Дар дини мубини ислом қурбонӣ - ин пайравӣ намудани суннати забҳи маъруфу машҳури ҳазрати Иброҳим (а) буда, бо номи Худованди бузург анҷом дода мешавад. Худованди карим, вақте ки ба Паёмбари худ ҳазрати Муҳамад (с) неъмати бузург, яъне «Ҳавзи кавсар» - ро ато кард, ки яке намоз ва дигарӣ қурбонӣ аст.
Чунончи мефармояд:
“Пас намоз гузор барои ризои Парвардигори худ ва ба номи Ў шутурро қурбонӣ кун”. Сураи “кавсар” ояти 2. Дар ҳадисе низ омадааст:
Ҳазрати Зайд ибни Арқам (р) аз Паёмбар (с) мепурсад: “Ай расули Худо, ин қурбониҳое, ки мебинам, чист?” Паёмбар(с) гуфт: “ Ин суннати падаратон Иброҳим (а) аст”. Пас саҳобаҳо гуфтанд: “ Чӣфоида (фазилат) доранд?” Паёмбар (с) гуфт: Ба ивази ҳар як мўи чаҳорпо як некӣба қурбоникунанда мерасад”. Донишмандон дар шарҳи ҳадис мегўянд: “Зинда гардонидани суннати Иброҳим(а) ба мо аз ин хотир лозим буд, ки Худованд моро ба пайравии амали ў амр кардааст”.
Ҳамчуноне, ки мефармояд:
“Боз амр кардем ба ту (Муҳамад) (с), ки пайравӣ кунӣ дини Иброҳим (а) -ро, зеро ў аз динҳои ботил безор буд ва аз ҷумлаи мушрикон набуд” Сураи “наҳл”, ояти 123.
Воқеан, қурбонии ҳазрати Иброҳим (а) ба ҳама маълум аст. Чун ҳудо хост ўро имтиҳон кунад, дар хобаш ба ў фармон дод,ки фарзанди азизаш Исмоилро қурбонӣ намояд. Вақте ки падару фарзанд ба иҷрои ҳукми Худо розӣ шудаанд, Худованд аз ҷаннат як чаҳорпоеро ба воситаи ҳазрати Ҷибраил (а) фиристод ва ба куштани ҳамон ҷонвар амр кард. Ҳамчуноне, ки Худованд мефармояд:
“Пас вақте тайёр шуданд, то ки ҳукми Худоро ба ҷо оранд ва писари худро ба замин ба ҷониби пешонӣ хобонид, пас садо кардем ўро: Эй Иброҳим! Ту хоби худро рост кардӣ, албатта , некўкоронро чунин савоб медиҳем, чун ин як озмоиши зоҳир аст ва бар ивази писар фидя додем ба ў як гусфанди бузургҷуссаро барои забҳ кардан” Сураи “ Соффот”, ояти 103-107.
Ин буд маънои сухани Паёмбар (с) “Суннати падаратон Иброҳим”. Бояд донист, ки қурбонӣ аз ҷумлаи ибодатҳои молӣ буда, дар Ислом аҳамияти калон дорад. Онро аз ин хотир шиори Ислом мегўянд, ки ҷонварро мутобиқи суннати Иброҳим (а), холис ба номи Худо ва ризои Ў забҳ мекунанд, бар хилофи дигар динҳои олам. Дар Ислом на танҳо қурбонӣ, балки тамоми ибодатҳои мо бояд барои ризои Илоҳӣ бошад, зеро Худованд мефармояд:
“Бигў, ай Муҳаммад (с), ки яқинан намози ман ва ҳамаи ибодати ман ва зиндагиям ва маргам ҳамааш барои Худо аст, ки Парвардигори тамоми оламиён аст!” Сураи “Анъом”, ояти 162
Аз суханҳои зикршуда ба мо аҳамияти ин ибодат маълум мешавад.
Ҳазрати Абуҳурайра(р) мегўяд:Паёмбари Худо (с фармудаанд:)
Шахсе, ки тавонгар бошаду боз ҳам қурбонӣнакунад, ба намозгоҳи (идгоҳи) мо қариб нашавад”. (Ибни Моҷа)
Яъне ҳар шахсе ки бо вуҷуди ба қурбонӣқудрат доштанаш ҳукми шариатро ба ҷо наовараду қурбонӣ накунад, хондани намози ид ба ў фоидае надорад. “Ибни Моҷа” . саҳ 178
Ҳукми қурбонӣ
Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар(р) мефармояд: “Паёмбари Ислом (с) баъд аз ҳиҷрати худ аз Маккаи Мукаррама то муддати даҳ сол дар Мадинаи Мунаввара зиндагӣ ба сар бурданд ва дар ин муддат ҳар сол қурбонӣ мекарданд. Донишмандони Ислом мегўянд, ки ин мудовамати Паёмбар (с) далели равшани воҷиб будани қурбонӣ бар ҳар соҳибқудрат дар кадом шаҳре ки бошад, ҳаст. “Тирмизӣ”, Китобу-л-азоҳи ҳадиси 1507.
Қурбонӣ бар кӣ воҷиб мешавад?
1.Қурбонӣ бар ҳар шахси мусулмони оқил, болиғ, муқим воҷиб мешавад. Ҳар вақт он қадар сарват дошта бошад, ки закот бар ў воҷиб шавад, фарқе надорад, ки он сарват пули нақд бошад, ё зару зевар, ё моли тиҷорат, ё макони зиёдатӣ, ки дар он зиндагӣ намекунад. “Радду- л - мухтор” ҷ 6,саҳ. 312; “Фатвои ҳиндия” ҷ.5, саҳ. 292:
2. Он моле, ки қурбонӣ бар он воҷиб мешавад, шарт нест, ки дар он мол сол гузарад, ё нумўъ кунад, ҳамчуноне , ки дар моли закот шарт аст.
Рўзҳои қурбонӣ
1.Қурбонӣ аз ҷумлаи он ибодатҳоест, ки дар рўзҳои муайян адо карда мешавад.Яъне 10,11,12-уми моҳи Зулҳиҷҷа,ба ғайр аз ин рўзҳо ин ибодати бузург адо намешавад. (“Радду-л-ммухтор”ҷ 6,саҳ. 320; “Бадоеъ-ус-саноеъ”, ҷ.5, саҳ. 68:)
2.Албатта, дар рузҳои муайяншуда дар кадом рўзе, ки қурбонӣ кард, адо меёбад, дар рўзҳои10-11- ум рўзҳо бо сабабе ҷонварро рўзона забҳ карда натавонист, онро шабона забҳ какрдан ҷоиз аст. Агарчӣ беҳтар аст забҳи мол рўзона адо карда шавад. “Баҳру-р-роиқ”, ҷ 8, саҳ 176; “Фатвои ҳиндия”, ҷ.5, саҳ. 295:
3.Шахсе, ки ба ў қурбонӣ воҷиб буд ва ба сабаби ғафлат дар ин рузҳо қурбонӣ накард, ба ў лозим аст, ки қимати моли қурбониро ба мўҳтоҷону тангдастон садақа диҳад. Бояд донист, ки агар шахсе дар рўзҳои қурбонӣба ҷойи куштани ҷонвар қимати онро садақа кунад, қурбонияш адо намешавад. Ҳамчуноне, ки ба рўза гирифтан намоз адо намеёбад ва ба ҳаҷ кардан закот соқит намешавад.
