МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ВАЗИРОН ДАР «НАСИҲАТ-УЛ-МУЛУК»-И МУҲАММАДИ ҒАЗЗОЛӢ

Бибояд донистан, ки подшоҳӣ ба дастури (вазир, мушовир) нек тамом шавад ва вазири шоиста ва бо кифояту одил, зеро ки ҳеҷ малике бе дастур рўзгор натавонад гузоштан, ва ҳар ки ба рои хеш кор кунад, афтода ояд бе шак [1, С. 85].

 

Ва подшоҳ бояд, ки бо вазир се кор кунад: яке он ки чун аз вай заллате (лағжиш, хато, камбудӣ) дар вуҷуд ояд, ба уқубати он нашитобад, ва дигар он, ки чун тавонгар шавад, ба моли вай тамаъ накунад, сеи дигар он, ки чун ҳоҷате хоҳад, раво кунад. Ва бояд, ки се чиз аз ў дареғ надорад: яке он, ки ҳар вақт ки хоҳад, подшоҳро бубинад ва дигар – сухани бадгўён бар вай нашнавад, ва сеи дигар он, ки роз аз ў пинҳон надорад, ки дастури нек роздори подшоҳ бувад, ва сохтагии кору дахл ва ободонии вилояту хазина аз вазир бошад ва ороиши подшоҳиву шукўҳу тавоноӣ аз ў бувад, ва сухан гуфтану ҷавоб додан бад-ў падидор бувад ва шодкунандаи дўстони малику хоркунандаи душманони малик бувад. Ва сазовортарин касе ба навохтану бузург доштан дастур бувад [1., С. 86].

 

Ва дастур чунон бояд, ки донандаву хирадманд бувад ва пир бувад, зеро ки агар вазир ҷавон буваду хирадманд, чун пир набувад, озмоиш надораду он чи мардум аз рўзгор омўзад, аз ҳеҷ кас натавонад омўхтан. Ва дастури нек ороиши подшоҳӣ асту ороиш покизаву некў бояд [1, С. 88].

 

Ва чунин гўянд, дастурро панҷ чиз бояд, то кораш писандидаву некў бувад: яке ҳушёрӣ, то ба ҳар коре, ки дарун шавад, берун шуданаш бинад, ва дигар дониш, то корҳои пушида бар вай ошкоро шавад, сеи дигар диловарӣ, ки аз чизе, ки набояд тарсидан, баддилӣ накунад, чаҳорум ростӣ, ки бо ҳама кас ҷуз ростӣ накунад, панҷум нигоҳ доштан андар ҳама вақте рози подшоҳи хеш, чунон ки ҷон бидиҳаду он роз ба ҳеҷ кас надиҳад [1, С. 88].

 

Пас вазирону кадхудоёни подшоҳон бар ин ҷумла бояд, ки бошанд ва роҳу оини пешинагон нигоҳ доранд ва молҳо, ки аз раият бихоҳанд, маслаҳати подшоҳиро ба вақту ҳангом хоҳанд ва русум бидонанд ва ба андозаву тавоноӣ бар раият бор ниҳанд ва дар шикор кулангкуш бошанд, на бунҷишккуш (гунҷишккуш), яъне ки аз дарвешу заиф чизе наситонанд ва андар моли мардуму таракаи эшон чун ворис бошад, ҳарисӣ накунанд ва тамаъ надоранд, ки он номуборак бувад ва дили раият ва ҳашамро ба чиз бахшидан ва ҳоҷат раво кардан хуш доранд ва ҷоҳу манзалат ва кифояту шоистагии хеш андар маслаҳати раият бинанд, то андар ин ҷаҳон некном бошанд ва андар он ҷаҳон савоб ёбанд» [1, С. 91].

 

Адабиёт:

 

1.Имом Абўҳомид Муҳаммад Ғазолӣ. «Насиҳат-ул-мулук». – Душанбе: Ирфон, 1993. – 144 с.

 

Шоев Фируз Маҳмадаминович,

сармутахассиси шуъбаи пажўҳиши ҳуқуқи исломии

муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ»

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Яндекс.Метрика