошад. Агар устод табаҳҳур бар фанни хеш дошта бошад, ба осонӣ асли маъниро барои толибилмон ошкор сохта, лаззати воқеии матлабро бар коми эшон мерезад… Саймирӣ ба ин маънӣ нақл намуда, ки Имом Зуфар бар ҳалли масъалае назди Абўҳанифа биёмад. Имом посухеро бо бас равшанӣ бар ў баён фармуда, бо вуҷўҳи зиёд дар ҳолатҳое аз носихи дигар пайдо намудани масъала сухан намуд. Зуфар аз тасаллути Имом бар дониши фиқҳу ҳадис ба таҳайюр афтода, ҳузури доимиро бар ҳалқаи дарёии Абўҳанифа бар худ ҳатмӣ гардонид ва бар асари он аз номвартарин мардон дар мактаби ҳанафӣ бигардид».

 

Ҳамин тавр, ба андешаи мо, таҳлил ва тавзеҳи масоили фиқҳӣ, ки назари борикбин ва масъулияти гаронро тақозо дошт, Имоми Аъзамро бар он водор сохт, то дар муқобили худ донишмандони варзидаро бинад ва дар ҳамгироӣ ва баҳсу талош розҳо ифшо гарданд. Ба назар чунин мерасад, ки ин гуна донишмандони асилро Ҳазрати Имом дар натиҷаи тарбияти бевоситаи худ ба камол расонид ва дар аҳкоми шаръӣ аз тафаккури таҳлилии онҳо низ истифода кард. Ў донишмандонеро тарбия карда расонид, ки тақрибан дар сатҳи худаш андеша меронданд ва ибрози назар карда метавонистанд. Барои он ки ҳаллу фасли дурусти масоили фиқҳи ислом ба даст ояд ва ташреҳи тамоми паҳлуҳои он масоил аз мадди назар дур намонад, усулҳои муайяни таҳлилро рўйи кор овард.

 

Дар дарсҳое, ки баргузор мегардид, андешаи ҳама шогирдон бо эҳтироми зарурӣ шунида мешуд. Мубоҳиса дар равиши таҳлил ба шогирдон ғизои маънавӣ ва ҷасорати зеҳнӣ медод. Устод дар таҳлили масоил бо шогирдон маслиҳат мекард ва ҳеҷ гоҳ танҳо аз рўйи савобдиди худ амал намекард. Имоми Аъзам низоми асосии таълимро дар он медид, ки ҳар кадом дарсро бояд худи омўзгор гузаронад. Шогирдон набояд ҳамдигарро омўзонанд. Муовин, ёрирасон, халифа ва ҳеҷ каси дигар, ғайр аз омўзгор наметавонад муҳаббати донишро ба шогирдон талқин намояд.

 

Ба Абўҳанифа боре гуфтанд, ки дар ин масҷид мардуме ҷамъ омаданд, ки илми фиқҳ меомўзанд. Вай пурсид: «Онҳо роҳбар доранд?» Ба ў ҷавоб доданд: «На.» Он гоҳ ў гуфт: «Онҳо ҳеҷ гоҳ чизе намеомўзанд ва агар омўзанд, ба хато роҳ медиҳанд, хатои худро нафаҳмида, ба роҳи ноҳақ мераванд ва гумон мекунанд, ки ин дуруст аст».

Имоми Аъзам бар он аст, ки шогирдон бояд тафаккури таҳлилӣ дошта бошанд. Абўраҷаи Ҳаравӣ мегўяд: Ман шунидам, ки Абўҳанифа мегуфт: Касе ки ба омўзиши аҳодис кўшиш дорад, вале қудрати мулоҳиза кардан надорад, мисли доруфурўшест, ки доруворӣ ҷамъ меорад, вале намедонад, ки онҳо барои чӣ лозиманд, то даме ки табиб наёяд.

 

Усули тадриси Имом Абўҳанифа барои мо имрўзиён низ шоистаи пайравӣ ва омўзиш аст. Он усулҳои таълимӣ, ки бо унвонҳои мусоҳиба, мубоҳиса, муаммогузорӣ, пажўҳишӣ ва дигарҳо дар таълими имрўза роиҷ ҳастанд, дар тарзи тадриси он Ҳазрат ба сифатҳои болотар ва дар шаклу намудҳои мувофиқтар истифода шудаанд. Усули берун овардани нуҳуфтаҳои замири шогирдон, ҷаҳду ҷадали ҳамагонӣ ва бардавому ғайратмандона дар таҳқиқи масоили фиқҳи исломӣ, расидан ба хулосаҳои саҳеҳ дар ҷараёни мубоҳисоти солим, хор надоштани илм, эҳтироми мақому манзалати олим ва монанди инҳо аз афзалиятҳоест, ки дар таълимоти ин омўзгори бемисол ва нотакрор ба ҳам омадааст. Аз ин рў, моро зарур аст, ки дар ҷодаи омўзишу парвариш барои ба даст овардани натиҷаҳои боз ҳам беҳтар аз мактаби арзишманди ҳазрати Имоми Аъзам бозомузӣ намоем.

 

Хулоса, мазҳаби Имоми Аъзам, ки ташвиқкунандаи арзишҳои меҳварии дини мубини ислом аст, дар таҳкими низоми ҷомеа, суботу амният, ғановатманд гардонидани ҷаҳони маънавӣ ва ахлоқии башарият нақши судманду муассир мегузорад. Инчунин дар такя ба арзишҳои аслии инсонӣ, ҳуқуқ ва адолати иҷтимоӣ, озодии фикр ва даъват ба сулҳу амнияти халқҳо метавонад мусоидат намояд.

 

Искандаров Шарафҷон Фахриддинович - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ

Яндекс.Метрика