4.Агар ба зиммаи шахсе аз соли гузашта қурбонӣ мондааст ва ҳоло мехоҳад онро адо кунад, ўро мебояд ивази ҳар ҷонвар қимати онро садақа кунад. “Фатвои ҳиндия”, ҷ.5, саҳ. 294: “Радду-л-ммухтор”ҷ 6,саҳ. 312;
5.Шахсе ки бо нияти қурбонӣ ҷонварро харид, вале ба тақдири илоҳӣ дар айёми қурбонӣ аз олам даргузашт. Дар ин сурат ба назар гирифта мешавад, ки шахси фавтида нодор аст ва ё молдор. Агар шахси фавтида нодор бошад, пас ба гардани ворисонаш лозим (воҷиб) аст,, ки молро аз номи ў забҳ кунанд. Ва агар молдор бошад, беҳтар аст, ки ворисонаш аз номит ў молро забҳ кунанд, вале воҷиб нест. “Фатвои ҳиндия”, ҷ.5, саҳ. 297; бобиҳорум; “Баҳру-р-роиқ”, ҷ. 8, саҳ. 197;
6. Агар бо сабабе рўзи якуми ид, намози идро барпо накарданд дар ин сурат қурбониро бояд баъд аз заволи офтоб ба ҷо биёранд, аммо рўзи дуввум ва сеюм пеш аз завол низ дуруст аст. «Фатвои ҳиндия»,ҷ.5,саҳ.297; боби чаҳорум; «Баҳру-р-роиқ» ҷ.8,саҳ.197;
Вақти қурбонӣ
1.Дар он шаҳр ва деҳаҳое, ки намози ҷумъа ва намози ид мехонанд, пеш аз намози ид қурбонӣ дуруст нест. Агар шахсе пеш аз намоз молро забҳ кард, ду бора қурбони кардан бар ў лозим аст. Албатта, дар деҳаҳои хурд, ки намози ҷумъа ва ид барпо намешавад, баъди субҳи содиқ қурбонӣ кардан дуруст аст, яъне пеш аз намози ид. «Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ.318; «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ 295;
2.Агар шахсе дар шаҳр зиндагӣ карда, молро ба нияти қурбонӣ харида, аз барои қурбони ба деҳае, ки дар онҷо намози ид барпо намешавад, фиристад, дар ин сурат метавонад, ки ҷонварашро пеш аз намоз, баъди субҳи содиқ, забҳ кунад. Агар соҳиби мол дар шаҳр монад, метавонад вакилаш пеш аз намози ид забҳи моли қурбониро ба ҷо орад. «Баҳру-р- роиқ, ҷ.8, саҳ:175; «Фатвои шомӣ», ҷ.6, саҳ:318;
3.Агар шахси қурбоникунанда берун аз мулки худ бошад вахаҳад молро дар мулки аҷдодиаш забҳ кунад, дар ин сурат қурбоникунанда ва ҷонвар ҳар ду ба назар гирифта мешаванд. Яъне мол дар ҳамон рўзе қурбонӣ карда мешавад, ки ид байни қурбоникунанда ва макони қурбонӣ муштарак бошад. Ба монанди шахсе, ки дар русия кору фаъолият карда, мехоҳад, ки қурбонияш дар Тоҷикистон ба ҷо оварда шавад. Умуман, дар Русия як рўз пеш иди Курбонро ҷашн мегиранд ва дар Тоҷикистон як рўз баъд. Дар ин сурат дар Тоҷикистон рўзи муштарак 1-2 рӯзи ид аст. Бояд дар ин рўзҳо молро забҳ кунанд, вагарна дар рўзи 3-юм қурбонияш дуруст намешавад, зеро дар Русия ид анҷом ёфтааст. «Бадоеъ-ус саноеъ», ҷ 5, саҳ 73;
Ҷонвари қурбонӣ
Буз, гусфанд аз тарафи як нафар қурбони карда мешавад, гов ва шутур аз тарафи 7- нафар, ба шарте, ки ҳама ба нияти қурбонӣ ва ризои Худо бошанд. «Фатвои шомӣ», «Фатвои ҳиндия», «Бадоеъ-ус-саноеъ», ҷ.5, саҳ 70;
Зарур нест, ки дар як моли калон ҳафт нафар шарик шаванд. Бархе аз мардум гумон доранд, ки агар дар як ҷонвари калон аз ҳафт нафар кам шарик шаванд қурбониашон дуруст намешавад, ин фикри ғалат аст. Ду ё се нафар якҷо шуда, дар як моли калон ҳиссагузорӣ кунанд, дуруст аст. Як нафар низ метавонад аз тарафи худ як моли калонро қурбонӣ кунад. Дар ин сурат, савоби бештар мегирад. «Бадоеъ», ҷ. 5, саҳ.70;
Агар шахси қурбоникунанда дар ҷойе истиқомат мекунад, ки дар он ҷо фақиру бенавоён бисёранд, дар ин сурат, метавонад ба қадри тавоноияш моли калон ва фарбеҳро қурбонӣ кунад.
