Аз давраҳои қадим як мақола ҳаст:"Хона нахар, ҳамсоя хар"!
“Одамӣ аз замоне ба тамаддун расид, худро ва Худоро бишнохт, ба фарқу қадри суду зиён , неку бад, сиёҳу сафед расид, аз олами вуҳуш гусаста, ба олами инсонӣ пайваст, ҳамеша ниёз ба ҳамсуҳбат, ҳамдил, ҳамдард, ҳамраъй, ҳамнишин, ҳамроз доштасту дорад.
Миллатҳое ҳастанд, ки дар тору пудашон, дар вуҷудашон, дар хунашон хоҳишу майлу ниёз ба ҳамроз, ба ғамғусор доранд, одамгурез нестанд, рў ба сўйи одам оварданд, дар баробари ҳамхуну хешу пайванду қарибон арҷ бар ҳамсоя мегузоранд. Зеро ўст, ки садои дилашро, садои гиряи кўдакашро, садои шодияшро, садои нолаву шеванашро аввал аз ҳама мешунавад ва ба тадбираш мешитобад.
Дар рўзи шодмонӣ дар бараш истода шодмонӣ мекунад, дар сўгворӣ ғамхораш, мешавад. Одамӣ аст, ки заҳри одаме дигарро бо як сухан, бо як нигоҳ,бо як садо бармекашад.
Тоҷикон аз чунин таборанд. Мардуми одамдўст, меҳмондўст дар парешонҳоливу дармондагии касе дастгир. Шарики шодиву ғам мотами ҳамсояҳо ошноҳо, инсонҳо.
Ин миллат зиндагии хонаводагӣ, дастҷамъонаро хуш дорад. Мехоҳад фарзанди зиёд дошта бошад. Агар надошта бошад, омода аст ҳамсояи хешро чун фарзанд бинавозаду чун пораи ҷигараш қабул кунад. Аз танҳоиву ҷудоӣ меҳаросад. Мехоҳад ҷуфт бошад. Ё бо ҳамсоя, ё ҳамдиле, ё бо Худо.
Аз ин ҷост, ки чун сухан дар мавриди ҳамсояву ҳамсоядории нек меравад, тоҷикон хуш доранд, зарбумасалҳои марбутро такрор бикунад: «Ҳаққи ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст!, “Хона харид накун ҳамсоя бихар” !..., « Аз дўсти дур ҳамсояи наздик беҳ!» «Ҳамсояро интихоб намекунанд!», «Ҳамсоя атои худовандист!», «Худо агар туро ҷазо доданӣ шавад, бо ҳамсояи бад гирифтор мекунад», « Агар ҳамсояат ором бошад, ту ҳам ором хастӣ !»...
Ин ҳама назари неке, ки тоҷикон нисбат ба ҳамсоя доранд, сараввал маншаъ аз руҳияи башардўстонаи нахусткитобашон «Авасто» мегирад: «Гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек».
Дуввум Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир аст, ки ҷое мефармояд: «Ман эълон мекунам, ки ҳар кас озод аст, ҳар дину ойнро, ки майл дорад, баргузинад ва дар ҳар ҷое, ки мехоҳад сукунат намояд ва дар ҳар гуна, ки муътақид аст ибодат кунад ва муътақидоти хешро ба ҷо оварад ва ҳар касбу кореро, ки меҳоҳад ,интихоб намояд, танҳо ба шарте ,ки ҳаққи касеро поймол нанамояд, ва зиёне ба ҳуқуқи дигарон ворид насозад».
Баъдан аз китоби самовии «Қуръон» ва аҳодиси набавӣ, ривоёту қиссаҳои ибратомўз аз рўзгор ва зиндагии ниёконамон нақл аст, фарҳанги исломиро вориди тафаккур, зиндагӣ ва рўзгори мо намуданд. Аз нигоҳи дини мубини ислом мақом ва ҷойгаҳи ҳамсоя хеле баланд аст. Ҳамсоя дар назди ҳамсояи хеш ҳаққи зиёд дорад.
Ҳадисе хаст аз забони ҳазрати Муҳаммад (с.а.с) : «Вақте ҳазрати Ҷабраил бо ман мулоқот мекард, дар бораи ҳамсоя ин қадар суханҳо гуфт, ки ман фикр кардам: Ҳамсоя ҳам шояд яке аз меросбарон бишмурда шавад, ба мисли фарзанду духтару писару падару модар ?!.»
Назар ба андешаи донишмандони дини ислом ҳамсоя се навъ мешавад:
Нахуст ҳамсояе, ки се ҳак дорад: хеш, ҳамсоя, мусалмон.
Дуввум, ҳамсояе, к иду ҳақ дорад: ҳамсоя мусалмон.
Саввум ,ҳамсояе, ки як ҳақ дорад. Ин шахси ғайридин аст.
Вақте, ки Пайғамбар (с.а.с) дар хона қурбонӣ мекарданд, ё мол забҳ менамуданд, мегуфтанд: «Аввал аз ҳама ба ҳамсояи яҳудиямон бидиҳед!».
Албатта муҳите, ки мо зиндагӣ мекунем ва он инсонҳое, ки дар гирду атрофи мо зиндагӣ мекунанд, таъсири худро ба мо ва оилаи мо мерасонанд.
Ҳамсояҳо баъзан вақт аз хешовандҳоямон хам наздиктаранду дастгири якдигаранд. Вале солҳои охир ба назар мерасад, ки меҳру муҳаббат ва рафту омади ҳамсоядорӣ гум шуда истодааст.
Аз даст додани анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ аз лиҳози ҷомеашиносӣ пойгоҳи иҷтимоиро заиф ва бунёдҳои хонаводарои аз байн мебарад.
Пас, ҳамаи моро мебояд бо дарки масъулият ва аҳамияти ин масъала ойини ҳамсоядориро мустаҳкам ва рафту омадро байни ҳамсоягон ҳифз намоем!
Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир