
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари кории ҳайати Донишгоҳҳои ҷумҳурӣ барои татбиқи квотаи президентӣ ва вохурӣ бо хатмкунандагони макотиби ҷумҳурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон баргузор гардид.
Дар ҳайати гурӯҳи кории ҳукуматӣ ҳамчунин сардори шуъбаи пажуҳиши исломи муосир, н.и.ф., дотснент Баҳромбеков В.А. иштирок ва баромад карданд.
Комиссияи кориро намояндаи вазорати Маориф ва Илми ҶТ, котиби Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ Шоназаров Алиҷон роҳбарӣ намуданд.
Бояд қайд намуд, ки фаъолияти гурӯҳи корӣ вобаста ба вазъияти дар ВМКБ ба амаломада дертар ба роҳ монда шуд. Бо вуҷуди ҳамин ҳам ҳайати мазкур фаъолияти худро бо як масъулияти касбӣ, бомуваффақият анҷом дод.
Аз ҷумла дар ноҳияҳо пеш аз оғози кори комиссияи озмунӣ дар саҳни мактабҳо бо хатмкунандагони мактаб, падару модарони хонандагон, омӯзгорони мактаб, намояндагони ҷамоаҳо ва ҳукматҳои ноҳияҳо суҳбатҳои самимӣ доир гардиданд. Раиси комиссия ва аъзоён, ки устодони муассисаҳои олии таълмӣ мебошанд дар баромади худ пеши ҳозирин аз сиёсати хирадмандони Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободии мамлакат, сулҳу салоҳ ва ғамхории муттасил барои якпорчагиву оромии кишвар суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла сардори шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир, н.и.ф., дотснент Баҳромбеков В. А. дар баромади худ намунаи олии чунин ғамхории роҳбари давлатро нисбати мардуми ноҳияҳои дурдаст, ин ба роҳ мондани иқдоми тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ қабул намудани писарону духтарони лаёқатманд номид. Айни ҳол садҳо ҷавондухтарону писарон тибқи квота таҳсил мекунанд ва хатмкунадагон бошанд дар хоҷагии халқ машғули коранд. Ҳамчунин мавсуф аз ободкориҳое, ки дар 30 соли истиқлолият анҷом дода шуданд ва идома доранд ҳарф зада, омӯзгорон ва падару модаронро ҳушдор доданд, ки нисбати тарбияи фарзандон худ беаҳамият набошанд.
Нисбати рафтору фаъолияти ҷавонон ва наврасон беаҳамиятӣ зоҳир накунанд. Махсусан истифодаи зарурӣ ва аҳамиятноки шабакаҳои интернетиро бояд назорат намоянд. Ба ҳар гуна шабакаҳои ифротгаро ва ҷинояпешаи иҷтимоии интернет ворид шудани кӯдакон роҳ надиҳанд. Дар руҳияи худшиносӣ, ватандустӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангии миллат тарбия намудани наврасону ҷавонон аз мавзуҳои суҳбати самимӣ ва пурмӯҳтавои гурӯҳи корӣ, устодони мактабҳои олӣ дар назди ҳозирин буд.
Барои ташкили фаъолияти хуби корӣ ба ҳайати гурӯҳ вобаста ба ноҳияҳо муовини раиси ВМКБ Асламшоева Нилуфар, муовини раиси ноҳияи Шуғнон Саидарабова Гулғунча, раиси ноҳияи Ванҷ Одинашозода Мардихудо, муовини раиси ноҳияи Дарвоз Диловар Қосимӣ, и.в. сардори раёсати маорифи ВМКБ, Шикориев М. бевосита саҳмгузор буданд.
Баҳромбеков В. А. - сардори шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир, н.и.ф., дотснент