Ҳикоят. Марде буд дар шаҳри Марв, ки ӯро Нӯҳ ибни Марям гуфтандӣ ва қозиву раиси Марв буд ва неъмате бисёр дошт ва ӯро духтаре буд бокамолу ҷамол. Ва бисёр кас аз раисону бузургон ӯро хостгорӣ кардандӣ, надод. Ва падар сахт мутаҳайир шуд дар кори духтар ва намедонист, ки киро диҳад ва мегуфт агар якеро диҳам, дигарон биозоранд. Фурӯмонда буд ва ӯро ғуломе буд ҳинду порсо ва бодиёнат, номи ӯ Муборак. Ва боғе дошт ободон ва бисёрмева. Ӯро гуфт: имсол ба раз (токи ангур, токзор, токистон) шав ва ангур нигоҳ дор. Ғулом бирафту то ду моҳ ба раз мебуд.
Хоҷа рӯзе ба раз шуд, гуфт: эй Муборак, хӯшае ангур биовар. Ғулом ангур биовард турш буд. Хоҷа гуфт: бирав яке дигар биовар. Ҳам турш буд. Хоҷа гуфт: разе бад-ин бузургӣ, чаро ангури турш пеши ман овардӣ ва ангури ширин намеоварӣ? Гуфт: намедонам, ки ширин кадом аст ва турш кадом. Хоҷа гуфт: эй Субҳоналлоҳ, ту имрӯз ду моҳ аст, ки ангур мехӯрӣ, надонӣ, ки ширин кадом аст? Ғулом гуфт: эй хоҷа, ба неъмати ту, ки ман аз ин ангур нахӯрдааму таъмаш надонам, ки турш аст ё ширин. Гуфт: Чаро нахурдӣ? Гуфт: эй хоҷа, ту маро гуфтӣ ангур нигоҳ дор, нагуфтӣ ангур бихӯр. Ман хиёнат чигуна кардаме?
Қозиро шигифт омад ва гуфт: худой Таъоло туро ҳам бад-ин амонат нигоҳ дорад.
Қозӣ бидонист, ки ғулом сахт оқилу бедор аст, гуфт: эй ғулом, маро дар ту рағбат афтод. Он чи ман туро гӯям, бибояд кардан. Гуфт: фармонбардорам. Қозӣ гуфт: эй Муборак, маро яке духтар аст ва бисёр кас ӯро ба занӣ мехоҳанд аз меҳтарону бузургон ва надонам то киро диҳам. Ту чи савоб бинӣ? Ғулом гуфт: эй хоҷа, кофирон ба рӯзгори ҷоҳилӣ аслу насаб ҷустандӣ ҷуҳудону тарсоён рӯи некӯ ҷӯянд ва ба вақти пайғамбари мо (алайҳиссалоту вассалам) дин ҷустандӣ ва имрӯз дунёе мехоҳанд. Ту аз ин чаҳор кадом хоҳӣ, ихтиёр кун.
Қозӣ гуфт: эй ғулом, дин гузидам ва ин духтар ба ту хоҳам додан, ки бодину амонатӣ. Ғулом гуфт: эй хоҷа, ман як дирамхаридаам ҳинду, духтар маро чигуна диҳӣ ва духтар маро кай хоҳад? Қозӣ гуфт: эй ғулом, хез бо ман ба хона ой, то тадбир кунем. Биомаданд ва қозӣ модари духтарро гуфт: эй зан, ин ғуломаки ҳинду сахт шоиставу порсост ва маро рағбат афтод, ки ин духтар бад-ӯ диҳам, ту чӣ гӯӣ? Гуфт: фармон турост, валекин бираваму духтаракро бигӯям, то худ чӣ ҷавоб диҳад.
Модар омад ва пайғоми падар бирасонид. Духтар гуфт: он чи фармоед, ман он кунам ва аз ҳукми худой ва шумо берун наоям ва оққ нашавам.
Қозӣ духтар ба Муборак дод бо моле бисёр ва эшонро писаре омад, Абдуллоҳи Муборак ном карданд ӯро, он ки номи вай дар ҳама олам мунташир ва маъруф аст ба зӯҳду илм ва порсоӣ ва то ҷаҳон бувад, ҳадиси ӯ мекунанд [1, С. 125-126].
Инак, эй бародар чун зан кунӣ, дин гузин, на ном, ки агар ном ва хоста хоҳӣ, он ҳар ду туро вубол гардад ва андар монӣ ва бечора гардӣ ва зан туро тоат надорад. Ва чун зан хоҳӣ, ком рондану шаҳватро махоҳ, бад-он ният хоҳ, ки диндор бувад ва ҳисни (қалъаи) дини ту бошад ва ёр бувад туро ба тоат ва парда бувад туро аз оташи дӯзах бираҳонад [1, С. 126-127].
Адабиёт:
1. Имом Абӯҳомид Муҳаммад Ғазолӣ. «Насиҳат-ул-мулук». – Душанбе: Ирфон, 1993. – 144 с.
Шоев Фируз Маҳмадаминович,
сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии
муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ»
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент