Зиндагиномаи Абулҳасани Харақонӣ:
Абулҳасан Алӣ бинни Аҳмад бинни Ҷаъфар маъруф ба Шайх Абулҳасани Харақонӣ (963-1034) дар рустои Харақон наздики Бастоми Эрон ба дунё омада, яке аз чеҳраҳои намоёни тасаввуфи хуросонӣ ба шумор меравад ва зиндагинома ва фаъолияти сӯфиёнаи ӯ барои доираи васеи мутасаввифони баъдӣ намунаи ибрат будааст. Ӯ аз миёни мардуми маҳаллӣ, ки дар забони истилоҳӣ уммӣ гуфта мешаванд, баромада, бо тарзи зиндагии одии муқаррарӣ ба мартабаҳои баланди иҷтимоӣ ва тасаввуфӣ расидааст. Харақонӣ бо назария ва амалияи кори сӯфигарӣ нишон дод, ки тасаввуф ва сӯфигарӣ худсозӣ, худафрӯзӣ, мардумсолорӣ, ҳимматбаландӣ, хоксорӣ, заҳматталабӣ ва зиндагипарастӣ аст. Бо он ки тасаввуфи исломӣ тарки дунё ва гӯшанишиниро ба сифати меъёри кори сӯфиёна талаққӣ кардааст, Абулҳасани Харақонӣ зиндагӣ ва ҳаёти худро сарфи хидмат ба мардум ва табақаҳои ниёзманди ҷомеа намудааст. Аз ин гузашта, тасаввуфи Абулҳасани Харақонӣ бар асоси ғояҳои ҷавонмардӣ ва озодандешӣ созмон ёфтааст ва мусалламан, аксари мардони соҳибмартабаи тасаввуф, қабл аз он ки ба ҳалқаи сӯфия пайванданд, гаравидагони ойини ҷавонмардӣ буданд.
Пас аз таҳсили улуми мутадовила ва расидан ба иршод ба умури тасаввуф машғул шудааст. Бо касби деҳқонӣ рӯз мегузаронд. Дар замони зиндагиаш дар байни хосу ом шуҳратёр гардида буд. Мувофиқи маълумоти манобеи диниву адабӣ Абулҳасани Харақонӣ бо ашхоси бузурги муосири худ Абдуллоҳи Ансорӣ, Абусаиди Абулхайр, Абуали ибни Сино ва дигар ҳамнишину ҳамсуҳбат шудааст. Дар маноқиби Абулҳасани Харақонӣ китобе бо номи «Нур-ул-улум» тадвин шудааст. «Нур-ул-улум» асарест, ки аз шеваи озодфикронаи тасаввуфи Хуросон шаҳодат медиҳад. Абулҳасани Харақонӣ аз даҳ боб иборат буда, дар бораи маънои истилоҳоти ирфонӣ чун дарвешӣ, мурид, ғариб, ориф, ҷавонмардӣ ва ғайра тавзеҳоти мухтасар дорад. Дар «Нур-ул-улум» андешаҳои Абулҳасани Харақонӣ дар бораи назария ва амалияи тасаввуф ба таври ихтисор омада, бештар ба масъалаҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дахл доранд. Чунин истилоҳоти муҳими тасаввуф — ҳаяҷон, ваҳйи қалб, муҷоҳида, риёзат дар «Нур-ул-улум» дар қолаби панду насиҳат ва ҷумлаҳои пурмаъно ва гоҳо печида баён шудаанд. Таъсири ақидаҳои Абулҳасани Харақонӣ ба тасаввуфи Хуросон хеле равшан аст ва истинод ба афкори ӯ дар осори Ансорӣ, Аттор, Саноӣ, Мавлоно, Самъонӣ, Айнулқузот, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон бисёр аст. Гуфтаҳои Абулҳасани Харақонӣ, инчунин баъзе маълумоти тарҷумаиҳолӣ дар бораи ӯ дар «Тазкират-ул-авлиё»-и Аттор, «Нафаҳот-ул-унс»-и Ҷомӣ ва дигар китобҳои суфия оварда шудаанд. Ба Абулҳасани Харақонӣ инчунин баъзе қитъаҳои шеър ва рубоиҳоро нисбат медиҳанд.
Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир