Вохӯрии Директори маркази исломшиносӣ дар н. Нуробод

14 июли соли 2022 дар асоси банди 4 - и Нақшаи чорабиниҳои Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21 декабри соли 2021 зикр гардидаанд, рӯзҳои 14 - 18 июли соли ҷорӣ сафари гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии директори Марказ А. Холиқзода, кормандон А. Мирзозода, А. Қодирӣ ва Абдуллоев Н. ба ноҳияҳои Нуробод ва Сангвор анҷом дода шуд.

Зимни сафар ба ноҳияи Нуробод бо раиси ноҳия Ҷобирзода Додарҷон Пӯлод, муовинони раис, мудирони шуъбаву бахшҳои ноҳия, инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони соҳаи маориф, фарҳанг, тандурустӣ, раисони маҳалла, фаъолон, имомхатибон ва дигар қишрҳои ҷомеа вохӯрии судманд доир гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ профессор Холиқзод Абдурраҳим дар бораи таҳдидҳои ҷаҳони муосир, камбудии маводи озӯқаворӣ дар ҷаҳон ба хусус Тоҷикистон, таъсири ҷангҳои минтақа ба кишвари мо, таваҷҷӯҳи деҳқонон ба ҳар як ваҷаби замин, Ваҳдати миллӣ ва зурурати он дар Тоҷикистон, муттаҳидӣ ва якпорчагии миллат, омӯзиши илмҳои дақиқ, туризм ва сайёҳӣ, илму маориф, экстремизму терроризм, хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, аҳамияти мутолиаи китоби Бобоҷон Ғафуров дар тақвияти андешаи миллӣ, озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ, сафари ҳоҷиён ба Макка, дастгирии ятимону бепарасторон, бегонапарастӣ дар байни ҷомеа, Қонуни Ҷумҳурири Тоҷикистон ”Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар Тоҷикистон”, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” , ҷангҳои шаҳрвандӣ ва оқибатҳои он, инчунин зиракии сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва сарҷамъ шудан дар атрофи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбати самимӣ ва ошкоро намуд.

Дар фарҷом Директори Маркази исломшиносӣ мардуми ноҳияи Нурободро ба ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ даъват намуда, бобати нигоҳ доштани таомҳои маҳаллӣ, ки дар ҷомеа ҳамчун бренд шинохта шудаанд, инчунин ба ваҳдату дӯстӣ, муттаҳидӣ ва сарҷамъ будан дар атрофи Пешвои миллат мардуми ноҳияро фаро хонда, байни иштирокчиёни мулоқот саволу ҷавоб сурат гирифт.

Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди Маркази исломшиншсӣ дар назди Президенти ҶТ

Яндекс.Метрика