Агар инчунин набошад, пас беҳтар аст, ки молеро интихоб кунад, ки гўшти умда ва лазиз дошта бошад. Ба ҳар ҳол, ҷонвари калон ва фарбеҳро қурбонӣ кардан мустаҳаб аст. « Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ.232; «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ 299;
Синну соли ҷонвари қурбонӣ
Синну соли ҷонвари қурбониро низ дар шариат ба назар гирифтаанд. Масалан, буз, гўсфан ҳар навъе, ки бошад, як сола будани он лозим аст ва агар гўсфанде, ки аз шашмоҳа боло бошад, валекин аз фарбеҳӣ як сола намояд, қурбонӣ кардани он дуруст аст. Гов бояд дусола ва шутур панҷсола бошад. «Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ.232; «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ 295;
Солим будани ҷонвар
Ҳамчунноне, ки аз гуфтаҳои боло маълум шуд, қурбонӣ ибодате аст, ки бояд холисона аз барои ризои Худованд анҷом дода шавад. Аз ҳамин хотир, шариат солим будани молро аз ҳар айб эътибор кардааст. «Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ. 323; «Бадоеъ-ус-саноеъ», ҷ.5, саҳ 7;
1.Пас, агар моли қурбонӣ якчашма ё тамоман кўр бошад, қурбониаш дуруст нест. Инчунин қурбонии ҷонвари кар, шал ва беморе, ки то ҷои қурбонӣ намерасад, дуруст нест. «Бадоеъ-ус-саноеъ», ҷ.5, саҳ 75; «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ 297;
2.Агар шохи ҷонвари қурбонӣ аз бехаш шикаста бошад, қурбониаш дуруст нест. Аммо агар аз пайдоиш шох надошта бошад ва ё шохаш на аз бехаш шикаста бошад, қурбонӣ карданиин гуна ҷонвар дуруст аст. «Баҳру-р- роиқ, ҷ.8, саҳ:176; «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ 297. Ва инчунин дар «Бадоеъ-ус-саноеъ».
3.Агар ҷонвари қурбонӣ аз пайдоиш гўш надошта бошад ва ё бештари он бурида бошад, қурбониаш дуруст нест.
4.Агар ҷонвари қурбонӣ касалии хориш дошта бошад, қурбонии ин гуна ҷонвар ҷоиз аст, вале агар бо сабаби ин бемориаш беҳад беҳол шуда бошад ва ё ин ки зарари хориш аз пўст ба гўшт расида бошад, ин гуна молро қурбонӣ кардан дуруст нест. «Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ.323; «Баҳру- р - роиқ, ҷ.6, саҳ:176;
5.Агар ҷонвари қурбонӣ аз таввалуд дум надошта бошад қурбониаш дуруст нест. Ҷонваре,ки дум дорад,аммо аз нисф зиёдаш бурида шудааст, низ чунин ҳукмро дорад. Дар ин масъала гўсфанд ҳеҷ эътиборе надорад. «Баҳру-р- роиқ, ҷ.6, саҳ:176.;
6.Ҷонвари ахташударо қурбонӣ кардан дуруст аст. Аз Паёмбар (с) собит аст, ки Чонвари ахташударо забҳ кардааст. Аз ин хотир , моли ахташуда айбе нест, ки монеи қурбондӣ шавад. «Ибни Моҷа» ҳадиси (3122)
7.Агар молеро ба нияти фарбеҳшавӣ ва ё ягон манфияти дигар ахта кунад,ҷоиз аст, аммо бе ягон мақсад ва манфиат ин корро кардан ҳаром аст. « Фатвои шомӣ», боби «Ҳазар ва ибоҳа» ҷ.6, саҳ.38;. «Фатвои ҳиндия», (Китобу-л-кароҳия).
8.Агар шахсе аз барои қурбонӣ ҷонваре харид ва баъд маълум шуд, ки он мол дуздӣ аст, дар ин сурат қурбонии ин гуна ҷонвар дуруст нест. Агар баъд аз забҳ кардан маълум шавад, то вақте, ки соҳибаш иҷозат надод, хўрданаш дуруст нест. «Бадоеъ-ус-саноеъ», ҷ.5, саҳ 76; «Фатвои Шомӣ», ҷ.6, саҳ 323;
9.Ҷонвари девонаро қурбонӣ кардан дуруст аст, магар ин, ки девонагияш то ҳадде бошад,ки алаф чарида натавонад, дар ин сурат дуруст нест. «Баҳру-р- роиқ, ҷ.8, саҳ:176.; «Фатвои Шомӣ», ҷ.6, саҳ 323;
10.Агар шахсе ҷонвари солим ва беайбро ба нияти қурбонӣ харид, вале пеш аз қурбонӣ ё вақти забҳ кардан кўр ё шал шуд, пас агар қурбоникунанда молдор (сарватманд) бошад , аз сари нав моли солим харида қурбонӣ кунад. Агар фақир бошад, ҳамон молро қурбонӣ мекунад. «Фатвои Шомӣ», ҷ.6, саҳ 207; «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ 299.
Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ Исоев Н.